Иштибоҳоти кӯдак ва бархурд бо он

203

Иштибоҳоти кӯдак ва бархурд бо он

Тарбияти кӯдаки шаш то дувоздаҳсола

Бо иштибоҳоти кӯдак чӣ гуна бархурд кунем?

Яке аз муҳимтарин масоиле, ки зеҳни бисёре аз падару модароно ба худ машғул намудааст, масъалаи иштибоҳоти кӯдак ва чигунагии бархурд бо он аст.

Кӯдакон бо рафторҳои иштибоҳи худ бузург мешаванд ва шахсияти худро шакл медиҳанд. Ҳамчунин кӯдакон бо иштибоҳ кардан, рафторҳои дурустро ёд мегиранд, аммо рафторҳои падару модарон дар ин замин бисёр муҳим ва таъсиргузор аст ва боиси ёдгирии рафторҳои дуруст ё ғалат дар кӯдак мешавад.

Рафторҳои ғалат, осебҳои ҷиддие бар шахсияти кӯдак ворид мекунад, ки яке аз онҳо камбуди эътимод ба нафс ва худбоварӣ аст.

Бархурд бо иштибоҳоти кӯдак, усул ва қонунҳое дорад, ки бо риояти онҳо метавонед ба беҳтарин роҳ ба кӯдаки худ посух диҳед ва ӯро тарбият кунед.

Бо иштибоҳоти кӯдак чӣ гуна бархурд кунем?

Иштибоҳ кардани кӯдак як масъалаи маъмулӣ ва одӣ барои рушд ва парвариши кӯдак аст. Ҳеч кӯдаке нест, ки корҳояшро мутобиқи интизори волидайн анҷом диҳад, ҳамаи онҳо иштибоҳоте анҷом медиҳанд. Аммо ончӣ ки аҳамият дорад, чигунагии бархурди падару модарон бо ин гуна иштибоҳот аст, ки боиси ибратомӯзӣ ва тағйири рафтори саҳеҳи кӯдак мешавад.

Мағзи кӯдак паёмҳои манфиро дарк намекунад. Масалан вақте ки ба кӯдак мегӯянд “фарёд накаш” гӯш намедиҳад ва мумкин аст эҳсос кунед, ки барқасди шумо кор мекунад ва ҳамчунон доду фарёд мезанад, дар ҳоле ки ин тавр нест ва лаҳн ва баёни худро бояд тайир диҳед. Масалан метавонед дарбархурд бо доду фарёд заданҳои кӯдак аз ҷумлаи “оромтар сӯҳбат кун” истифода кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.