Ростгӯӣ ва садоқати кӯдакон

229

Ростгӯӣ ва садоқати кӯдакон

Чӣ гуна фарзандамро ростгӯву босадоқат тарбият кунам?

Барои фарзандон, падару модар улгу ва сармашқи зиндагӣ ҳастанд. Кӯдакон арзишҳои моддию маънавӣ, хубу бадҳо ва бояду набоядҳоро асосан аз падару модарашон ёд мегиранд.

Яке аз арзишҳои муҳимми зиндагӣ садоқату ростгӯист. Падару модар барои он ки фарзандашон як инсони босадоқату ростгӯву росткирдор ба бор ояд, бояд аз худашон оғоз намоянд.

Бдинобар ин, падару модарон, на танҳо дар калимот, балки дар сабки зиндагӣ низ, бояд улгу ва сармашқи муносибе барои кӯдаки худ бошанд.

Намешавад, ки мо худамон содиқ набошем ва аз фарзандонамон ин сифотро интизор дошта бошем.

Агар худамон бо фарзандамон содиқ набошем, наметавонем аз онҳо интизори ростгӯӣ дошта бошем. Бояд саъй кунем, дар ҷавоби саволҳои онон ҳеч гоҳ дурӯғ нагӯем. Тавзеҳи мухтасаре дода ва дар ҳадди синнашон посухи муносибе бидиҳем.

Албатта ҳам волидайн ва ҳам фарзандон метавонанд барои худашон зиндагии хусусӣ дошта бошанд, озодӣ дар хонавода бояд вуҷуд дошта бошад. Пас барои дар миён гузоштани ҷузъиёти хусусии зиндагиатон, масоили марбут ба гузашта, ки ҳанӯз бо онҳо даргир ҳастед, ё ҳар чизи дигари хусусӣ бояд марз таъин шавад.

Ҳадаф бояд эҷоди муҳити озод бошад, ки ҳеч кас маҷбур ба дурӯғгӯӣ нашавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.