Ош яке аз ғизоҳои миллӣ ва суннатии мардуми Тоҷик

оши палов яке аз ғизоҳои миллии кишвар маҳсуб мешавад, ки дар муносибатҳои гуногун барои меҳмонон пухта мешавад

399

Маводди лозим барои 6 то 8 нафар:

750 грам гушти гусола.

Сабзии хурдшуда 600 грам.

Биринҷ 900 грам.

300 грам дунбаи об кардаи гусфандӣ ё руғани дилхоҳ.

600 грам пиёз.

Чиснок як ё ду адад.

Зира ба миқдори лозим.

Намак ва адвия ба миқдори лозим.

Тарзи таҳия ва  дурусткардан:

Дунбаи гусфанд, хуршуда ва бояд қаблан обшуда ва канор гузошта шавад. Гушти гусола хурдшуда ва ҳудуди 15 дақиқа бо дунба тафт дода мешавад. Сипас пиёзи ҳалқа шуда ва сабзии майда шуда бо ин дунба тафт дода мешавад, то ҳамаи онҳо махлут шавад ва баъд адвия ва намаку сир изофа шуда ва бо миқдори ками об баҳам мезанед, то оби он ба хурди гушт биравад ва бисёр кам об боқи бимонад. Пас аз пухтани гушт биринҷи таршударо дар обу намак шуста об каши мекунанд ва бо махлути гушт таркиб карда дам мекунанд.

Дар поён бояд инро ҳам баён кунем, ки баъзе аз афрод, ҳангоми дам андохтани ош бо он сир (чиснок)-ро дам меандозанд, ки ин кор сабаби хушмазза шудани ғизо ва лазиз шудани он мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.