Рост гуфтан ба падару модар

99

Рост гуфтан ба падару модар

Чаро навҷавон бо падару модари худ, гоҳе содиқ нест?

Равишҳои барқарории гуфтугӯи содиқона ва самимӣ дар хонавода кадом аст?

Гоҳе мушкилоте байни навҷавон ва падару модарон пеш меояд. Бештар вақтҳо мушкилот замоне шурӯъ мешавад, ки навҷавон аз рост гуфтан ба падару модар худдорӣ мекунад.

Робитаи мусбат ва созанда бо волидайн омили нигаҳдорандаест, ки аз афрод дар баробари осебҳои руҳӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ муҳофизат мекунад.

Осеб дидани таомулот бо хонавода дар даврони навҷавонӣ, афродро аз ҳимоятҳои хонавода дар оянда маҳрум мекунад.

Муҳимтарин чизе, ки ба робитаи навҷавон бо падару модараш осеб мезанад, адами садоқату ростгӯӣ дар робита аст.

Падару модарҳо ба пинҳонкорӣ ва дуруғгӯии фарзандони худ бисёр ҳассос ҳастанд. Такрори ин рафторҳо аз сӯи навҷавон маъмулан боиси хашму ғазаб ва аксуламалҳои шадиди волидайн мешавад, ки ду тарафро аз ҳамдигар дур карда тармими он дар солҳои баъдӣ ба осонӣ сурат намегирад.

Мумкин аст бисёре аз навҷавонон тамоюли зиёде ба робитаи содиқона бо волидайн дошта бошанд, аммо бар асари авомиле монанди тарс аз аксуламалҳои падару модар, ё набуди робитаи самимона аз ин кор худдорӣ кунанд.

Дар идома чанд роҳкор барои навҷавонон, дар ин замина ироа мешавад.

1 – Барои барқарории самимият ва гуфтугӯи содиқона, замони муносибе бояд интихоб шавад.

2 – Баҳсро дар замони муносиб оғоз намуда ва дар замони муносибе ба итмом расонед.

3 – Самимиятро дар ҳамаи ҷиҳатҳои робита бо падару модар парвариш диҳед ва ҳифз кунед.

Ба таври куллӣ, доштани садоқату ростгӯӣ ба падару модар ниёзманди иртиботи солиму асарбахш аст.

Дурӯғгӯӣ ва пинҳонкорӣ дар робита, эътимодҳоро аз байн мебарад ва ба самимияти робита латма зарба мезанад.

Як хонаводаи солим бар асоси садоқат ташкил мешавад. Агар дар тӯли замон бо вуҷуди талошҳои шумо робитаатон бо падару модар беҳтар нашуд ва авомили зиёде боис мешаванд, ки натавонед дар бораи масоили худ бо касе аз даруни хонавода сӯҳбат кунед, беҳтар аст, бо муроҷиат ба як мутахаасиси хонавода, дар паи роҳи муносибе барои ҳалли мушкилатон бошед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.