Мудирияти харҷи хона

446

Мудирияти харҷи хона

Чӣ гуна харҷи хонаводаро ба равиши дуруст таъмин кунем?

Гоҳе вақтҳо, афроде ки барои аввалин бор харҷи хонаи худро бар ӯҳда мегиранд, дучори мушкил мешаванд. Мудирияти харҷи хонавода ва маблағҳо ниёзманди риояти нукотест, ки ба шумо кӯмак мекунад, муҳимтаринҳо ва заруритаринҳоро таъйин кунед ва бар асоси он, харҷи зиндагиро таъмин кунед.

1 – Барномарезӣ кунед

Барномарезӣ дар мудирияти харҷи хона ба ин сурат, ки харҷи моҳонаи худро дар баргаре бинависем то мизони хароҷот, маблағи обу барқу сӯзишворӣ ва хароҷоти дигарро дар назар дошта бошем. Илова бар он, мизони харҷҳои рӯзонаро ба ҳисоби миёна бояд дарназар бигирем. Дар идомаи он, барномаҳои семоҳа, як сола ва панҷсолаи худро бо таваҷҷӯҳ ба даромадамон мушаххас намоем.

2 – Шиносоии корҳои муҳимтар ва канор гузоштани харҷи он

Корҳои муҳимтар бояд шиносоӣ кунед ва аввал харҷи онро канор гузоред. Агар ниёзе ба хариди биринҷ, гӯшт, телевизори ҷадид надоред, онҳоро аз рӯихат хат бизанед ва бар асоси заруратҳо барнома бирезед.

3 – Будҷабандӣ кардани маблағҳо

Пешопеш харҷи моҳонаро ҳадс бизанед ва барои ҳар як, дар рӯихати ҷудогона будҷа таъйин кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.