Решаҳои бадахлоқӣ ва беинзиботии фарзандон

58

Решаҳои бадахлоқӣ ва беинзиботии фарзандон

Бадахлоқӣ ва беинзиботии фарзандон аз куҷо сарчашма мегирад?

Иллатҳои беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон чист?

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

“Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро дуруст ва саҳеҳ тарбият кунед то Худованд гуноҳони шуморо бибахшад”.

Бо ин ки Худованд  хонаводаро тавре офаридааст, ки метавонад аз ӯҳдаи тарбияти фарзандон барояд, вале мутаассифона бисёре аз хонаводаҳо ба сабабҳои мухталиф сабаби бадахлоқии фарзандони худ  мешаванд. Аз онҷо, ки шариати Ислом таъкиди фаровоне рӯи масъалаи фарзандон дорад, ба назар чунин мерасад, ки ин кор як навъ ибодат аст. Аз тарафи дигар анҷом надодани ин вазифаи шаръӣ ё бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба он, маъсият ва гуноҳ хоҳад буд ва ҳамон тавр, ки қаблан зикр намудем кайфару ҷазоҳои сангинеро дар дунё ва қиёмат дар пай хоҳад дошт. Яке аз кайфарҳо ва азобҳое, ки    ба сабаби ин маъсият домангири волидайн ва ҷомеа мегардад, беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон аст.

Пас метавон гуфт, аввалин иллати беинзиботии фарзандон бетаваҷҷӯҳии падару модар нисбат ба тарбияти онҳо мебошад.

Агар падару модар рафтору кирдори фарзандонро назорат накунанд, имкон дорад фарзандони онҳо рафтори нописанде анҷом  диҳанд ва чун касе онҳоро аз ин кор наҳй намекунад,  гумон мекунанд, ки рафторашон дуруст аст ва он роҳро идома медиҳанд, ки шояд ба ҷинояткории онон поён ёбад. Хусусан падару модар бояд муошират ва рафту омади фарзандони худро таҳти назар бигиранд, зеро аксари олудагиҳо ва каҷравиҳои фарзандон ба воситаи дӯстони бад пайдо мешавад. Фарзандон дар рафтори худ ниёз ба улгу ва роҳнамо доранд ва дар ҳоле, ки ин роҳнамоӣ аз ҷониби волидайн сурат нагирад, онҳо барои пайдо кардани роҳнамо рӯ ба берун аз хонавода меоваранд ва аксаран гирифтори доми афроди носолиму бетарбият мегарданд.

Иллати дигаре, ки сабаби беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон мегардад худхоҳӣ ва зӯргӯии волидайн дар тарбияти фарзандон мебошад. Падару модар метавонанд бо яке аз ин ду роҳ бар фарзандон таъсир бигузоранд: муҳаббат ё зӯру хушунат.

Ба ҳамагон маълум аст, ки кӯдакон ҳамеша хоҳони меҳру муҳаббат ҳастанд, бинобар ин ба хубӣ метавонем ба ин нукта пай барем, ки зӯру хушунату қаҳр то чи андоза метавонад сабаби каҷрафторӣ ва бероҳа шудани онҳо аз роҳи дуруст мегардад. Тарсу ҳароси даврони кӯдакӣ ҳеҷ гоҳ аз ёди одамӣ намеравад. Кӯдаке, ки ба ҷои меҳрубонӣ ва навозиш ба танбеҳ одат кунад, дар даврони булуғ як шахсияти тарсу ва васвос хоҳад буд ва ҳамвора эҳсоси ҳақирӣ хоҳад намуд. Мутаасифона тарбият тавассути танбеҳу зӯргӯӣ дар миёни падару модарон ва мураббиён бисёр мушоҳида мешавад. Фарзандоне, ки  ин гуна тарбият ёфтаанд ё дар асари тарсуӣ аз ҳар касе итоат мекунанд ва ё ба қасди интиқом гирифтан аз атрофиёни худ аз ҳеҷ касе итоат намекунанд ва роҳи сарпечиро пеш мегиранд, ки дар ҳар ду сурат ҳам, ба ҷомеа зиён хоҳад расид.

Яке дигар аз иллатҳое, ки сабаби тарбияти ғалати фарзандон мегардад  бемаърифатӣ ва ҷаҳолати волидайн аст. Барои исботи ин матлаб як мисол мезанем. Баъзе падару модарон бо доштани фарзанди хиҷолатӣ, камгапу итоаткор ва гӯшагир, фахр мекунанд ва фарзанди худро бисёр муаддаб  медонанд, ҳол он ки бо ин амали худ бемории заъфи шахсиятии фарзанди худро зиёд мекунад. Ин гуна фарзандон вақте ки по ба саҳнаи ҳаёт мегузоранд аз доштани як шахсияти оддӣ маҳрум хоҳанд буд ва шахсияти дурӯғин ва заифе, ки дар он тарбият шудааст онҳоро маҷбур ба пардапушӣ ва нишон додани аъмоли шармгинона ва хиҷолатӣ менамояд. Ин гуна афрод ҳамеша дар муқобили хостаҳои дигарон бе чуну чаро таслим мешаванд. Дар натиҷа ин гуна тарбият сабаби ба бор омадани афроди сустирода барои ҷомеа мегардад. Пас ин гуна тарбият яке аз сабабҳои ворид шудани сиёсатҳо, таблиғот ва хостаҳои бегонагон ба ҷомеа мебошад.

