Носазогӯии кӯдакон ва равиши дармон ва ислоҳи он

241

Носазогӯии кӯдакон ва равиши дармони он

Чӣ гуна кӯдакамро аз суханони зишту дашном додан дур нигаҳ дорам?

Гоҳе вақтҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки фарзандамон алфози қабеҳу зишт ва дашномҳои номуносибро бар забонаш ҷорӣ мекунад.

Аксуламали падару модарҳо дар ин маврид бо ҳам фарқ мекунад. Албатта бештари падару модарҳо аз ин кор нороҳат мешаванд.

Баъзе аз падару модарҳо барои пешгирӣ, бачаҳоро таъдиб ва ҷангу даъво мекунанд ва албатта баъзеҳо ҳам бепарво ҳастанд ва ҳеч аксуламале нишон намедиҳанд ва мутаассифона, бархе хонаводаҳо инро нишонаи бузург шудан ва рушди бача ва як навъ арзиш ҳам ба ҳисоб меоваранд.

Ҳоло суҳбати мо падару модарҳое ҳаст, ки аз ин амал нороҳат мешаванд ва дар фикри пешгирӣ ва ислоҳи он ҳастанд.

Баъзе аз волидайн, барои пешгирӣ аз ин кор, бо фарзандашон пархош мекунанд, ки ба гуфтаи мутахассисони тарбият, ин кор иштибоҳ аст. Беҳтарин кор, дар ин маврид, ин аст, ки дар баробари дашном додан ва ё суханони зишти бачаҳо ҳеч аксуламали фаврӣ нишон надиҳем ва комилан ҳаракоти ӯро нодида бигирем ва сипас бо сӯҳбат кардан бо ӯ дар мавқеи танҳоӣ ва бо забони нарм ва дӯстона ба ислоҳи ин феъл бипардозем.

Аз тарафи дигар кӯдаке, ки мебинад, бо гуфтани як сухани зишту қабеҳ, як ҷамоате ба ӯ нигоҳ мекунанд ва таваҷҷӯҳ мекунанд, агарчӣ кори манфӣ ҳам бошад, аммо ёд мегирад, ки аз ин равиш барои ҷалби таваҷҷӯҳ ва диққати дигарон, истифода кунад.

Масъалаи баъдӣ ин аст, ки набояд ҳангоми шунидани суханҳои қабеҳи кӯдак, бихандем.

Гоҳе ҳам мебинем, ки падару модарон ҳангоми шунидани суханони қабеҳ ва дашном аз забони кӯдакон, механданд. Бояд бигӯям, ки ин равиш низ иштибоҳ аст. Дар ин маврид, бояд бо кӯдак сӯҳбат карда ва барояш тавзеҳ диҳем, ки ин кори хубе нест. Набояд ин суханҳоро ба забон биёрад.

Бачаро ташвиқ кунем, ки агар дар меҳмонӣ ва ё дар хона, аз суханҳои зишту нораво ва дашном истифода накард, ба ӯ подоши хубе медиҳем.

Умуман, подош додан, ба бачагон, яке аз равишҳои бисёр хуб ва муаассир, дар тарбият аст.

Албатта ин тавр ҳам набошад, ки ҳар боре, ки бачаи мо як кори хубе кард ва ё аз як кори зиште худдорӣ кард, ҳамеша як ҷоиза ва ҳадяе аз мо бигирад, балки ин корро гоҳ-гоҳе бояд анҷом диҳем, ки барои ӯ ин интизорро эҷод накунад, ки ҳар вақт ман кори мусбате анҷом додам, ҳатман бояд подош ва ҳадя дарёфт кунам.

Дар мавриди ин ки бачаҳои мо аз суханони зишт истифода накунанд, як кори муҳимро худи мо падару модарҳо бояд анҷом диҳем. Ва он ин ки пеш аз ҳама худи мо, аз суханони зишту нораво худдорӣ кунем.

Борҳо гуфтем, ки нахустин мураббӣ ва нахустин муаллими кӯдак падару модарҳо ҳастанд ва кӯдак пеш аз ҳама, аз мо тақлид мекунад. Аз назари кӯдак, ҳар коре, ки падару модар анҷом медиҳанд, дуруст ва зебост ва мо падару модарҳо сармашқи зиндагии онҳо ҳастем. Пас ёдамон бошад, ки дар пеши кӯдаконамон муроқиби рафтору гуфторамон бошем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.