Фазилати шир додани кӯдак дар аҳодиси набавӣ

54

Фазилати шир додани кӯдак дар аҳодиси набавӣ

Фазилати шир додан ба кўдак

Паёмбари Худо (с): Ҳангоме ки зан бордор мешавад, монанди рўзадори шабзиндадор ва муҷоҳиде аст, ки бо ҷону молаш дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ва ҳангоме ки бор бигузорад, подоше дорад, ки намедонӣ азамати он чӣ қадар аст ва ҳангоме ки шир бидиҳад, дар ҳар мак задан, подоши озод кардани яке аз фарзандони Исмоил барои ўст ва онгоҳ ки шир додан тамом шавад, фариштае бар паҳлўи ў мезанаду мегўяд, ки: «Амалро аз нав оғоз кун, ки бетардид омурзида шудӣ».

Паёмбари Худо (с): Занони бордори зоёи ширдеҳи меҳрубон, агар ба хотири озор расондан ба ҳамсаронашон набуд, ҳеҷ аҳли намозе аз онон вориди ҷаҳаннам намешуд.

Баракати шири модар

Паёмбари Худо (с): Барои кўдак ҳеҷ чизе беҳтар аз шири модараш нест.

Имом Алӣ (а): Ҳеҷ шире, ки кўдак бо он тағзия шавад, бо баракаттар аз шири модараш нест.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.