Меъёрҳои издивоҷи муваффақ чист?

116

Ҷавонон бояд бихонанд

Барои он ки издивоҷи муваффақ ва хонаводаи хушбахтеро ташкил диҳем, кадом меъёрҳоро ва қавонинро дар зиндагӣ риоят кунем?

Оё медонед меъёрҳои издивоҷи муваффақ чист?

Интихоби ҳамсар аз муҳимтарин масоилест, ки ҳар фард дар зиндагӣ бо он рӯбарӯ мешавад; чаро ки тамоми раванди зиндагиро тағйир медиҳад ва интихоби сарнавиштсозе аст.

Омодагӣ барои издивоҷ ва огоҳӣ аз меъёрҳои издивоҷи муваффақ нақши таъйинкунандае дар хушбахтии зану шавҳар ва доштани робитаи пойдор дорад.

Духтару писари ҷавон пеш аз он ки тасмим ба издивоҷ мегиранд, бояд аз омодагии худ ва ҳамсари ояндаи худ огоҳ бошад.

Дар ин навишта қасд дорем, меъёрҳои издивоҷи муваффақ ва омодагӣ барои издивоҷро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

***

Меъёрҳои издивоҷи муваффақ

Самимият байни зану шавҳар, эҳтиром ба ҳамсар, шод будан дар канори ҳам ва ғайра, ҳамагӣ аз нишонаҳои издивоҷи хубу муваффақ ҳастанд. Аммо барои расидан ба он, ниёз ба огоҳии комилтаре ҳастед. Ба ҳамин манзур дар идома, меъёрҳоеро барои зиндагии хубу хушбахтона мушаххас кардаем, ки ба шаҳри зер аст:

1 – Таҷриба ва дарки афкор аз зиндагӣ

Яке аз меъёрҳои издивоҷи муваффақ доштани таҷриба ва тарки боло аст. Касоне, ки бо сахтиҳои зиндагӣ, ба шеваи маъқул рӯбарӯ мешаванд ва бо шароити душвор созгориҳои беҳтаре аз худ нишон медиҳаднд. Омодагии бештаре барои издивоҷ хоҳанд дошт.

Аз он ки пухтагӣ ва истиқлоли афрод бо синни оонон робитаи мустақиме дорад, дар синини поин эҳтимоли талоқ ва ҷудоии зану шавҳар аз якдигар бештар аст. Ҳатто гоҳе ин дарк боис мешавад, то фард бо гузаштаи ҳамсараш ба таври мантиқӣ канор биёяд.

2 – Доштани иззати нафси боло

Агар шумо натавонед худатонро дӯст дошта бошед, наметавонед дигаронро ҳам дӯст бидоред ва ба онҳо ишқ биварзед. Доштани иззати нафси боло аз меъёрҳои издивоҷи муваффақ ва хубу хушбахтона аст ва ба шумо кӯмак мекунад то зиндагии муштараки муваффақе дошта бошед. Дар ҳақиқат, иззати нафси боло робитаи мустақиме бо муваффақият дар издивоҷ дорад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.