Ахлоқ дар гуфтори Имом Ҳусейн(р)

52

Ахлоқ дар гуфтори Имом Ҳусейн(р)

Имом Ҳусейн(а): Бидонед, ки ниёзмандиҳои мардум ба шумо, неъматҳои илоҳӣ бар шумост, пас аз неъматҳо хаста нашавед, ки мумкин аст, ин неъматҳо ба самти дигарон биравад.

Имом Ҳусейн(а): Саросемагӣ ва аҷала нишонаи бехирадист.

Имом Ҳусейн(а): Ҳар кас туро дӯст бидорад, аз бадиҳо туро наҳй мекунад ва ҳар кӣ душманат бошад, ба бадиҳо туро ташвиқ мекунад.

Имом Ҳусейн(а): Адаб он аст, ки вақте аз хонаат берун меравӣ, ҳеч касро дидор накунӣ, магар ӯро бартар аз худ бидонӣ.

Имом Ҳусейн(а): Агар дин надоред ва аз қиёмат наметарсед, лоақал дар дунёи худ озода бошед!

Имом Ҳусейн(а): Худованди Мутаол бандагонро наёфарид, магар он ки ӯро бишносанд, пас ҳар гоҳ, Худоро бишносанд, ӯро ибодат мекунанд.

Имом Ҳусейн(а): Ҳар кас ранҷу андуҳеро аз мӯъмине бартараф созад, Худованди Мутаол ғамҳои дунё ва охиратро аз ӯ дур месозад.

Имом Ҳусейн(а): Ҳамсоягӣ – навъе хешовандист.

Имом Ҳусейн(а): Шоиста нест, ки инсон бубинад, касе Худоро маъсият мекунад, вале ба ӯ эътироз накунад.

Имом Ҳусейн(а): Эй мардум, дар анҷоми корҳои нек бар якдигар сабқат бигиред ва дар суд бурдан аз подошҳои ухравӣ шитоб кунед.

Имом Ҳусейн(а): Чизеро бар забон наоред, ки аз арзиши шумо бикоҳад.

Имом Ҳусейн(а): Дар муддати умр, дар ҳифзи саломатии тан бикӯшед.

Имом Ҳусейн(а): Бахил касест, ки дар салом кардан бухл варзад.

Имом Ҳусейн(а): Қаноат мояи осоиши тан аст.

Имом Ҳусейн(а): Бахшандатарини мардум касест, ки ба он касе, ки ба ӯ чашми умед набастааст, бахшиш кунад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.