Барои онки ҷомеаи мо солим бошад ва аз нуфузи бегонагон дар амон бошад бояд фарзандони мо дар ҷомеа аз саломати нафс бархурдор бошанд, то дар мавқеиятҳои зарурӣ битавонанд эҳсосоти худро бозгӯ намоянд ва дар баробари норавоиҳо битавонанд аз ҳуқуқи худ ва ҷомеаи худ дифоъ кунанд.

Аз авомили дигари беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон метавонад дурии фарзандон аз волидайн бошад. Гоҳе чунин мешавад, ки падару модар ҳамеша машғули коранд ва ба ҳамин хотир хеле кам дар канори фарзандони худ мемонанд. Ин чиз сабаб мешавад, ки падару модар аз рафтору кирдори фарзандон бехабар монанд ва рафту омади онҳоро наметавонанд зери назар дошта бошанд. Дар натиҷа фарзандон бо одамони бероҳа дӯст мешаванд, ки таъсири бисёр баде дар ахлоқи онҳо хоҳад дошт.

Ҷанҷолҳои хонаводагӣ. Дар баъзе хонаводаҳо зану шавҳар бо ҳамдигар хеле зиёд ҷанҷол мекунанд. Фарзандон дар чунин хонаводаҳое одатан ҷанҷолию бадахлоқ мешаванд, зеро аз назари рӯҳӣ чунин хислатро ба худ гирифтаанд. Ё ин ки ингуна фарзандон ба хотири надоштани оромиш дар хона, барои ёфтани оромиш ва отифа ба ҷойҳои дигар мераванд ва бисёр мешавад, ки ба доми одамони нобоб гирифтор мешаванд.

 Луқмаи ҳаром

Парҳез аз ҳаром нақши барҷастае дар тарбият ва ояндаи хонавода ва сарнавишти фарзандон дорад. Вақте ба оёти Қуръон ва ривоёт диққат кунем мебинем, ки таъкид ва тавсияҳои фаровоне дар ин бора шудааст.

Аз ҷумла Имом Алӣ(а) мефармояд: Агар аз пай каромат ва бузургворӣ ҳастӣ бояд аз ҳаромҳо дурӣ кунӣ.

Ҳамчунин Имом Боқир(а) дар мавриди осори нохушоянди моли ҳаром мефармояд: Ҳар гоҳ инсон моли ҳаром ба даст оварад на ҳаҷҷе аз ӯ қабул мешавад ва на умрае ва на силаи раҳиме ва ҳатто дар издивоҷ ва заношӯии ӯ таъсири бад дорад. Барои падарону модарон лозим аст ба ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд намоянд.

Дар инҷо қисмате аз номаи ҳазрати Алӣ(а) ба фарзандашон Имом Ҳасан(а)-ро меоварем, то аз роҳнамоиҳои он бузургвор дар мавриди тарбияти фарзанд баҳраманд шавем, зеро васияти он ҳазрат барои тамоми башар аст: “…Пеш аз он ки хоҳишҳо ва дигаргуниҳои дунё ба ту ҳуҷум оваранд ва пазиришу итоат мушкил гардад, дар тарбияти ту шитоб кардам, чунки қалби навҷавон ҳамчун замини киштнашуда омодаи  пазириши ҳар базру донае аст, ки дар он пошида шавад ва пеш аз он ки дили ту сахт шавад ва ақли ту ба чизи дигаре машғул гардад ва ба истиқболи корҳое биравӣ, ки  соҳибони таҷриба заҳмати таҷрибаи онро кашидаанд ва туро аз талош ва ёфтани роҳи дуруст бениёз сохтаанд, (яъне роҳи дурусту хато ошкор гаштааст ва лозим нест, ки шумо ҷавонон ба ҳар роҳе биравед) (ва туро огоҳ кардам) то бо ақлу хиради худ бо корҳо рӯбарӯ шавӣ … Пас оғоз кардам ёд додани китоби Худо ва таъвили он ва роҳҳои (ҳақиқати) Ислом ва аҳкоми ҳалолу ҳароми онро ба ту…. Бидон, эй писарам беҳтарин чизе, ки ту аз васияти ман фаро мегирӣ парҳезкорию тарс аз Худо ва иктифо кардан ба ончи, ки Худо бар ту воҷиб кардааст мебошад…”

Ин намунае аз суханони он бузургвор аст, ки дар номае ба фарзанди худ навиштааст. Он нома маъно ва мазмуни хеле баланде дорад, ки ҷо дорад ҳама онро бидонанд ва ҳар ҷумлаи он шиори зиндагии мо бошад.

Дар поён аз Худованд мехоҳем, ки ба мо тавфиқ диҳад то мувофиқи васияти ҳазрати Алӣ(а) пеш аз онки муҳит ва афроди нопоку бегона ба фарзандони мо таъсир гузоранд, худи мо битавонем ба таври шоиста фарзандонамонро тарбият кунем.

Худоё чунон кун поёни кор,

Ту хушнуд бошиву мо растагор. 

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.