Ҳадаф аз тарбият

308

А) Аз нигоҳи макотиби дигар:
Тарбият ҳамонанди ҳар фаъолияти иродии дигари инсон, ҳадаферо дунбол мекунад. Ҳадафдории таълим ва тарбият аз ҳадафдории низоми офариниш, навъи ҷаҳонбинӣ, инсоншиносӣ ва мабонии пазируфта шудаи як мактаби тарбиятӣ ҷудо нест. Ҳамчунон ки авомил ва шароити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар навъи ҳадафдории тарбият таъсири фаровоне доранд. Ба таври кулли инсонро ду гуна ва бо ду ҳадаф метавон сохт: Яке бар асоси он чи офаридагораш хоста ва бо истеъдодҳои вижа ва ҳадафи мушаххас; яъне хайр, маслиҳат ва саодати воқеии ӯ таҷҳиз карда ва тарбияти динӣ баёнгари он аст. Дуввумӣ бар асоси он чӣ андешаҳои башарӣ ва роҳнамоёни фикрӣ ва сиёсат гӯзорони иҷтимоӣ ирода кардаанд. Монанди ҷавомеи санъатӣ ва моддӣ, ки инсонро дар ҷиҳати манофеи худ ҳамонанди абзор ба хидмат мегиранд.
Баҳс аз аҳдофи тарбият ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи макотиб ва ҷавомеъ будааст. «Дар Юнон омодасозии фард барои фадокорӣ дар роҳи сарзаминро, ҳадаф аз тарбият талаққӣ мекарданд.»
Бархе табиатгароён муътақиданд: «Ҳадафи омӯзиш ва парвариш омода сохтани фард барои пирӯзӣ дар танозуи бақост.»  Дар ҷомеаи комунистӣ ҳадафи наҳоии тарбият, фароҳам кардани имкониятҳои рушд ва густариши давлати комунистӣ аст.  Профессор “Бруди” устоди таълим ва тарбияти донишгоҳҳои Амрико, зиндагӣ хубро ҳадафи асосии таълим ва тарбият медонад. Ӯ ҷанбаҳои шахсии зиндагии хубро дар мавориди зер муъаррифӣ мекунад:
1‑ Бархурдорӣ аз саломатии бадан. 2‑ Бархурдорӣ аз амнияти отифӣ. 3‑ Эҳсоси қудрат ва эҳтиром. 4‑ Умед нисбат ба оянда.
Ва дар буъди иҷтимоӣ, ҳадаф тарбияти шаҳрванди шойстааст он ҳам барои дохили марзҳо.
Вилём Ҷимз файласуфи Амрикоӣ таваҷҷӯҳи инсон ба «худ густардатар»-ро дар фароянди тарбият лиҳоз кардааст. Нависандаи китоби “Фалсафаҳои тарбиятӣ” мегӯяд: «Тарбият башарро мутаваҷҷеҳи халоқиятҳои худ мекунад ҳамон чизе, ки Вилём Ҷимз онро “худ густардатар” номидааст.»
Дар бархе макотиби тарбиятӣ аз «худ огоҳӣ», «худ шиносӣ» ва «ахлоқ» низ сухан ба миён омадааст. Масалан: Экзистенсиалистҳо  ҳадафи таълим ва тарбиятро хидмат ба инсоният ва огоҳии инсон аз худ медонанд. Ба назари онон тарбият бояд ба инсон дар пайдо кардани огоҳии лозим ва дуруст аз хеш ёрӣ расонад. Дар ин мактаб рушд ва густариши огоҳӣ, фароҳам овардани фурсат барои интихоби озодӣ ва ахлоқӣ, ташвиқ ба худшиносии рушд ва такомул, эҳсоси  масъулияти шахсӣ ё масъул бор овардани шахс, аз муҳимтарин аҳдофи тарбият ба шумор меравад.
Ҳарчанд масъалаи худогоҳӣ, худшиносӣ, рушд ва интихоби озодӣ ва ахлоқӣ, ки дар ин дидгоҳ унвон шуда, дар асл бо аҳдофи динӣ зид нест, балки ҳамсӯи он аст, аммо тамоми сухан ва марзи фосили миёни тарбияти динӣ ва ғайри динӣ дар ташхиси «худ»‑и инсон ва чӣ гунагии шинохти инсон ва таъйини маҳдудаи озодӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ аст, ки агар мабонӣ ва усули пазируфташудаи динӣ мавриди тардид ё инкор бошад, бозӣ бо вожаҳо ҳеҷ мушкилеро ҳал нахоҳад кард. Бинобар ин аҳдофи ёдшударо бо таваҷҷӯҳ ба мабонӣ ва мактаб бояд мавриди мутолиа қарор дод на мутлақ ва номушаххас. Масалан Экзистенсиалисм, ки қоил ба асолати инсон ва мабдаияти ӯ барои халқи ҳамаи арзишҳост, бо нодида гирифтани «мабдаи ҳастӣ», ки асли асоси ҳамаи арзишҳост ва инкори пешинаи фитрии инсонӣ барои ӯ даъвои рушд ва камол ва ахлоқ, иддаоест номафҳум ва пояи илмӣ ва фалсафӣ надорад.
