Тарбияти кӯдакони то яксола

73

Тарбияти кӯдаки зери як сол

Тарбияти тавоноиҳои зеҳнии кӯдак

Чӣ тавр тавоноиҳои зеҳнии кӯдакамонро афзоиш диҳем?

Равоншиносони кӯдак мӯътақиданд, ки то пеш аз расидани кӯдак ба яксолагӣ онҳо бештар ҷазби ашё ва тасвирҳое мешаванд, ки дорои танаввӯъ ва рангорангӣ ва печидагиҳои мушаххасе бошад. Ба ҳамин хотир, дар тарбияти маҳоратҳои зеҳнии кӯдак, беҳтар аст аз ашёи гуногун ва рангоранг истифода кунед.

Барои мисол, агар дар ҳоли сӯҳбат ё навохтани мусиқӣ барои кӯдаки худ ҳастед, беҳтар аст то ҳадди мумкин аз ритмҳои якнавохт истифода накунед ва ҳамин тавр аз бозичаҳо ва васоиле истифода кунед, ки беш аз як ранг дар онҳо ба кор рафта ва дорои ашколи гуногун ҳастанд.

Ҳамчунин то ҳадди мумкин муҳити вайро аз василаҳои рангоранги мухталиф ғанӣ кунед. Ба мизоне, ки шумо фарзандатонро бо мавзӯоти мухталифу гуногуне ошно кунед, қудрати таваҷҷӯҳ дар вай афзоиш пайдо мекунад. Албатта мебоист ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки сатҳи муҳаррикҳо ва ашёи рангоранг ва мизони онҳо бояд бо тавоноиҳо ва ниёзҳои рушдии кӯдак мутаносиб бошад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.