Дахолати атрофиён дар зиндагии зану шавҳар

74

Қисмати аввал

Чаро ва ба чӣ далелҳое, атрофиён ба зиндагии зану шавҳари ҷавон дахолат мекунанд?

Дахолати падару модар ва атрофиён чӣ мушкилоте барои завҷҳои ҷавон пеш меорад?

Агар ин дахолатҳо боиси эҷоди мушкил мешавад, бузургтарҳо чӣ гуна ва ба чӣ равише, ҷавононро иршоду роҳнамоӣ кунанд?

Дахолати атрофиён дар зиндагии зану шавҳар ва чигунагии аксуламалҳо бо он, яке аз масоилест, ки завҷҳои ҷавон дар ибтидои зиндагӣ рӯбарӯ мешаванд ва албатта яке аз авомили муҳим дар ихтилофоти байни завҷҳои ҷавон низ, ҳамин дахолатҳои беҷо аст.

Агарчӣ маъмулан падару модарҳо ва атрофиён гумон мекунанд, ки дахолатҳо бо нияти хайрхоҳӣ сурат мегирад, вале аксаран таъсироти манфӣ бар равобит мегузорад ва мумкин аст, ҳатто ба талоқи завҷайн ҳам бирасонад.

Ихтилоф ва даргирии байни хонаводаҳо, фош кардани асрори зиндагии занушавҳарӣ, адами ошноии завҷи ҷавон бо маҳоратҳои мудирияти зиндагӣ, вобастагиҳои беш аз ҳадди отифӣ ба волидайн, надоштани истиқлоли молӣ ва ғайра аз муҳимтарин далоили дахолати атрофиён дар зиндагии зану шавҳари ҷавон ба шумор меравад.

Дар ин навиштор, масъалаи дахолати атрофиён дар зиндагии завҷайн, паёмадҳо ва роҳи ҳалҳо барои муқобила бо он ироа мешавад.

***

Дахолати атрофиён дар зиндагии зану шавҳар

Аз муҳимтарин далоили дахолати волидайн ва атрофиён дар зиндагии зану шавҳари ҷавон, метавон ба мавориди зер ишора намуд:

1 – Адами итминони волидайн ба омодагии фарзандашон барои шурӯи як зиндагии муштарак

2 – Фош кардани асрор ва мушкилоти зиндагии муштарак, (аз тарафи зан ё шавҳар), барои атрофиён ва дӯстон

3 – Вуҷуди мушкилоти шахсиятӣ дар завҷайн ва адами тавоноӣ дар тасмимгирӣ

4 – Омода набудани ҷавонон барои издивоҷ

5 – Ихтилоф ва даргирӣ байни хонаводаҳо

Дар идома, ба ҳар як аз мабоҳиси боло ба таври муфассал пардохта мешавад:

1 – Адами итминони волидайн ба омодагии фарзандонашон барои шурӯи як зиндагии муштарак

Гоҳе падару модарҳо дар фарзандонашон омодагии лозим барои ташкили хонавода ва зиндагии муштараки занушавҳариро намебинанд.

Нақши хонавода дар издивоҷ, дар ибтидои издивоҷи фарзандон бисёр муҳим аст. Ба хусус дар шароите, ки шахс, аз назари иқтисодӣ ба хонаводаи худ вобаста бошад. Волидайн мехоҳанд натиҷаи як умр талош ва таҷрибаи худро дар мавриди чигунагии зиндагӣ, чигунагии муошират ва иртибот бо ҳамсар, чигунагии сарфаҷӯӣ дар ҳазинаҳо ва хароҷот ва масоили дигар, ба фарзанди худ мунтақил кунанд. Аз тарафе низ ҳаққи худ медонанд, ки дар сарнавишти фарзандашон саҳме дошта бошанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.