Иқдоме сода, ки коронаро дар фасли сармо аз шумо дур мекунад

Коршиносон тавсия мекунанд, рӯзона чандин бор ҳавои хонаи худро тоза кунед, зеро диоксиди карбон ва анвои бӯйҳо метавонанд боиси рутубат ва дар натиҷа эҷоди капак шаванд.

135

Анҷумани марказии машоғили электронӣ ва фанноварии иттилоот бо баёни ин ки таҳвияи муносибу муназзами хона ба муҳофизат дар баробари пондемияи корона кумак мекунад, баён дошт: “Ин мавзуъ бояд дар фасли сармову зимистон бисёр мавриди тавваҷуҳ қарор гирад”.

Коршиносони олмонӣ тавзеҳ додаанд, ки метавон аз дастгоҳе барои андозагирии мизони диоксиди карбони мавҷуд дар ҳаво, яъне ҳавои боздам истифода кард, зеро ин дастгоҳ ҳангоме, ки мизони диоксид аз ҳадди муҷоз убур кунад, ҳушдорҳои рангиро рӯйи сафҳаи худ нишон медиҳад.

Равиши муассири боз кардани панҷараҳо

Барои тоза кардани комили ҳавои хона, панҷараҳо бояд барои чанд дақиқа боз шаванд. Тавваҷуҳ дошта бошед, ки таҳвия бар асоси ҷараёни ҳаво дар фосилаи муназзам таъсиру короии бештаре нисбат ба боз будани қисмате аз панҷара ба тавр мудовим дорад. Мутахассисони олмонӣ тавсия мекунанд, агар имкони таҳвияи муназзаму фишурдаи утоқҳо вуҷуд надорад, илова бар сенсорҳои диоксиди карбон, системаи таҳвия бо филтери ҳавои махсус низ насб шавад.

Ба маҳзи ин ки дастгоҳҳои санҷиши диоксиди карбон ташхис диҳанд, ки мизони диоксиди карбон дар ҳаво беш аз миқдори муайян аст, системаи таҳвияро фаъол ва ҳавои зоиди хонаро дафъ мекунад ва ҳамзамон иҷозаи вуруди ҳавои тозаро медиҳад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.