Аҳамияти ташкили оила

220

1. Ташкили хонавода

1. Паёмбари Худо (с): Шахси боимон набояд аз ташкили хонавода имтиноъ варзад, (зеро бо ин иқдом) умед меравад Худованд фарзандоне насиби ў гардонад, ки заминро бо «Ло илоҳа иллаллоҳ» гаронбаҳо созанд.

2. Паёмбари Худо (с): Ҳамсардорон беҳтарин уммати ман ва беҳамсарон бадтарин уммати ман ҳастанд.

3. Паёмбари Худо (с): Дар Ислом ҳеҷ биное назди Худованди Мутаол дўстдоштанитар аз издивоҷ нест.

4. Паёмбари Худо (с): Хонавода ташкил диҳед, ки мояи фузунии рўзии шумост.

2. Фарзандталабӣ

5. Паёмбари Худо (с): Фарзанд бихоҳед ва онро талаб кунед, зеро мояи равшании чашму шодии қалб аст.

6. Паёмбари Худо (с): Ҳеҷ як аз шумо набояд фарзандхоҳиро вогузорад, зеро вақте инсон бимираду фарзанде надошта бошад, аз ному овоза меафтад.

7. Паёмбари Худо (с): Хонае, ки кўдак дар он набошад, баракат дар он нест.

8. Паёмбари Худо (с): Дар ҳеҷ хонаводае писар зода нашудааст, магар ин ки иззате ёфтанд, ки пеш аз он надоштанд.

9. Паёмбари Худо (с): Бўи фарзанд (насиме) аз бўи биҳишт аст.

10. Паёмбари Худо (с): Фарзанд барои падар гули хушбўе аз ҷониби Худост, ки онро мебўяд. (Ин гулро Худованд) миёни бандагонаш тақсим кардааст.

11. Паёмбари Худо (с): Фарзанд меваи дил аст ва ҳамў мояи тарсу бухл ва андўҳ аст.

12. Паёмбари Худо (с): Ҳар чизе мевае дорад ва меваи дил фарзанд аст.

13. Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Ашъас ибни Қайс: Бо намояндагони қабилаи Канда бар Паёмбари Худо (с) ворид шудам. Ба ман фармуд: «Оё фарзанде дорӣ?».

Гуфтам: Ҳангоми ҳаракат ба сўи шумо писаре аз духтари Ҷамад ибни Валиаи Кандӣ бароям мутаваллид шуд, вале ба ҷои он серии хонаводаамро дўст медоштам.

Паёмбари Худо (с) фармуд: «Ҳаргиз инро магў, зеро онон нури чашманд, (агар бимонанд) ва онгоҳ ки бимиранд, мояи подоши илоҳианд, вале агар бигўӣ, ки онон мояи тарсу андўҳанд, оре, (чунин аст), онон мояи тарсу андўҳанд.

14. Имом Зайнулобидин (а): Аз саодати мард доштани фарзандоне аст, ки аз онҳо кўмак мегирад.

15. Имом Козим (а): Касе хушбахт аст, ки намирад, то ҷонишине аз насли худ бибинад.

16. Кофӣ ба нақл аз Бакр ибни Солеҳ: Ба Имом Козим (а) навиштам: «Ман панҷ сол аст, ки аз фарзанддор шудан худдорӣ кардаам ва ин ба он ҷиҳат аст, ки ҳамсарам онро дўст надорад ва мегўяд: Ба хотири камии мол, парвариши онон барои ман сахт аст.

Назари шумо чист?

Имом (а) дар посухи ман навишт: «Фарзанд бихоҳ, зеро Худованди азза ва ҷалла рўзии ононро медиҳад».

17. Имом Ризо (а): Бетардид ҳаргоҳ Худованди Таборак ва Таоло хайри бандаеро бихоҳад, ўро намемиронад, то ҷонишинаш (фарзанди солеҳ)-ро ба ў нишон диҳад.

3. Фазилати фарзанди солеҳ

18. Паёмбари Худо (с): Аз саодати мард, доштани фарзанди солеҳ аст.

