Авомил ва мавонеи издивоҷ

127

Мушкилот ва мавонеи, ки бар сари роҳи издивоҷи ҷавонон қарор дорадро метавон дар се бахш тақсим кард. Ҳар кадом худ мавриди таваҷҷӯҳ мебошад, ки мушкили ҳар бахшеро бояд бо истифода аз роҳкорҳои худ ҳал намуд ва намешавад барои ҳама як нусха ва дору навишт.
1.    Мушкилоти фардӣ ва шахсӣ
2.    Мушкилоти хонаводагӣ
3.    Мушкилоти иҷтимоӣ
1)    Мушкилоти фардӣ:
Зиёде аз мушкилоти фардӣ дар роҳи издивоҷ баргирифта аз дид ва назари афрод ва зеҳнияти хоссе, ки аз издивоҷ дорад аст ҳамин диду назар сабаб мешавад, ки ҳар касе тасаввури хоссе, аз амри издивоҷ ба хусус фарди мавриди назар барои зиндагии муштараки худро дошта бошад, ки худи ин амр доираи интихоб ва тасмим гирӣ дар ташкили зиндагии занушӯиро мушкил мекунад.
Барои мисол метавон ба меъёрҳои интихоби ҳамсар ишора кард, ки ҳар касе ба дунболи интихоби фардӣ  мавриди назари худ  дар зиндагии муштараки худ мебошад, ки ба гуфтаи худашон идаол бошаду аз ҳар чиҳат комил бошад. Масалан аз назари моддӣ, хонаводагӣ доштани ҷанбаҳои зоҳирӣ, дар ҳадди аъло бошад, ки худи ин диду назар маҳдудаи интихоби ҳамсари муносибро дучори сахтию тангӣ мекунад ва тасмимгириро бисёр мушкил мекунад. Табии аст, ки ҳарчи доираи интихоб тангтар бошад, афрод шароитро барои интихоби шарики зиндагии худ зиёд бидонанд наметавонанд ба осонӣ дар амри издивоҷ тасмимгирӣ кунанд ва умри боарзиши худро бояд барои пайдо кардани шарики худ масраф кунанд ва шодобию нашоти худро сарфи муқаддамоти амри издивоҷ мекунанд. Вақтеҳам баъд аз гӯзаштан аз ин муқаддимоти дароз издивоҷ карданд агар Худои нокарда ба ҳамсаре, ки муддати зиёде аз умри худро барои ёфтани ӯ сарф намудааст онтавре, ки ӯ  тасаввур мекар набошад дар амри издивоҷ худро номуваффақ медонад ва оқибати ҷуброн нопазире гарибони ӯро хоҳад гирифт ва худро шикастхурда дар ин масъала медонад. Аммо бар хилофи ин зеҳният ва тасаввур агар диду назари афрод бозтар ва меъёри онҳо фақат тибқи ончи Худованд дар Қуръони карим фармудаанд бошад, маъмулан афрод камтар дучори шикаст дар ин замина мешавад. То ҷое, ки имкон дорад кӯшишу талош дар ҳифзи густариш робита ва бунёни хонаводаро доранд ва ҳамеша талоши худро масрафи шодоб кардани конуни хонавода кунанд ва зиндагиро барои худ ва аҳли хонавода ширин мекунад. Аммо агар меъёрҳо моддӣ бар асоси ҳавову ҳавас бошад, баъд аз фурукаши ин ҳавову ҳавас фазои сарду хастакунанда ва шикананда бар фазои хонавода ва зиндагӣ ҳукрмфармо мешавад ва ҳар он, эҳтимоли фурупошӣ ва аз байн рафтани ин бунёне, ки аз оғоз рӯи усул ва қоида сохта нашудааст меравад. Пас ончи метавон натиҷа гирифт ин аст, ки ҳалли мушкилоти шахсӣ дар амри иҷдивоҷ бастагӣ ба ислоҳи диду тафаккур ва рушди фарҳангии афрод дорад.
Ба таври хулоса ислоҳи меъёрҳо дар интихоби ҳамсар дар тасҳеҳи амри издивоҷ кӯмаки бисёр зиёде мекунад.
2)    Мушкилоти хонаводагӣ:
Мушкилоти хонаводагие, ки бар сари роҳи издивоҷи ҷавонон мебошад иборатанд аз:
А) чашмҳам чашмӣ, ва муқоисаҳое, ки хонаводаҳо анҷом медиҳанд.
