Нӯҳ масъалаи муҳимми тарбиятӣ

223

Нӯҳ масъалаи муҳимми тарбиятӣ

Нукоти муҳимми тарбиятии кӯдак

1 – Барои фарзанди худ такягоҳ ва манбаи амнияту итминон бошед

2 – Эҳтиром гузоштан ба кӯдакро фаромӯш накунед

3- Ба алоқамандиҳои кӯдак таваҷҷӯҳ кунед

4 – Масоили ахлоқиро бо таносуб ба рушди кӯдак омӯзиш диҳед

5 – Барои тарбияти фарзанди худ аз ташвиқи бештар ва аз танбеҳ камтар истифода намоед

6 – Ба кӯдак ёд диҳед, ки шикаст бахше аз зиндагист

7 – Барои калон шудани фарзандатон саросема нашавед

8 – Дар тарбияти фарзанд муҳаббати худро машрут ба чизе надонед

9 – Гоҳе лозим аст, кӯдак нокомиро низ таҷриба кунад.

***

1 – Барои фарзанди худ такягоҳ ва манбаи амнияту итминон бошед

Ҳар инсоне чӣ хурду бузург, ҳама дар зиндагӣ ба оромишу амният ниёз доранд. Ин ниёз дар кӯдакон бештар эҳсос мешавад.

Дар ҳақиқат, кӯдак дар аввалин марҳалаи зиндагии худ. Бо масъалаи эътимод дар баробари беэътимодӣ рӯбарӯ мешавад. Ба ин маъно, ки ӯ дар баробари беэътимодиҳо эҳсоси ниёз мекунад, ки ба касе бовар ва эътимоду итминони қалбӣ пайдо кунад ва ин фард, падару модараш аст.

Кӯдак аз ҳамон даврони навзодиаш аз рафторҳои падару модар таъсир мепазирад ва агар дар муҳити пуртанишу асабӣ қароргирад эҳсоси адами (набуди) амният, беэътимодӣ ва дар ниҳоят, сабки дилбастагии ноэминро шакл медиҳад. Ин кор боис мешавад, ки кӯдак дар робитаҳои баъдӣ бо афроди дигар, бо мушкилоте рӯбарӯ шавад.

Барои он ки эътимоди кӯдак осеб набинад, аз рафторҳое монанди дурӯғ гуфтан ё фиреб додани фарзандатон бипарҳезед.

Талош кунед ба ӯ нишон диҳед ки дар баробари таҳдидҳои муҳит, дар канораш ҳастед ва ҳеч чиз монеи муҳаббат ва ишқи шумо нисбат ба ӯ намешавад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.