Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигзорам? (Қисмати севвум)

83
  1. Хати муаяншудаи алоқаҳоро нашиканед

Бояд барои касе, ки дӯсташ доред эҳтиром қоил бошед; эҳтиром қоил шудан ба як каси дорандаи эҳтиром ба хати муаяншудаи рафтроии ӯ низ мешавад. Шояд майл надошта бошад, ки баъзе аз василаҳои шахсияшро бо таври муштарак истифода кунад. Агар ҳамсаратон намехоҳад аз гузаштааш суҳбат кунад, беҳтар аст дар шароити муносиб, далели ин қазияро бипурсед. Дар кулли ин вазъият муаддаб будан ва эҷоди оромиш дар замони суҳбат кардан набояд фаромӯш шавад.

  1. Ба ӯ дурӯғ нагӯед

Дурӯғгуӣ сабаби аз байн рафтани эҳтиром дар алоқа мешавад. Замоне аз як фард дар дигараш низ зери хати шак меравад. Хотир дошта бошед, ки дурӯғгӯӣ яке аз муҳимтарин хати муаяни тамоми робитаҳои зану шавҳарӣ аст ва шикастани он, ба маънои ҳаркат ба самти нобудии як алоқаи муҳтарамона ва пойдор мебошад. Аҳмаияти садоқат дар алоқа шояд бештар аз он чизе аст, ки фикр мекунед.

  1. Тавоноии мудрияти хашмро биомӯзед

Беэҳтиромӣ ба ҳамсар ба сурати таъна ва киноя, дод задан,  бе маҳалӣ кардан ва ё анҷоми ҳар гуна хушунати хонагӣ нишондиҳандаи нотовонии фард дар мудирияти асабоният ё ҳамон ҳаяҷони хашм аст дар ҳангоми асабоният, инсон контроли каме рӯи рафтори худ доранд ва дар ин шароити эҳтимоли беэҳтиромӣ кардан афзоиш пайдо мекунад. Талош кунед то ҳангоми асабоният пеш аз авҷ грифтан ҳаяҷонатон ба гуфтугӯ хотима диҳед ва фурсате дар ихтиёри худатон бигузоред. Анҷоми амалҳои монанди тарк кардани маҳал, кашидани чанд нафаси амиқ ва тлош барои ба ҳамзадани ҳавос аз тариқи равишҳое мисли ҳамом кардан ё пардохтан ба як фаъолияти мавриди алоқа, ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳангоми асабонияти кори номуносибе анҷом надиҳед ва эҳтироми ҳамсаратонро нигаҳ доред.

  1. Арзишҳои шахсии ҳамсаратонро бишносед

Фарқиятҳои фардӣ миёни инсонҳо сабаб мешавад ҳар касе ба баъзе чизҳо ҳасос бошад ва хатҳои муаянро махсуси барои худ дошта бошад. Дар натиҷа бисёр аҳмаият дорад, ки арзишҳои шахсии ҳамсаратонро бишносед аз чизҳое, ки ӯро озурда мекунад, дурӣ кунед. Бисёре аз мавқеиятҳо инсон рафторҳое анҷом медиҳанд, ки аз назари худашон бе эҳтиромӣ ба ҳисоб намешавад, аммо шахси муқобил бардошти бисёр манфӣ аз он дорад. Ин фарқият бардоштҳо дар идома метавонад тафоҳумҳои бадеро доман зада ва ба ихтилофҳои ҷиддӣ биянҷомад.

Идома дорад…

Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигузорам? (Қисмати аввал)

Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигузорам? (Қисмати дуввум)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.