Роҳи кантроли асабоният

329

Барои кантроли асабоният ва хашм, роҳкорҳое вуҷуд дорад, ки бо тамрин кардани онҳо метавонед ба фарди қудратманд дар баробари хашм табдил шавед.

  1. 1.      Варзиш кунед:

Оғоз намудани як барномаи муназзами варзишӣ барои ба даст овардани оромиш ва дар айни ҳол коҳиши осори манфии муҳарикҳои аъсоб бисёр муассир аст.

Равоншиносон тавсия мекунанд варзишро дар ҳадди қаҳрамонӣ ё барои мусобиқа анҷом надиҳед, зеро шумо дар ҳақиқат варзишро барои оромиши аъсоби худ анҷом медиҳед, то дар зиндагӣ аз қобилити болое бар хурдор шавед.

Фикр кунед кадом варзишро бештар дӯст доред ва бидуни пеш доварӣ онро озмоиш кунед.

Дар интихоби анвои варзиш, нахуст ба фикри лаззат бурдан аз он ва сипас ба фикри таъмини саломатиятон бошед.

Варзишҳои сабук ва пайваста ҳамчун шино, давидани оҳиста, дучарха саворӣ ва ё пиёда равии бо суръат, зарабони қалбро боло мебаранд ва анҷоми яке аз ин варзишҳо (мутобиқи алоқаатон) ҳадди ақал ба муддати 20 дақиқа дар рӯз бисёр судманд ва фараҳ бахш аст.

Агар чанд рӯз натавонистед барномаи варзишиятонро анҷом диҳед, талош кунед барномаи варзишии худро ҳар чи зудтар аз шуруъ кунед, зеро варзишҳои муназзам беш аз варзишҳои бе барнома, асар бахш ҳастанд.

  1. 2.      Ҳам калом шавед:

Дар оғоз баёд дошта бошем беҳтарин ва наздиктарин дӯсти ҳамаи инсонҳо, Худои тавоност, ки моро офарида ва лаҳзае аз ёди мо ҷудо нест. Ҳар чи аз ин ёри меҳрабон бигӯям кам аст, зеро барқарории иртиботи қавӣ бо Худо, енержи ва ангезаи лозимро барои ғалаба бар хашм ба вуҷуд меоварад.

Албатта пасандидааст алова бар ин ёри ошно ва ҳамешагӣ, дӯстҳои дигареҳам доштабошем. Ин афрод метавонанд ҳамсар, модар, падар, фарзанд ваё дӯстони амин ва дилзӯз бошанд.

Лаҳзаҳое ки эҳсоси танҳоӣ ва нороҳатӣ мекунед, суҳбат кардан бо чунин маҳрамони асрорӣ ва ҳатто дидори онҳо, таскин диҳандаи хубе барои дардҳоятон аст.

Дар ҳузӯри онҳо аз ғаму ғусса ва нороҳатиҳоятон бигӯйед (албатта набояд дар ин кор зиёда равӣ кунед) ва бо ин кор хашми худро кам кунед.

  1. 3.      Китоб бихонед:

Ҳатто шумоҳам зиёд шанидаед, ки китоб беҳтарин дӯсти инсон аст.

 Дӯсте ки бо забони безабонӣ, дар авҷи сукут, соатҳо бо шумо ҳарф мезанад. Бе садо ва ором, аммо меҳрабон ва дар халвату танҳоӣ, роҳнамоиятон мекунад.

Хондани маҷаллаҳо ва китобҳои муфид ва мавриди алоқаатон, ки ба таври усулӣ роҳҳои ғалаба бар хашмро омӯзиш медаҳанд, сабаби тақвияти авомили боздоранда аз хашм дар вуҷудатон мешавад.

  1. 4.      Иҷтимоитар бошед:

Бекорӣ, равони инсонро таҳтушшиъоъ қарор медиҳад.  Агар ба фаолиятҳои муфид ва матлуб даст назанед, қувват ва қудрати шумо ҳадар меравад. Агар ин қувват ва қудрати дарунӣ дуруст масраф нашавад, сабаби тахайул пардозӣ, парвариши афкори манфӣ ва ба сабаби он муҳаё шудани шароити мусоид барои бурузи рафторҳои пархош гарона хоҳед шуд.

Дар шароити бе корӣ, афрод омодагии дучандон барои асаби шудан ва бурузи рафторҳои номуносиб хоҳанд дошт, бино барин беҳтар аст ҳамеша ба дунболи ёд гирии як ҳунар ё фаолияти муфид бошед, ҳатто омӯзиши ҳунар ба дигарон ё ширкат дар корҳои некӯкорона, эҳсоси иртибот ва ҳамбастагии шуморо бо дигарон бештар мекунад. Бар қарории иртибот бо дигарон алова бар он ки ба шумо меомӯзад, чигуна дар ҳангоми ниёз, ёр ва ҳамдили дигарон бошед, зарфияти равонии шумо нисбат ба дигарон афзоиш медиҳад ва дар ин сурат, бо кучактарин зарбае асабонӣ намешавед.

Тамошо кардани гулҳои зебо, дарахтҳо, забзии чаманҳо ва осмони обӣ, назора кардани ҷараёни як оби равон ва ҳатто тамошои як филми шод ё филми мавриди алоқаатон дар кам кардани хашм муассир аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.