Бо хурдани ин сабзӣ зеботарин пуст ва мӯйро дошта бошед

133

Витаминҳо ва маводи мағзии ин сабзӣ, аз резиши мӯй пешгирӣ мекунад.

Коҳу гиёҳи бумии кишварҳои мидитарона ва ховари миёна аст, ки дар саросари ҷаҳон аз он истифода мешавад. Коҳу саршор аз маводи маъданӣ, витамин ва фибир аст.

Ин сабзӣ мисли тамоми сабзиҷот, мақдори имлоҳ ва витамин дорад, ки аз муҳимтарини онҳо метавон ба пешсоз ва витамини А яъне бетокорутен ва асиди фулик ишора кард. Ҳамчунин коҳу ҳовии миқдори витамини С, К, оҳан, мунизим ва калсиюм аст.

Хавос:

1.      Ин гиёҳ манбаи ғании витамини А аст. Витамини А дар раванди бозсозии селулҳо муассир аст ва дар натиҷа ба пуст тароват ва тозагӣ мебахшад.

2.      Петосиюми мавҷуд дар он бо беҳбуди гардиши хун, раванди интиқоли маводи мағзӣ ва оксиженро ба пуст тақвият мекунад.

3.      Таркиби втамини Е ва С мавҷуд дар коҳу, ба ҳифзи саломати пуст кумак мекунад. Витамини Е аз пуст дар баробари ашаъаи музири нури хуршед муҳофизат мекунад ва аз бурузи табоҳии лакаи зард ва оби марворид пешгири мекунад. Иштиҳоро зиёд мекунад ва сумумро аз бадан дафъ мекунад. Ҳамчунин бо бартараф кардани камбуди ҳемуглубин ва намакҳои маъдани боиси шодобии пуст мешавад.

4.      Истифода аз кампреси таҳия шуда бо ҷушондаи чанд барги коҳу ба муддати 20 дақиқа, дар бартараф кардани акна ва песурёзис муассир аст. Барои таъсир гузори, оби кампрес бояд ба дамои утоқ бирасад ва ба муддати 10 дақиқа рӯи пуст гузошта шавад.

5.      Коҳу, як доруи таскин диҳанда ва ором бахши табиӣ аст, зеро шомили миқдори каме аз як моддаи шимёӣ ба номи локтусин (LACTUCIN) аст, ки вақте ба миқдори зиёд масраф гардад, сабаби сусти дар бадан мешавад.

6.      8 дар сади силисин, 9 дар сади фасфур ва миқдори сулфур мавҷуд дар он барои ҳифзи саломати пуст, мӯй ва нохун муфид аст.

7.      Витаминҳо ва маводи мағзии он, аз резиши мӯй пешгири мекунад.

8.      Коҳу, чеҳраи инсонро бо тароват ва дар гунаҳои сурат, сурхии зебое падид меоварад.

9.      Оҳани мавҷуд дар он барои афроди мубтало ба кам хунӣ муфид аст.

10.   Коҳу мӯйи сарро ба ранги сиёҳи зебоӣ дар меоварад, ба хусус агар ношто хурда шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.