Иштибоҳоти кӯдак ва бархурд бо он – II

277

Иштибоҳоти кӯдак ва бархурд бо он – II

Бахши дуввум

Ҳангоми иштибоҳоти кӯдак чӣ бархурде бояд дошта бошем?

***

Танбеҳ ва фарёд задан бар сари кӯдак мамнӯъ

Ҳангоми иштибоҳи кӯдак, танбеҳи ӯ ва доду фарёд задан бар сари вай мамнӯъ аст.

Фарёд задан бар сари кӯдак, мисли танбеҳи баданӣ ва задани кӯдак, вайронгар аст ва осеби ҷиддӣ бар шахсият ва эътимод ба нафс ва худбоварии кӯдак мезанад.

Аз тарафе ин корр таъсире дар ислоҳи рафторҳои кӯдак надорад ва ҳатто волидайн низ мутаваққеҳ мешаванд, ки дод задан натиҷаи баръакс медиҳад ва кӯдак таваққӯҳи ҷандоне ба он намекунад.

Кӯдаконе, ки дар муқобили шитибоҳоти кучак танбеҳ мешаванд, дучори камбуди эътимод ба нафс ва худбоварӣ мешаванд ва бо эҳсоси гуноҳ ва сарзаниш рушд мекунанд.

Пас равиши саҳеҳ бархурди мо чӣ бояд бошад?

Ҳамон тавре ки гуфта шуд, иштибоҳ дар кӯдакон як масъалаи одӣ аст ва бидуни иштибоҳ кардан, бузург намешаванд ва чизеро ёд намегиранд.

Бархурд бо иштибоҳоти кӯдак, усуле дорад, равишҳое дорад, ки бо риояти онҳо метавон иштибоҳоти кӯдаконро ба дурустӣ ислоҳ кард ва қадами бузурге дар ҷиҳати тарбияти саҳеҳи кӯдак бардошт.

Дар навиштаҳои баъдӣ, ба баёни ин усул ва равишҳо хоҳем пардохт.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.