19. Паёмбари Худо (с): Ҳамоно фарзанди солеҳ гуле аз гулҳои биҳишт аст.

20. Паёмбари Худо (с): Фарзанди солеҳ гуле аст, ки Худованд онро миёни бандагонаш тақсим кардааст ва ду гули ман аз дунё, Ҳасан ва Ҳусайн ҳастанд. Ононро ба номи ду тан аз фарзандони Исроил (Яъқуб), Шаббар ва Шубайр,[1] номи ниҳодам.

21. Паёмбари Худо (с): Аз неъмати Худо бар мард он аст, ки фарзандаш шабеҳи ў бошад.

22. Кофӣ ба нақл аз Муҳаммад ибни Синон аз касе, ки барояш ривоят кард: Имом Зайнулобидин (а) ин гуна буд, ки ҳаргоҳ ба фарзанде башорат дода мешуд, намепурсид, ки писар аст ё духтар, то ин ки мепурсид «Оё солиму комил аст?». Агар солим мебуд, мефармуд: «Сипос Худоеро, ки аз ман чизи ноқису носолим наёфарид».

23. Имом Боқир (а): Аз саодати мард ин аст, ки фарзандаш дар ҷисм ва ахлоқу рафтор ба ў шабоҳат дошта бошад.

4. Пайвастани фарзандони аҳли имон ба онон дар биҳишт.

Қуръони карим

Ва онон ки имон оварданд ва фарзандонашон бо дараҷае аз имон аз онон пайравӣ карданд, фарзандонашонро ба онон мулҳақ мекунем ва аз подоши амалашон ҳеҷ намекоҳем, зеро ҳар кас дар гарави дастоварди хеш аст.[2]

Ҳадис

24. Имом Ҳасан (а) дар бори ин сухани Худованд азза ва ҷалла: «Ва онон ки имон оварданд ва фарзандонашон бо дараҷае аз имон аз онон пайравӣ карданд, фарзандонашонро ба онон мулҳақ мекунем»: Амали фарзандон аз падаронашон камтар аст. Пас фарзандонро ба падаронашон мулҳақ мекунанд, то чашмони онон равшан гардад.

5. Фазилати таҳаммули озори кўдак

25. Кофӣ ба нақл аз Муҳаммад ибни Муслим: Назди Имом Содиқ (а) нишаста будам, ки Юнус ибни Яъқуб ворид шуд, дар ҳоле ки дидам нола мекард. Имом Содиқ (а) ба вай фармуд: «Чӣ шудааст, ки туро нолон мебинам?».

Гуфт: Кўдаке дорам, ки саросари шаб аз ў азият шудам.

Имом Содиқ (а) ба вай фармуд: «Эй Юнус! Падарам Муҳаммад ибни Алӣ аз падаронаш аз ҷаддам Паёмбари Худо (с) нақл кард, ки Ҷабраил (а) бар вай фуруд омад, дар ҳоле ки Паёмбари Худо (с) ва Алӣ (а) нола мекарданд. Ҷабраил гуфт: Эй дўсти Худо! Чӣ шудааст, ки туро нолон мебинам?

Паёмбари Худо (с) фармуд: «Ду кўдак дорем, ки аз гиряи онон азият шудаем».

Ҷабраил (а) гуфт: Сабр кун, эй Муҳаммад! Зеро ба зудӣ барои ин қавм пайравоне барангехта мешаванд, ки ҳаргоҳ яке аз онон гиря кунад, гиряаш то ҳафтсолагӣ «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст ва вақте аз ҳафтсолагӣ гузашт, гиряаш то булуғ омурзишхоҳӣ барои падару модараш аст ва вақте аз булуғ гузашт ҳар кори неке, ки ба ҷо оварад, подоше низ барои падару модараш бошад ва ҳар кори ношоисте, ки ба ҷо оварад, муҷозоте бар падару модараш набошад.

