Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигзорам? (Қисмати чаҳорум)

156
  1. эҳтиром гузоштан ба алоқамандиҳои якдигарро фаромӯш накунед

Гоҳе вақтҳо инсонҳо фикр мекунанд эҳтиромгузоштан танҳо ба маънои муаддабона аст, ки эҳтиромгузоштан метавонад гуруҳи васее аз рафторҳоро дар бар гирад ва аз ҷумала рафторҳои муҳиме, ки ба шахси муқобил нишон медиҳад барои ӯ эҳтиром қоил ҳастед, арзиш қоил шудан барои алоқамандиҳои ӯст. Масхара кардан, сарзаниш кардан ё кам аҳамият шуморидани алоқамандиҳои ҳамсар, таъсири бисёр манфӣ рӯи ӯ гузошта ва то ҳади зиёде ниёзи ӯро ба дарёфти эҳтиром бо шикаст рӯ ба рӯ месозад.

  1. Ҳамсаратонро ҳамон тавре ки ҳаст қабул кунед

Баъзе афрод доиман дар зиндагии муштарак талош мекунанд то фарди муқобилро мутобиқ бо хостаҳои худ тағйир диҳанд. Ин кор эътимод ба нафси ҳамсаратонро ҳадаф қарор дода ва ба ӯ нишон медиҳад, ки ӯро он тавре, ки ҳаст қабул намекунед ва барои шахсияташ эҳтиром қоил нестед.

  1. Дар баробари алоқаи худ масъул бошед

Дар иртибот бо ҳамсар, дар баробари ҳар чизе, ки оромиши робитаатонро ба ҳам мерезад, эҳсоси масъулият дошта бошед ва барои аз байн бурдани он талош кунед. Ин масъала сабаб мешавад, ки нисбат ба ҳасосиятҳои гуногуни ҳамсари худ ҳушёртар буда ва ин ҳасосиятҳоро бештар бишносед. Коршиносони хонавода муътақиданд зану шавҳаре, ки шинохти бештаре аз якдигар доранд беҳтар метавонанд эҳсосоти якдигарро дарк кунанд ва ба арзишҳои ҳамдигар эҳтиром бигузоранд.

Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигузорам? (Қисмати аввал)

Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигузорам? (Қисмати дуввум)

Чӣ гуна ҳамеша ба ҳамсарам эҳтиром бигзорам? (Қисмати севвум)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.