Маҳрия ва шароити он

98

Гарчи қонуни маҳр, пеш аз ислом ба суратҳои гуногун вуҷуд дошт, аммо ба латофат ва шафофияте, ки дар Ислом баён шудааст набуд. Дини Ислом як мактаби арзишӣ аст ва зинда кунандаи ақл ва бедоркунандаи фитрат аст. Дар ҳамин росто масири инҳирофии иҷтимоӣ ва диние, ки дар тӯли таърих ба вуҷуд омадааст ислоҳ намуд.
Маҳрия чист?
Маҳрия ба моле гуфта мешавад, ки мард дар замони ақди никоҳ ба завҷаи худ мепардозад ё мукаллаф ба пардохт мешавад. Бар асоси манобеи фиқҳи илосмӣ маҳре, ки шавҳар мепардозад, дар ҳақиқат ба хотири  ҳаққи баҳрабурдан аз зан мебошад.
Маҳрия ва шароити он
Мард ҳангоми иҷрои ақди никоҳи  издивоҷ, чизеро ба ҳамсараш тақдим мекунад, ки дар истилоҳ »маҳрия« (сидоқ) номида мешавад. Ин ҳадя ва бахшише, ки аз тарафи мард анҷом мешавад имрӯза ба ҳадафи пойбандӣ ба лавозими зиндагии муштарак ва иртиботи заношуӣ ё зомине барои ҳақи талоқи зан аст. Дар омӯзаҳои динӣ барои маҳрия миқдори мушаххасе таъин нашудааст, балки ин амр ба тавофуқи зану мард батагӣ дорад. Ҳамчунин дар навъи маҳрия низ маҳдудияте вуҷуд надорад.  Ҳар чизе, ки арзиши иқтисодию иҷтимоӣ дошта бошад метавонад маҳрия қарор гирад, ҳамонанди Тилло, Нуқра, Амлок. Пулҳои лавозими зиндагӣ ва ҳатто омӯзиши Қуръон ё омӯзиши маҳоратии махсус.
Оё ҳаддиақал ва ҳадди аксаре барои маҳрия вуҷуд дорад?
Маҳрия ҳимояти молии мард аз зан баъд аз ақди никоҳ аст: бо ин васф ба ҳеҷ ваҷҳ шаръан ва қонунан ҳаддиақл ва ҳадди аксар барои маҳрия вуҷуд надорад. Албатта мутаассифона дар шароити феълӣ маҳрия ба навъе ба инҳироф кашида шуда ва бештар ҷанбаи рақобатӣ ва таҷамулӣ пайдо кардааст. Дар ҳоле ки завҷ ҳатман бояд ҳадди ақл дар хусуси маҳрияҳои талаб шуда қудрат бар адои дайни қатъии худ, яъне пардохти маҳрия аз замони ақдро дошта бошад. Бино барин чунончи бовар бар напардохтани маҳрия ва ё дар пардохт таклиф надошта бошад дурст набуда ва бояд ин асли муҳим, ки маҳр қарзи пазируфташудаи мард а зан аст, ба як бовар табдил шавад.
Агар дар ақди издивоҷ маҳрия таъин нашудабошад чӣ мешавад?
Агар дар қарордоди издивоҷ маҳрия зикр нашуда бошад ё напардохтани маҳрия шарт шуда бошад ақди издивоҷ дуруст аст ва ҳарду метавонанд баъд аз ақд дар мавриди маҳр тавофуқ намоянд. Аммо агар пеш аз тавофуқ дар мавриди маҳрия байни онҳо наздикӣ воқеъ шавад, завҷа фақат метавонад маҳри мисл(урфӣ) мутолиба кунад.
Фоида ва ҳикмати таъин кардани маҳр
Фоида ва ҳикмати муаян кардани маҳр аз нигоҳи ислом танҳо ҷанбаи моддӣ ва иқтисодӣ надорад, балки бисёри аз ҷанбаҳои маънавӣ ва тарбиятии латиф, ки ҳикояткунанда аз пайванди муҳаббату ишқ ва бақо ва такомул буда  низ манзур шудааст.
1.    Маҳрия таҷаллии фитрат ва табиат аст:
Ҳадя додан ба маҳбуб ба унвони изҳори муҳаббат ва нишон додани алоқа, амре аст фитрӣ ва табии, ки аксаран аз сӯи касе, ки пеш қадам мешавад ва талаб ва ё хостгор аст пешниҳод мешавад.
2.    Маҳрия қонуни ишқу ҷазб аст:
Мард аз назари офариниш мазҳари талаб, ишқу тақозо аст ва зан мазҳари муҳбубияту маъшуқият мебошад. Маҳрия аз ҷониби мард як изҳори ишқ ва муҳаббати фавқулода барои зан мебошад, ки ҳатто болотар аз бахшиш ва ҳадяҳои маъмулӣ ва содааст.
3.    Маҳрия подош ва нишонаи ҳаё ва иззати зан аст.
Маҳр бо ҳаё, иффат ва иззати зан як реша дорад. Зан аз лиҳози офариниш нисбат ба шаҳватҳо муқовимтар аст ин хусусият ҳамеша ба зан фурсат додааст, ки дунболи мард наравад ва худро ройгон дар ихтиёри ӯ қарор надиҳад.
