Харҷи хонаводаро чӣ гуна мудирият кунем?

103

Харҷи хонаводаро чӣ гуна мудирият кунем?

Оё мудирияти харҷи хона ба ӯҳдаи шахси хоссест?

Чӣ роҳкорҳое барои сарфаҷӯӣ дар хароҷоти хонавода вуҷуд дорад?

Чӣ гуна пасандоз кунем?

Муҳимтарин нукта дар мавзӯи мудирияти харҷи хонавода ин аст, ки ин кор бар ӯҳдаи шахси хоссе нест ва ҳамаи аъзои хонавода бояд барномарезӣ дошта бошанд, то хароҷотро мудирият кунанд ва пасандоз намоянд.

Барои ин кор, чанд тавсияи муҳим ироа мешавад:

Барномарезӣ кунед

Мизони харҷи як моҳаи худро бинависед, ҳазинаҳои обу барқ ва ҳазинаҳои дигарро дар назар бигиред. Илова бар он, мизони харҷҳои рӯзонаро ба таври миёна ҳисоб кунед то будҷаи моҳонаатонро ҷудо кунед ва канор гузоред.

Барномаҳои семоҳа, як сола ва панҷсолаи худро мушаххас кунед ва бар асоси он, ҳазинаҳои худро мудирият кунед.

Шиносоии заруратҳо ва муҳимтаринҳо

Заруратҳои зиндагиатонро шиносоӣ кунед ва бар асоси он харид кунед.

Агар ниёзе ба биринҷ, гӯшт ё масалан телевизори нав надоред, харид накунед ва бар асоси авлавиятҳо ва заруратҳо барнома бирезед.

Масалан хароҷоти донишгоҳи фарзандатонро ҷузъи заруратҳои зиндагӣ дар назар бигиред ва пеш аз ҳар чизе пули онро канор бигузоред.

Будҷабандӣ кардани даромадҳо

Рӯихати харидҳоро таҳия кунед ва ба ҳисоби миёна, рӯзона миқдоре пул бари харҷ бигузоред.

Ҷамъи хароҷоти моҳонаро пешаки ҳадс бизанед ва барои ҳар як, дар рӯихати ҷудогонае будҷа таъйин кунед. Ин кор ба шумо кӯмак мекунад, то хароҷоти тақрибиатонро бидонед ва бақияи пулатонро пасандоз кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.