Вазоифи зан нисбат ба шавҳар

70

Вазоифи зан нисбат ба шавҳар

1 – Тамкин нисбат ба шавҳар

Тамкин нисбат ба шавҳар ба ин маъност, ки зан битавонад бинобар интизороти урф ва омодагии ҷисмӣ ва руҳии хеш, ниёзҳои ҷинсии мардро бароварда кунад.

Дар сурате ки зан узри шаърӣ дошта бошад, анҷоми ин вазифа аз дӯши ӯ бардошта мешавад.

2 – Табаият аз ҳамсар

Вазифаи зан дар зиндагии муштарак табаият кардан аст.

Табаият аз шавҳар дар мавриди маҳалли иқомат ва маскан, ҳаққи кор кардан ва навъи иштиғол ва касбу кор. Албатта бисёре аз мардон пеш аз издивоҷ, ин ҳуқуқро ба худи зан вогузор мекунанд.

3 – Пайравӣ аз назари ҳамсар

Дар назар гирифтани ризояти шавҳар дар мавриди берун рафтан аз манзил ва вуруди дигарон ба манзил, дар ҳадди урф, магар ин ки барои анҷоми таклифҳои динӣ, мисли ҳаҷҷи воҷиб ва ё барои анҷоми табобат бошад ва ё мондан дар хона зарари ҷонӣ ё баданӣ ва ё шарофатӣ барои зан дошта бошад.

Танҳо дар ин шароит аст, ки табаият аз назари ҳамсар ҷузъи вазоифи зан дар зиндагии муштарак ба шумор намеравад.

Албатта дар навиштаҳои баъдӣ ба вазифаҳои мард нисбат ба зан ишора хоҳем намуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.