Нақши падару модар дар таҳсилоти фарзанд

75

Аҳамияти нақши волидайн дар таҳсилоти фарзандон то чӣ ҳад аст?

Чӣ кор кунем, ки фарзандамон дар таҳсилоташ пешрафт дошта бошад?

Нақши волидайн дар таҳсил ба андозаест, ки метавонад масири зиндагии ҳар кӯдакро мушаххас кунад ва роҳи ояндаи ӯро рӯшан намояд.

Волидайн бо сабки тарбиятӣ, рафтор, иртиботот ва нигаришу дидгоҳи хеш, ба фарзандонашон ёд медиҳанд, ки чӣ чизе барои зиндагӣ лозим ва чӣ чизе музир аст.

Ин падару модар ҳастанд, ки имконот ва шароитро ба наҳве эҷод мекунанд, ки кӯдакон фурсати пешрафт дар заминаҳои мухталифи зиндагиро дошта бошанд.

Аммо гоҳе тасмимоти онҳо бар асоси меъёрҳои номуносиб буда ва бо вуҷуди талошҳояшон наметавонанд ояндаи хубе барои фарзанди худ рақам юизананд.ба ҳамин далел, кӯмак гирифтан аз мутахассис ва афроди ботаҷриба ва мушовири таҳсилӣ дар тамоми заминаҳо тавсия мешавад.

***

Оё таҳсил беҳтарин ҳадаф барои фарзандон аст?

Хонаводаҳои имрӯзӣ, нисбат ба наслҳои гузашта ҳассосияти бисёр бештаре нисбат ба таҳсил ва муваффақияти таҳсилии фарзандонашон доранд.

Хонаводаҳое, ки фарзандони дарсхон ва боистеъдод доранд, бо фароҳам овардани тамоми шароит, онҳоро дар як муҳити баста қарор медиҳанд ва аз таҷрибаҳои кӯдакӣ ва навҷавонӣ дур мекунанд. Аз тарафи дигар, хонаводаҳое, ки хонаводаҳое, ки фарзандон6и дарснахон ва беалоқа нисбат ба дарс доранд, бо сарфи маблағҳои омӯзиш ва ҳатто танбеҳу фишор, фарзандонашонро маҷбур ба дарс хондан мекунанд.

Таҳсил ва муваффақияти таҳсилӣ дар нигоҳи аввал зебо ва мусбат ба назар мерасад, аммо ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки агар гароиши тамоми кӯдакон ва навҷавонон ба таҳсил дар беҳтарин сатҳ ва адами таваҷҷӯҳ ба адами алоқаҳои кӯдакон, таъсироти бисёр манфӣ бар саломати руҳӣ ва ҷисмии фарзандон ва ҳатто иқтисоди кишвар мегузорад.

Пас ба ин натиҷа мерасем, ки волидайн барои муваффақияти таҳсили ӯ таваҷҷӯҳ кунанд. Дар ғайри ин сурат, ҳатто агар кӯдак ба болотарин дараҷоти илмӣ ҳам бирасад, хушҳол нахоҳад буд.

***

Нақши падару модар дар гароиши таҳсилии фарзандон

Падару модарон аввалин муаллимони кӯдакон буда ва нақши муҳимме дар шакл додан ба шахсияти фарзанди худ доранд. Бинобар ин, аслитарин нақшро низ дар гароиши кӯдак ба таҳсил, муваффақияти таҳсилӣ ва ҳатто адами гароиши кӯдак ба таҳсил анҷом медиҳанд.

Дар идома нукоте, ки падару модарон метавонанд барои эҷоди ангезаи дарс хондан ва муваффақияти таҳсилӣ анҷом диҳанд, ба таври хулоса баён мешавад.

1 – Тарбияти фарзанд аз кӯдакӣ

2 – Танбеҳ ва подош

3 – Ҳамроҳи кӯдак бошед

4 – Фаъолияти ӯкдакро назорат кунед

5 – Ба кӯдак фишор наоваред

6 – Муҳимтарин масъала таҳсили кӯдак аст

7 – Кӯдак бояд бачагӣ кунад

Дар навиштаҳои баъдӣ, тафсилоти матолиби боло ироа хоҳад шуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.