6. Фаровонии фарзанд

26. Паёмбари Худо (с): Бо духтарони бокираву фарзандзо издивоҷ кунед ва бо занони некўю зебо, аммо нозо издивоҷ накунед, зеро ман рўзи қиёмат дар баробари дигар умматҳо бо онҳо ба шумо ифтихор мекунам.

27. Паёмбари Худо (с): Бо зани меҳрубони фарзандзо издивоҷ кунед, зеро ман рўзи қиёмат ба фаровонии шумо бар дигар умматҳо ифтихор мекунам.

28. Паёмбари Худо (с): Зани зебои нозоро раҳо кунед ва бо зани зишти фарзандзо издивоҷ кунед, зеро ман рўзи қиёмат ба фаровонии шумо бар дигар умматҳо ифтихор мекунам.

29. Паёмбари Худо (с): Фарзандонатонро зиёд кунед, ки ман фардо бо фаровонии шумо бар дигар умматҳо ифтихор мекунам.

30. Имом Ҳусайн (а): Вақте Юсуф (а) бародараш Бенёминро мулоқот кард, ба вай гуфт: «Бародар! Чӣ гуна тавонистӣ пас аз ман бо занон издивоҷ кунӣ?».

Гуфт: Падарам ба ман амр карду гуфт: Агар метавонӣ фарзандоне дошта бошӣ, ки ба василаи тасбеҳи Худованд заминро гаронбаҳо созанд, пас издивоҷ кун.

7. Фазилати духтарон

31. Паёмбари Худо (с): Аз муборакии зан ин аст, ки фарзанди нахусти ў духтар бошад.

32. Паёмбари Худо (с): Бўи фарзанд аз бўи биҳишт аст ва духтаронро ҷуз мўъмин касе дўст надорад.

33. Имом Ҳасан (а): Писарҳо неъматанду духтарҳо некӣ. Худованд аз неъматҳои савол мекунаду бар некиҳо подош медиҳад.

8. Подоши тарбияти духтарон

34. Паёмбари Худо (с): Духтарони пўшида фарзандони хубе ҳастанд. Ҳар кас яке дошта бошад, Худованд онро барои вай пўшише аз оташи дўзах қарор медиҳад ва ҳар кас дуто дошта бошад, Худованд ба хотири онон ўро вориди биҳишт созад ва агар се духтар ё монанди он хоҳар дошта бошад, ҷиҳоду садақаи мустаҳаббиро аз ў бармедорад.

35.Паёмбари Худо (с): Духтарон дилсўз, мададкор ва бобаракатанд. Ҳар кас як духтар дошта бошад, Худованд онро пўшише аз дўзах қарор медиҳад ва ҳар кас ду духтар дошта бошад, ба хотири онон вориди биҳишт шавад ва ҳар кас се духтар ё монанди он хоҳар дошта бошад, ҷиҳоду садақаи мустаҳаббӣ аз ў бардошта мешавад.

36. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас ду духтарро сарпарастӣ кунад то бузург шавад, ману ў монанди ин ду дар канори ҳам вориди биҳишт мешавем (ва ба ду ангушти ишора ва миёна ишора кард).

37. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас се духтарро сарпарастӣ кунад то издивоҷ кунанд, монеи ў аз оташи дўзах бошанд.

9. Таваҷҷўҳ ба духтарон

38. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас вориди бозор шавад ва чизе харида онро барои хонаводааш бибарад, монанди касе аст, ки садақаеро барои гурўҳи ниёзманде мебарад ва бояд пеш аз писарон аз духтарон оғоз кунад, зеро ҳар кас духтареро шод кунад, гўё бардае аз фарзандони Исмоилро озод кардааст ва ҳар кас чашми писареро равшан кунад, гўё аз тарси Худованд гиря кардааст ва ҳар кас аз тарси Худованд бигиряд, Худованд ўро вориди биҳиштҳои пурнеъмат месозад.

10. Накўҳиши нохуш доштани духтарон

39. Паёмбари Худо (с): Духтаронро нохуш надоред, зеро онон ҳамдамони гаронбаҳое ҳастанд.

