Парвариши халлоқият ва истеъдоди кӯдакон

119

Нуктаҳои парвариши халлоқият ва истеъдоди кӯдакон

Роҳҳо ва нукоти парвариши халлоқиятҳои зеҳнии кӯдак

Истеъдодҳои кӯдакамро чӣ гуна шиносоӣ кунам?

Чӣ гуна истеъдодҳои кӯдакамро парвариш диҳам?

Равишҳои зиёде барои парвариши тафаккури халлоқ дар кӯдакон вуҷуд дорад ва хеле аз онҳо вобаста ба хулқ ва тавоноии фарзандатон мебошад. Бинобар ин лозим аст, ки дар ин замина бо равоншиноси кӯдак ва афроди ботаҷриба ва мураббиёни парвариши кӯдак дар иртибот бошед то вижагиҳо ва равишҳои хосси кӯдаки шуморо кашф кунад ва беҳтарин роҳро барои парвариши истеъдод ва халлоқияти ӯ пайдо кунад.

Нуктаҳоеро дар идома зикр мекунем, ки метавонед барои рушди халлоқият ва истеъдодҳои кӯдакатон дар манзил, анҷом диҳед.

1 – Бигзоред кӯдак иштибоҳ кунад

2 – Кӯдакро барои корҳояш ташвиқ кунед

3 – Баъзе вақтҳо бигзоред, кӯдак ҳама чизро баҳам бирезад ва масалан либосҳояшро чиркину хоколуд кунад

4 – Барои фарзандатон сармашқе бошед, барои халлоқият ва навовариҳо (бигзоред як чизеро бо дасти худаш бисозад, як чизи нав, як кори дастии навро худаш дуруст кунад…)

5 – Барои фарзандатон вақт бигзоред

6 – Зеҳни боз ва рӯшан дошта бошед (ба унвони падару модар ва мураббии кӯдак, аввал худамон бояд зеҳнамон боз ва рӯшан бошед)

7 – Аз кӯдакатон саволҳо (дар мавриди ашёи атрофаш, мисли офтоб, дарахтон ва ғайра) бипурсед

8 – Бо тахайюли (хаёлбофӣ) кӯдак ҳамроҳ бошед

9 – Ба кӯдаки худ истиқлол бидиҳед

10 – Ба бозичаҳои кӯдак аҳамият диҳед (аввалан кӯдак бозичаҳои гуногун дошта бошад, сониян агар гаҳ-гоҳе духтарон мошинбозӣ ва писарон лухтакбозӣ ҳам карданд, эроде надорад ва ба рушди зеҳнии онҳо кӯмак мекунад ва ҷои нигаронӣ ҳам нест)

11 – Истифода аз телевизион ва бозиҳои компютериро, барои кӯдакатон коҳиш диҳед

12 – Бигзоред кӯдак дар ҷамъ (ҷамъи ҳамсолонаш) бозӣ кунад

13 – Кӯдакатонро бо кӯдакони дигар муоқиса накунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.