Омӯзиши равобити мусбат ба кӯдакон

38

Омӯзиши равобити мусбат ба кӯдакон

Афзоиши шодии кӯдак

Доштани робитаи муфид ва дӯстона дар тамоми синин яке аз муҳитарин авомил дар расидан ба шодӣ ва беҳзистии равонӣ ба шумор меравад.

Агар мехоҳед, руҳияи мусбати фарзандатонро қувват бахшед, бояд кӯдакро барои барқарор намудани иртибот бо ҳамсолонаш ташвиқ кунед.

Тавоноии дӯстёбӣ ва барқарор намудани иртибот бо ҳамсолон иззати нафси ӯро боло мебарад ва тақвият мекунад.

Ҳамчунин ҳангоме ки кӯдак бо ҳамсолон ва дӯстонаш машғули бозӣ мешавад, шодию лаззати бештареро низ таҷриба мекунад.

Албатта ёдамон бошад, ки шодии кӯдакон то ҳадди зиёде ба руҳияи падару модар бастагӣ дорад.

Кӯдакон аз ибтидои таваллуд, дар ҳоли мушоҳидаи шумо ҳастанд ва ба мурур ёд мегиранд, рафторҳоятонро тақлид кунанд.

Онҳо ба шумо, бахусус дар солҳои аввалияи кӯдакӣ ба унвони қаҳрамони зиндагии худ нигоҳ мекунанд. Ба ҳамин хотир аст, ки мехоҳанд монанди шумо рафтор кунанд ва мавриди таъйиди шумо қарор гиранд.

Шодӣ ё ғамгинии волидайн ба фарзандон мунтақил мешавад. Дар натиҷа барои ин ки кӯдакони солиму шоде дошта бошем, ибтидо бояд рӯи худамон кор кунем ва беҳдошти равонии худро беҳбуд бахшем.

Вақте падару модар афсурда бошанд ва фаъолиятҳои шодиовари камтаре дошта бошанд, дар муроқибат аз кӯдак низ ба мушкил бармехуранд ва наметавонанд ҳимояти отифӣ ва ҳиссии кофиро аз фарзанди худ ба амал оваранд. Дар ин шароит, халаи отифӣ эҷод шуда ва сабаб мешавад, ки кӯдак низ шодию нишоти кофӣ надошта бошад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.