Фарзанди эрка

48

Фарзанди эрка

Эркагиҳои кӯдакон

Эрка шудани кӯдак ва равишҳои бартараф кардани ин мушкил, масъалаест, ки зеҳни бисёре аз падару модарҳоро ба худ машғул кардааст. Ба ҳамин хотир, аз нукоти муҳимми тарбиятии фарзандон ба шумор меравад.

Бисёре аз кӯдакон ба далели дарёфти таваҷҷӯҳоти ифротӣ ва беш аз андоза аз ҷониби дигарон, доиман мехоҳанд ҳамаи хостаҳояшон фавран бароварда шавад ва дар ғайри ин сурат, доду фарёд ба роҳ меандозанд.

Албатта мудирият кардани ин шароит барои падару модар бисёр кори сахт аст, аммо кори ғайримумкин ва нашуданӣ нест.

Барои ҳалли ин мушкил бояд кӯдак ёд бигирад, ки робита ду тарафа аст ва агар дар паи хостаҳои худ аст, бояд битавонад бархе қонунҳоро риоят кунад.

Барои фарзандатон қонунҳои рӯшане гузоред ва танҳо дар сурате ба хостаҳои ӯ амал кунед, ки он қавонинро анҷом дода бошад.

Ҳамчунин дар ин маврид лозим аст, ки аз боҷ додан ба кӯдак бипарҳезед.

Дар воқеъ набояд таслими гиряҳо ва доду бедодҳои ӯ шавед.

Таслим шудани шумо боис мешавад, ки доиман рафтори бади кӯдак тақвият шавад ва ҳар бор бо шиддати бештаре такрор шавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.