Кор ва коргарӣ

114

Худованд аз мардум, умрон ва ободии заминро хоста, ки бе кор ва талош намешавад.
Дар сарсари Қуръон бар амали солеҳ, ки дорои маънои бисёр густардае аст, такя шуда аст.
Анбиёи илоҳӣ кишоварз, чупон, дузанда ва дуредгар будаанд.
Кор дар Ислом ибодат ва ба манзалаи ҷиҳод аст.
Дуои бекор мустаҷоб намешавад.
Кор василаи тарбияти ҷисм ва руҳ, пур кардани айёми фароғат, монеи фасод ва фитна, омили рушд, нубуғ ва ибтикор, тавсеаи иқтисодӣ, иззат ва худкифоӣ ва кӯмак ба дигарон мебошад.
Қуръони карим мефармояд: Мо заминро барои шумо қарор додем. Пас аз пушти он боло равед ва аз ризқи он бихуред.
Ислом барои кор, эҳтироми хоссе қоил шуда аст ва риояти ҳаққи коргар ва ба даст овардани ризои ӯ ва пардохти ба мавқеи музди ӯ ва бештар аз миқдори таъйиншуда пардохт кардан ва эҳтиром ба ӯ, ҳама ва ҳама мавриди суфориши Ислом аст. Ҳамон гуна ки барои кишоварзӣ суфориш карда, то он ҷо ки сероб кардани дарахт, подоши сероб кардани мӯъмин дорад.
Ҳазрати Алӣ(к) ба волиаш суфориш мекунад, ки ба кишоварзон ситам нашавад ва дар гирифтани молиёт ва андоз ҳоли онҳоро риоят бикунад.
Корҳои фикрӣ низ аз арзиши болое бархурдор аст, то он ҷо ки як соат фикри муфид аз соатҳо ибодат беҳтар аст.
Камкорӣ ва саҳлангорӣ дар кор, танқид шудааст, то он ҷо ки Расули Худо(с) фармуд: Худованд дӯст дорад ҳар касе, ки коре анҷом медиҳад онро ба беҳтарин навъ анҷом диҳад.
Қуръони Карим мефармояд: Ҳар гоҳ аз кори муҳимме фориғ шудӣ ба кори муҳимми дигаре бипардоз. «فاذا فَرَغتَ فَانصَب»
Бинобар ин бекорӣ мамнӯъ аст.
Оре, бекорӣ мояи хастагӣ, танбалӣ ва фарсудагӣ аст ва фурсате барои нуфузи Шайтон, эҷоди фитна ва густариши гуноҳ мебошад.
Албатта Ислом барои кор, соат ва андоза таъйин карда ва ба касоне, ки дар айёми таътил кор мекунанд, лақаби зиёдарав дода аст.
Имом Ризо (а) фармуд: Мӯъмин бояд соатҳои худро ба чаҳор бахш тақсим кунад: Соате барои кор, соате барои ибодат, соате барои лаззат ва соате барои дӯстон ва анҷоми умури иҷтимоӣ, ки дар ғайри ин сурат инсон ба сурати унсури ҳарис даромада ва мавриди тамоми интиқодҳое, ки дар бораи ҳарис аст қарор мегирад.
Ислом беш аз миқдори кор, таваҷҷӯҳи хоссе ба сифати кор дорад.
Ба ҳар ҳол Ислом ба кор аҳамият дода, то он ҷо ки дар ҳадис мехонем: Худованд бандаи пурхоб ва инсони бекорро дӯст надорад.
Имом Боқир(а) фармуд: Касе, ки дар кори дунёяш танбал бошад, дар кори охираташ танбалтар аст.
Дар ҳадис мехонем: Шахси фақир ва бекоре назди Паёмбар(с) омад ва дархости кӯмак кард. Ҳазрат фармуд: Оё касе дар манзилаш табаре дорад? Як нафар гуфт: Бале. Ӯ табарро овард. Паёмбар(с) бо чубе, ки дар канораш буд дастааш кард ва ба шахси бекор доду фармуд: Ин абзори кор, аммо талош бо худат.
Аз ин ҳаракат чанд нукта истифода мешавад:
– Анбиё дар фикри зиндагии мардум низ ҳастанд.
– Заифтарин фарди ҷомеа метавонад бо шахси аввали ҷомеа мулоқот кунад.
– Ҷомеа ниёз ба таовун ва ҳамкорӣ дорад. Табар аз як нафар ва чуби он аз дигарӣ, ҳамоҳангӣ ва созандагӣ ва табарсозӣ аз шахси Паёмбар(с).
– Барои мубориза бо фақр бояд абзори тавлидро дар ихтиёри неруҳои фаъоли ҷомеа қарор дод.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.