Покӣ ва покизагӣ дар аҳодис

43

Покӣ ва покизагӣ дар аҳодис

Ислом дини покию покизагист. Покӣ ва покизагӣ дар ислом, ду ҷанбаи моддӣ ва маънавӣ дорад. Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Эй мардум, ҳамоно ки Худои Мутаол пок аст ва фақат покӣ ва покизагиро бар шумо меписандад ва ҳар амали поку покизаро аз шумо қабул мекунад ва аз ҷумлаи покизагиҳо ин аст, ки Худои Мутаол ба мо мусалмонон ба таври хос ва ба ҳамаи инсонҳо ба таври ом, ба покӣ ва покизагӣ дар мавриди хӯрокиҳо, нӯшиданиҳо ва он чӣ ки аз даҳон ба бадан ворид мекунем, супориш мекунад”.

Паёмбари Худо (с) фармудаанд: Ҳамоно Худованд пок асту поконро дўст дорад ва покиза асту покизагиро дўст дорад.

Паёмбари Худо (с): Бо ҳарчи тавонистед, худро покиза кунед, зеро Худованди Мутаол Исломро бар покизагӣ бино ниҳодааст.

Паёмбари Худо (с): Ислом покиза аст, пас покиза бошед, зеро ҷуз шахси покиза вориди биҳишт намешавад.

Паёмбари Худо (с): Бар ҳар мусулмоне лозим аст, ки ҳафтае як бор худро бишўяд ва сару баданашро шустушў диҳад.

Паёмбари Худо (с): Ҳамоно Худованд аз нопокию жўлидагӣ нафрат дорад.

Канз-ул-фавоид, ба нақл аз Паёмбари Худо (с): Ҳамоно Худованд аз инсоне, ки бо нопокию бадбӯӣ ҳамнишини худро нороҳат мекунад, нафрат дорад.

Паёмбари Худо (с): Касе, ки либос таҳия мекунад, бояд онро покиза намояд.

Паёмбари Худо (с): Либосатонро бишўед ва худатонро ороставу покиза гардонед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.