40. Китоби ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ: Ба Паёмбари Худо (с) таваллуди духтареро башорат доданд. Ба чеҳраи асҳоби худ нигоҳ карду нохушнудиро адр чеҳраи онон дид. Фармуд: «Шуморо чӣ шудааст? Гуле аст, ки онро мебўям ва рўзии он бар Худованди азза ва ҷалла аст».

41. Кофӣ ба нақл аз Ҷоруд ибни Мунзар: Имом Содиқ (а) ба ман фармуд: «Ба ман хабар расидааст, ки аз ин ки духтаре барои ту зода шудааст нороҳат ҳастӣ. Аз ў зиёне ба ту намерасад. Гуле аст, ки онро мебўӣ ва рўзияш тазмин шудааст. Паёмбари Худо (с) худ падари чанд духтар буд.

42. Ба нақл аз Иброҳими Карахӣ: Яке аз пайравони мавриди итминон чунин нақл мекунад, ки ман дар Мадина издивоҷ кардам. Имом Содиқ (а) ба ман фармуд: «Издивоҷро чӣ гуна дидӣ?».

Гуфтам: Ҳеҷ марде ҳеҷ хайре дар зане надид, магар он ки ман ҳам дар ў дидам, вале ў ба ман хиёнат кард.

Фармуд: «Чӣ хиёнате?».

Гуфтам: Духтар зоид.

Фармуд: «Гўё аз духтар хушат наёмадааст. Худованди азза ва ҷалла мефармояд: “Падаронатон ва фарзандонатон, шумо намедонед кадом як барои шумо судмандтаранд”[3]».

43. Кашф-ул-ғумма ба нақл аз Айюб ибни Нўҳ: Яҳё ибни Закариё фарзанде дар роҳ дошт. Аз ин рў ба Имом Ҳодӣ (а) навишт: Ман фарзанде дар роҳ дорам. Аз Худо бихоҳед, ки писаре рўзиям кунад.

Имом (а) дар посухи вай навишт: «Чӣ басо духтаре, ки аз писар беҳтар бошад».

Ва барои ў духтаре зода шуд.

11. Накўҳиши фарзанди носолеҳ

44. Имом Алӣ (а): Фарзанди носолеҳ шарофатро табоҳу ниёгонро бадном мекунад.

45. Имом Алӣ (а): Фарзанди носолеҳ ниёгонро лаккадору наслро табоҳ месозад.

46. Имом Алӣ (а): Фарзанди нофармон, мояи ранҷу шум аст.

47. Имом Алӣ (а): Сахттарини мусибатҳо носолеҳии насл аст.

48. Имом Алӣ (а): Бадтарини фарзандон, фарзанди нофармон аст.

49. Имом Содиқ (а): Аз анҷом додани коре, ки моро ба хотири он сарзаниш мекунанд, бипарҳезед, зеро фарзанди носолеҳ, падараш бо амали ў сарзаниш мешавад.

12. Дархости хонаводаи солеҳ аз Худо

50. Кофӣ ба нақл аз Абўбасир: Имом Содиқ (а) ба ман фармуд: «Вақте касе аз шумо издивоҷ мекунад, чӣ мекунад?».

Гуфтам: Намедонам.

Фармуд: «Ҳаргоҳ қасди онро кард, ду ракъат намоз бихонаду Худоро сипос гўяд, сипас бигўяд: Бор Илоҳо! Ман мехоҳам издивоҷ кунам. Пас зане барои ман муқаддар кун, ки афифтарини онҳо ва хештандортарини онҳо дар ҷони худаш ва моли ман ва пуррўзитарини онҳову пурбаракаттарини онҳо бошад ва барои ман фарзанди поке муқаддар кун, ки ўро ҷонишини шоистае дар зиндагиям ва пас аз маргам қарор диҳӣ».

[1] Шаббар ва Шубайр ду номе буд, ки Ҷабраил (а) барои Паёмбари Худо (с) овард ва муодили арабии онҳо Ҳасан ва Ҳусайн аст. (Таърихи Димишқ, ҷ 14, с 119, ҳ 4313).

[2] Тур/21.

[3] Нисо/11.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.