Нақши мактаб дар шаклгирии шахсияти кӯдак – 2

58

Нақши мактаб дар шаклгирии шахсияти кӯдак – 2

Бахши дуюм

Мактаб ва муҳитҳои омӯзишӣ чӣ нақше дар шаклгирии шасияти кӯдак дорад?

Чӣ гуна шахсияти кӯдак шакл мегирад?

Дар ибтидо лозим аст, бо мафҳуми шахсият ошно шавем. Шахсият яъне маҷмӯае аз боварҳо, арзишҳо, руъёҳо, тафаккурот ва рафтори ҳар фард аст, ки барои ҳар фарде хос аст ва афрод ғолибан бо вижагиҳои он шинохта мешаванд.

Чигунагии шаклгирии шахсияти инсон, таҳти таъсири ду омили муҳим – варосат ва муҳит анҷом мешавад.

Бо вуҷуди ин ки варосат нақши аслиро дар заминаи ҳуш дорад, муҳит ва шароит шахсияти кӯдакро ҷиҳат медиҳанд. Албатта манзур аз муҳит, расона, дӯстон, хонавода ва ғайра аст.

Таъсири муҳит ва маҳалла бар кӯдак инкорнопазир аст.

Кӯдак аз замоне ки ба дунё меояд, дар ҳолати тағйир қарор мегирад. Ин тағйир таҳти таъсири шароити моддӣ ва зеҳнӣ ба вуҷуд меояд. Манзур аз шароити моддӣ, тамоми чизҳоест, ки ба саломатӣ, хӯрду хӯрок, муҳити табиӣ, даромади хонавода ва имконоти омӯзишӣ марбут мебошад…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.