Авомили ихтилофбарангез дар хонавода

203

Авомили ихтилофбарангез дар хонавода

Робитаи заношӯӣ ва хонаводагӣ ба далели инки бар асоси  авотиф бино ниҳода шудааст  зароиф ва усуле дорад, ки агар дар мавқеи пурмашғалае  монанди  рӯзҳои ахири сол ва соли нав ба он таваҷҷӯҳ нашавад, метавонад  дучори  осебҳои ҷуброннопазир шавад. Оромиш ва иртиботи солим миёни зану мард, ниёзи аслии  зиндагии  заношуӣ  аст ва бунёди хонавода бар он устувор аст. Баъзе вақтҳо робитаи заношӯӣ  бо мушкилоте рубару  мешавад, ки  оромиши равонӣ ва ахлоқиро аз хонавода мегирад.

Яке аз вақтҳое, ки метавон  дар байни хонаводаҳо ва зану шавҳарҳо ҷанҷол зиёд шавад замонҳои мисли  рӯзҳои поёни сол аст, ки дағдағаҳо ва масъалаҳои хосси худ; монанди  харид ба андозаи ниёз дар ид, диду боздидҳо  ва сафарҳоро дорад. Сабаби хеле аз мушкилоти даруни хонаводаҳо ба баъзе аз хусусиёти ахлоқии бадӣ зану шавҳар  бармегардад, ки дар замонҳои хоссе сар мезанад, ки бад нест ба аслитарин хусусиёти ихтилофбарангез бипардозем.

Чашм ва ҳамчашми(таасубчӣ)

Яке аз осебҳои ахлоқие, ки  дар рӯзҳои ид ва соли нав бештар мешавад чашм ва ҳамчашми байни хонаводаҳо аст, ки аввалин натиҷааш эҷоди ихтилофҳо аст. Дар омӯзишҳои  динӣ бар набуди чашм ва ҳамчашмӣ таъкид  шудааст. Аз диди Қуръони карим, мӯъмин он аст, ки ба таҷалиёт ва чашм ва ҳамчашмиҳо ва исрофҳо пӯштипо мезанад.

Аҳдоф ва чароии издивоҷ ва қидосати он

Ҷидол ва ҷангу ҷанҷол

Дурӣ аз ҷангу ҷидол бар сари масоили гуногун ва гоҳ бе аҳамият аз усули ҳифзи равобити занушуӣ аст. Ин гуна баҳсҳо асари вайронгар бар равобит бар ҷо мегузоранд ва сабаби дур шудани одамҳо аз ҳам ва дилхурию нороҳатӣ мешаванд. Бояд донист, ки  аксари вақт ҷангу ҷанҷол барои расидан  ба ҳарф ва мавзеи ҳақ нест, балки барои  ба курси нишондани ҳарфи яке аз тарафайн аст. Имом Али (а) “мефармояд,  ки  аз ситез ва хусумат бипарҳезед, ки инҳо дилҳои бародаронро бемор мекунад ва нифоқро мерӯёнад”

Васвос ва сахтгирӣ

Яке дигар аз хусусиёти бади ахлоқие, ки дар мавқеи  хос худро нишон бедиҳад сахтгирӣ ва васвос дар  равобит ва умури хонаводагӣ аст. Сахтгирӣ ва васвос дар равобити хонаводагӣ мисдоқҳои гуногун дорад; аз ҷума метавон ба баҳонагирӣ дар харид ва диду боздидҳо ишора кард. Таҷриба собит кардааст, ки сахтгирӣ ҷуз  нороҳатӣ ва дилсардӣ натиҷаи дигаре надорад.

Худбартарбинӣ ва худхоҳӣ

Худхоҳӣ ва худбартарбинӣ сабаби ихтилоф ва мавонеъ дар иртиботи ҳамсарон бо якдигар мешавад. Гоҳе  мард ба воситаи қудрат  ва ҳиссӣ султа ва гоҳе зан ба воситаи ҷамол ва ҳунаре, ки дорад бар тарафи дигар фахр мефурӯшад. Решаи худхоҳӣ чизе ҷуз ғурур ва фареби шайтон нест, ки масири зиндагиро аз  раванди инсонӣ ва илоҳӣ хориҷ мекунад.

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

Ғурзадан ва бадхулқию бад рафторӣ

Ба далели машғалаҳои поёни сол мумкин аст ҳар як аз афроди хонавода  дучори хастагӣ шаванд, аммо ворид кардани  он ба равобити занушуӣ мухрибу вайронгар аст. Интиқоли нороҳатӣ ва хастагии масоили берун ба  хона монеъи бузурге дар ҳифзу нигоҳ доштани оромиш ва сукуни хонавода аст.

Интизорот ва тавақуоти беҷо

 Зиндагии заношуӣ ва маҳфили  хонавода, фурсати рушд ва такомули зану мард аст. Бино барин барои доштани оромиш ва ризоят аз зиндагӣ, бояд мизони хостаҳо ва интизороти зану мард аз ҳам мутаносиб бо тавони тарафи мутақобил бошад.  Дар ғайри ин сурат фишорҳои равонӣ  бар зинадгӣ ҳоким мешавад ва равобити хонаводагӣ дучори ихтилол ва осеб мегардад.

 Муқоиса

Баъзе зану шавҳарҳо доим зиндагии дигаронро ба рӯи ҳамсари худ мекашанд ва бо ин васила ҳамдигарро таҳқир мекунанд. Ҳамсарон вазифа доранд барои ҳифзи равобити муҳаббатомез, як бор барои ҳамеша даст аз муқоисаҳои вайронгар  ва ғайри созанда бардоранд ва ба ин  васила, мӯҷиботи озурдагии хотир ё таҳқири тарафи муқобилро фароҳам наёваранд.

Муқоиса  кардан дар ҳар сатҳе, ки бошад аз заъфи шахсият ҳикоят дорад ва баёнгари он аст, ки афрод ҳануз ба рушду булуғи фикрӣ  ва рӯҳии лозим нарасида ва роҳу расми зиндагиро наёмӯхтаанд.

Набоядҳои муштараки ҳамсарон

Қадри ҳамдигарро  надонистан

 Хислати одамӣ тавре аст, ки вақте дар хубӣ неъмат ва шодӣ аст, сипосгӯзорию  қадрдонӣ намекунад ва ҳангоми сахтӣ ва гирфторӣ,  шакибоӣ ва сабрро аз даст  медиҳад. Ин сифати ахлоқии  мазмум дар муҳити хонавода низ буруз мекунад ва метавонад аз суи ҳар кадом аз зану шавҳар ошкор шавад.

Ба гунае, ки заҳматҳо ва корҳои тарафи муқобилро дарк накарда ё барои он арзиш қоил нашавад. Ин навъи бархӯрд  дар тӯли замон таниши зиёде  дар равобит эҷод мекунад ва онҳоро дар масири ихтилоф ва ҷудоӣ қарор медиҳад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.