4.    Дар баъзе мавридҳо маҳрия сабаби бақои хонавода ва монеъ аз фурӯпошии он аст.
Баъзе мардони ҳавасбоз гоҳ бидуни ҳеҷ далел ҳамсари худро тарк мекунанд ва зани дигареро, ки ҷавонтар ва бо нишоттар аст интихоб мекунад. Аз ин рӯ кам нест мавридҳое, ки маҳрия сабаби пешгирӣ аз ҳавасрониҳо ва бебандубориҳо гардидааст.
5.    Дар баъзе маворидо, маҳр сабаби таодули иқтисодӣ аст.
Ҳар чанд зан дорои истиқлоли молӣ ва иқтисодӣ аз назари ислом аст, вале ба таври одди дар ҷавомеъ ибтикори амал ба дасти мардон аст. Дар сурати талоқ ва ҷудоӣ эҳтимоли ин ки зан бидуни пуштивонаи иқтисодӣ бимонад биср зиёд аст. Вуҷуди маҳрия як навъ эҳсоси аманияти иқтисодӣ ва пуштивона барои зан мебошад. Албатта коркарди аслии маҳр ҳамон сидқу сафо ва муҳаббати байни  зану шавҳар аст, лизо супориш шудааст маҳрия кам бошад, нақдан пардохт шавад ва….
Асари маҳри зиёд дар зиндагӣ
1.    Ҳар бадеҳкорреро бояд як рӯз бадеҳиашро дод ва маҳрия низ як қарз ва бадеҳкорӣи ба ҳисоб меояд. Ин дар ҳолест, ки маҳрия ҳатто дар сурати фавти зан ба вориси у ирс мерасад ва оҳо ҳаққи гирифтани маҳрияро пайдо хоҳанд кад, ки ин мавзӯъ ба печидагӣ робитаи молии маҳрия ишора дорад.
Ҳангоми издивоҷ тлош кун, ки маҳрия аз маҳруссунна нагузарад – ва он пансад дирҳам аст- пас Расули Худо ба ҳамин маҳрия дигронро ба никоҳ дармеоаврд ва худ низ бо ҳамин маҳр бо занонаш издивоҷ намуд (500 дираҳм =245\5 мисқол нуқра).
2.    Қарздории мард ба зан бар сари маҳрия фақат ба ин дунё хатм намешавад ва авоқиби маънавӣ ва охиратӣ низ ба ҳамроҳ дорад ва чунон чи маҳрия дар тӯли зиндагӣ пардохт нашавад мисли қарзи дигр ва ҳатто бадтар аз он қарз дар охират дархост хоҳад шуд.
3.    Ҳангоме, ки маҳрия зиёд бошад ва асосан агар мард ният бар надодани маҳрия кунад, ки бар асоси ҳадисҳо ин кор гуноҳ буда ва асоси зиндагии заношуиро зери сувол мебарад.
4.    Дар ҳадисҳои ворид шуда маҳрияи зиёдро нописанд шуморидаанд ва сабаби душмании зану шавҳар ба ҳисоб овардаанд ва аз қарор додани маҳрияи зиёд манъ доштаанд, ки ин нишон диҳандаи хатарнок будан ва оримиш ситез будани маҳрия зиёд аст.
5.    Зиёд будани маҳрияи зан фарзандонро аз ирс маҳрум месозад чаро, ки дар ҳангоми фавти шавҳар аввалин ҳаққе, ки муҳосиба мешавад маҳрия зан аст ва агар чизе аз дороиҳои мард боқӣ бимонад ба ворис ва фарзандон таълуқ меигард, аммо дар ҳангоме ки маҳрия  зиёд бошад амалан моле барои мард боқи намемонад, то ба фарзандонаш ба ирс бирасад.
Сухани ахир
Ҳангоме, ки алоқа ба зиндагии муштарак як тараф бошад бо ҳеҷ нерӯи моддӣ наметавон ба он истеҳком бахшид. Роҳҳои қонунии фирор аз тааҳудоти моддӣ бисёранд. Агар алоқа ба зинадгии муштарак, ду тарафа бошад ва ҳар ду тараф маҳоратҳои зинагӣ ва иртиботеро омӯхта бошанд ниёзе ба вуруди модиёт ва паймон номаҳо ба зинадгии заношуӣ нест. Бояд зиндагии муштаракро аз ҳадди коғазбозӣ ва муомилаи тиҷорӣ ба дилҳо бикашонем. Тааҳуди воқеӣ як ҳалқаи издивоҷ, ақдномав ё санади издивоҷ ё солҳое нест, ки ба якдигар зиндагӣ кардаед, балки рафтори шумост дар як як рӯзҳои зиндагиатон бо фарде, ки дӯсташ доред.
Натиҷа он ки:
Аввал, маҳрия аз назари исом танҳо ҷанбаи моддӣ надорад, балки илова бар он ҳикматҳои дигаре низ дар муаян кардани маҳрия нуҳуфтааст. Бино барин на танҳо ба занон ба унвони коло нигоҳ нашуда, бакли арзиш ва эҳтироми зан ба василаи вазъ ва таъини чунин қонуне маҳфуз монадааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.