Ҳуқуқи фарзандон бар падару модар

38

Ҳуқуқи фарзандон бар падару модар

Ҳуқуқи навзод

Баррасии раҳнамудҳои Ислом дар бораи ҳуқуқи навзод, нишон медиҳад, ки кўдак дар оғози таваллуд ҳашт ҳақ бар хонаводаи худ дорад. Дар идома ба ин ҳуқуқ ишорае хоҳем намуд.

1 – Бузургдошти таваллуд

Рўзе, ки Худованди Мутаол неъмате ба инсон иноят кунад, «ид» аст ва фархундаву муборак. Навзод неъмати бузурге барои хонавода аст ва ҷашни таваллуд дар ҳақиқат ҷашни сипосгузорӣ аз ин неъмати бузурги илоҳӣ аст ва таҳният гуфтани он ва валима додан барои бузургдошти он, матлуб аст.

Ҷашни таваллуд, бузургдошти рўзе аст, ки нахустин неъмати илоҳӣ, ки халъати вуҷуд аст, инсонро фаро мегирад ва ў бо камоли иззату бузургворӣ, дида ба ҷаҳон мекушояд.

Паёмбари Худо (с) аз Имом Алӣ (а) пурсид: Нахустин неъмате, ки Худованд ба ту иноят кард, чист?

Имом (а) посух дод: Нахустин неъмати илоҳӣ бар ман ин аст, ки маро офарид, дар ҳоле ки чизи дархўри зикре набудам.

Бинобар ин, такрори ҳамасолаи ҷашни таваллуд ба манзури сипосгузорӣ аз нахустин неъмати илоҳӣ, шоиставу некўст, ҳарчанд далели хоссе, ки истеҳбоби ин ҷашнро исбот намояд, вуҷуд надорад, монанди ҷашни таклиф.

2 – Ғусл додан

Дар бораи ғусли навзод чан нукта қобили диққат аст:

а) Мақсуд аз ин ғусл шустушўи навзод нест, балки мақсуд ғусл ба мафҳуми шаръии он аст. Бинобар ин, касе ки навзодро ғусл медиҳад, бояд аҳкоми ғусл (монанди: қасди қурбат ва тартиб)-ро риоят намояд.

б) Истеҳбоби ин ғусл машрут аст ба зарар надоштани он барои кўдак.

в) Истеҳбоби ғусли навзод ҳангоми таваллуд аст ва таъхир дар он то ду се рўз монее надорад.

г) Бархе аз фуқаҳои гузашта, ғусли навзодро воҷиб донистаанд.

3 – Азону иқома гуфтан дар гўши навзод

Нукоте, ки дар мавриди ин кор қобили диққат аст, инҳост:

а) Азон бояд дар гўши рости навзод гуфта шавад ва иқома дар гўши чапи ў.

б) Ҳангоми гуфтани азону иқома дар гўши навзод, дар бархе ривоёт пас аз баланд шудани садои навзод ва дар бархе қабл аз афтодани нофи ў зикр шудааст.

в) Ин суннати исломӣ ҳокӣ аз нақшофаринии нахустин садо дар табиат кўдак ва таъсири он дар тарбияту сарнавишт ўст.

4 – Бардоштани коми кўдак

Мақсуд аз ин амал молидани миқдоре турбати Саййид-уш-шуҳадо (а) ва оби Фурот ба коми навзод аст.

Ҳикмати ин кор он аст, ки ҳақталабӣ, адолатхоҳӣ ва дўстии Аҳли Байт (а) дар оғози зиндагӣ дар ҷони кўдак нуфуз кунад, чунон ки дар бархе ривоёт ба ин маъно ишора шудааст.

Дар шуморе аз ривоёт бардоштани коми кўдак бо оби борон, оби гарм, хурмо ва асал низ тавсия шудааст ва аз ин рў дар сурати имкон беҳтар аст қадре асалу хурморо бо каме оби Фурот ё оби борон махлут кунанд ва ба коми кўдак бимоланд.

Ин раҳнамуд низ нишон диҳандаи нақши нахустин хўрданиҳо, монанди нахустин шуниданиҳо дар сарнавишти кўдак аст.

5 – Интихоби номи некў

Дар ривоёти исломӣ интихоби номи некў барои навзод, нахустин некии хонавода ба фарзанд шумурда шудааст. Шоиста аст, ки хонаводаҳои мусулмон бо баҳрагирӣ аз раҳнамудҳои пешвоёни худ, беҳтарин номро барои фарзандони худ интихоб намоянд. Ин раҳнамудҳо иборатанд аз:

а) Хонаводаҳо метавонанд ҳар номи зебоеро барои кўдаки худ интихоб кунанд.

б) Содиқтарин номҳо, номҳое аст, ки ҳокӣ аз убудият ва пайванди инсон бо офаридгори худ бошад.

в) Беҳтарин номҳо, номи анбиёи илоҳӣ ва пешвоёни динӣ ва беҳтар аз ҳама номи Муҳаммад аст.

г) Касоне, ки Худованди Мутаол чаҳор фарзанди писар ба онҳо иноят кардааст, хуб нест, ки номи яке аз онҳоро «Муҳаммад» нагузорад.

д) Номгузории фарзанд қабл аз таваллуд анҷом шавад ва агар маълум нест, ки ҷанин духтар аст ё писар, номе, ки бо ҳарду таносуб дорад, интихоб гардад. Албатта тағйири номи пас аз таваллуд монее надорад.

е) Номгузории писар ба «Муҳаммад» то ҳафт рўз пас аз таваллуд ва тағйири он пас аз гузашти ин муддат, дар сурати тамоюл.

ё) Бархе номиҳо монанди: Муҳаммад, Фотима ба далели иртиботи онҳо бо шахсиятҳои бузурги исломӣ, эҳтироми вижае доранд, ки бояд риоят гардад.

ж) Номҳое монанди: шаҳоб, ҳариқ, ҳубоб, калб, фаррор, ҳарб ва золим, ки ҳокӣ аз шар ва ё ашроранд, макрўҳ аст.

з) Номҳое, ки ҳокӣ аз худситоӣ аст ё ҳангоми нафйи онҳо дар гуфтугў фоли бад зада мешавад (монанди: муборак), накўҳида шумурда шудааст.

и) Номҳое, ки шоистаи Худованди Мутаол аст (монанди: Қуддус, Ҳакам ва Холиқ), набояд дар номгузорӣ мавриди истифода қарор гирад ва бархе ин гуна номгузориро таҳрим кардаанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.