Б) таваққуъоти беҷо ва бештар аз андоза аз арӯсу домод.
В) ихтилофоти фарҳангӣ, моддӣ, табақотӣ, ва хонаводаи духтару писар.
Г) нафаҳмидани ҳамдигар ва шинохти мавқеияти афрод ва хонаводаҳо аз якдигар, ки сабаби баҳонатарошӣ ва санг андозӣ дар роҳҳи ин амри хайр ва Худопасандона мегардад.
Албатта мавонеи дигареҳам низ вуҷуд дорад, ки метавон ба ин маврид ишрора кард, ки хонаводаҳо муваффақ нашуданд ва мушкилоте, ки худашон доштаандро мехоҳанд барои фарзандони худ надошта бошанд. Лизо ончеро, ки дар ин масир вуҷуд дорадро мехоҳанд аз байн бибаранд, ки худи ин мавзуъ метавонад мушкилотеро дар пай дошта бошад.
3)    Мушкилоти иҷтимоӣ:
Ин мушкилотро метаон ба чанд даста тақсим кард, ки ҳар кадомҳам бар гирифта аз мушкилоти дигарӣ мебошанд, ки ҳаллӣ ҳар кадом вобастаи роҳкори муносиби худ ва анҷом додани барномаҳои муносиб аст.
А) Хона.
Б) Таҳсил.
В) Шуғл ва доштани кори муносиб ҳамроҳ бо даромади ҷавобгӯ барои махориҷи зиндагӣ.
Г) Ҳазинаҳои сангине, ки барои анҷоми маросимҳо ва барпоии як зиндагии муштар.
Дар мавриди мушкилоте, ки матраҳ шуд миқдори аз он қобили ҳал мебошад ва метавон бо онҳо канор омад. Монанди таҳсиле, ки баъзе аз ҷавонҳо таҳсилро баҳонаи издивоҷ накардан медонанд ва бо ин масъала метавон канор омад. Вале мушкилоти монанди доштани хона ё иштиғол воқиан як тадбиру ҳиммати ҳамаҷониба металабад, ки ҳам аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарфи хонаводаҳо агар ҳамёрӣ ва мусоидат анҷом гирад, то ҳудуди зиёде қобили ҳал мебошад. Аз тарафи завҷҳои ҷавонҳам агар каме таваққуот ва интизороти худро поин биёваранд метавонанд бо ин мушкил канор биоянд. Аммо агар ҳамин рӯҳия ва муқоисае, ки дар таҷаммулгарои ва зиёдии ҳазинаҳо, ки воқиан миёни ҳамаро хам кардааст идома дошта бошад ва ҳеч навъ нармиш аз хонаводаҳо ва ҷомеа ва худи ҷавонон иттифоқ наафтад вазъияти издивоҷ аз инки ҳаст мушкилтар хоҳад шуд.
Хулоса ончи дар поён метавон гӯфт ин аст, ки ислоҳи диду назар ва фарҳанги афрод, ҷомиа ва хонавода метавонанд роҳгушои мушкилоти издивоҷ бошад ва ҳамин, ки синни издивоҷ боло меравад худ мушкилсоз мешавад.  Агарчи метавон гӯфт, тибқи ончи дар оятҳо ва ривоятҳо омадааст ҳиммату талош дар роҳи издивоҷи ҷавонон ва ташкили хонаводаҳо савоби фаровоне дорад.
Албатта коршиносон барои ҳалли хона роҳҳое ироа додаанд, ки роҳи ҳалли кутоҳмуддат ва дарозмуддат мебошад. Ончи нақши муҳим дар ҳалли кӯтоҳмуддати ин мушкил дорад иборат аст аз.
1)    Будани завҷҳои ҷавон дар хонаи волидайни худ барои муддатӣ ва дар канори онҳо зиндагӣ кардан.
2)    Иҷора нишастан то соҳиби хона шаванд.
Мушкили таҳсилҳам агар завҷайн тавофуқ дошта бошанд асосан мушкил нест ва иддаи зиёде баъд аз издивоҷ идомаи таҳсил додаанд ва ба мақомҳои болои илмӣ расидаанд, ки дар ҷомиа намунаҳои зиёде дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.