Барои касоне, ки ҷаҳонро зоҳирӣ тасаввур мекунанд ва ҳаёт ва офаринишро дорои тарҳ ва нақшаи мушаххас ва маъқуле намедонанд, сухан гуфтан аз аҳдофи инсонӣ, роҳе ба сӯи ҳақиқат намебарад, зеро ҳар гоҳ тамоми мақсади ҳаёт дар таҳаққуқи ормонҳои зиндагии мавҷуд хулоса гардад, аҳдофи таълим ва тарбият низ аз он фаротар нахоҳад рафт.
Дидгоҳҳо дар аҳдофи таълим ва тарбияти ҷадид аз ин қабил аст, ки намунаи онро дидем ва ановине аз қабили зиндагии хуб, саломати бадан, амнияти отифӣ ва рушди ақл дар тарбият лиҳоз шудааст ва аз он чи унсури асосии тарбияти инсон аст; яъне унсури маънавият ва имон ба мабдаъ, фазоил ва камолоти инсонӣ камтар асаре мушоҳида мешавад, ки сустӣ ва ғайри воқеӣ будани ин тафаккур пушида нест ва муҳаққиқони ғарбӣ низ каму беш ба он эътироф доранд. Доктор Корел мегӯяд: «Таълим ва тарбияти имрӯз бо таваҷҷӯҳ ба парвариши ифротии қувои ақлонӣ, таолии равониро мутаваққиф кардааст.»  Фредрик Мойр менависад: «Инфикоки арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ аз фароянди тарбиятӣ мумкин нест. Бо ин ҳол бештари вақтҳо ба ин арзишҳо бо кӯтаҳбинӣ менигаранд.»  Бадеҳист, ки таъолии равонӣ ва арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ ба мафҳуме, ки дин матраҳ мекунад аз қаламрави дониши тарбиятии ҷадид хориҷ аст. Албата дар бархе дидгоҳҳои ҷадид гоҳ аз Худо, имон, дин ва ҳадаф будани маънавиёт сухан ба миён меояд. Масалан Тулстви мегӯяд: «Хубӣ, олитарин мақсади ҷовиди ҳаёти мост. Муҳим нест, ки хубиро аз чи роҳе бифаҳмем, он чи бояд гуфт ин аст, ки ҳаёти мо ҷуз кушиш барои расидан ба хубӣ; яъне сайр ба сӯи Худованд, чизи дигаре нест. Дар воқеъ хубӣ як мафҳуми аслӣ ва асосист, ки ҷавҳари вуҷуди моро барои он сӯи табиат ва олами ғайри модӣ ташкил медиҳад, ки ба иродаи ақл қобили таъриф нест.»
Ба назари Ҳерборт, файласуфи олмонӣ, ҳадафи ниҳоӣ аз омӯзиш ва парвариш, бояд тарбияти ахлоқ, сохтани хислат ва сиришти кӯдак бошад, то дорои дин ва имон гардад.
Ба назари «Идеалистҳо» , ҳадафи омӯзиш ва парвариш таҳаққуқи зот аст ва ҳар навъ тарбияте бояд бар дин, ахлоқ, маънавиёт ва зебоӣ мубтанӣ бошад.
Кулиёти он чи дар ин дидгоҳҳо омадааст мавриди баҳс ва муноқиша нест, он чи муҳим аст баҳс аз мабонӣ, усул, масоил ва аҳдофи тарбиятӣ аст ва ин ки кадом дин ва мактаб ва бо кадом усул ва мабонӣ ва равиш ва барномаҳо таҳаққуқбахши ормони инсон ва саодатӣ воқеии ӯст ва барнома ва тарҳи амали тарбиятро чӣ касе бояд таъйн кунад ва чунон ки хоҳем дид, инҳо ба шакли воқеъбинона, ҷуз аз тариқи тарбияти саҳеҳи динӣ, ки таҳаққуқи комили он дар мактаби тарбиятии ислом аст, қобили дастрасӣ нест. Ба илова он ки, маънавият низ қобили тафсирҳои мутафовит аст, масалан Фредрик майр мегӯяд: «Маънавияти ҳақиқӣ он аст, ки одамӣ рӯҳи ҷуяндагӣ дошта бошад ва худро ба болотарин мазоҳири фарҳанг биёрояд.»
Б) Аз нигоҳи Ислом:
Бар асоси нигарише, ки Ислом ба олами офариниш ва мабдаи ҳастӣ дорад ва мақсаде, ки барои ҳаракати умумии ҷаҳон қоил аст ва унсури рӯҳонӣ ва илоҳӣ, ки барои инсон муаррифӣ мекунад ва оғоз ва анҷоме, ки барои ҳаёти ӯ мешиносад, болотарин ҳадаф ва мақсуд аз тарбият «Сохтан ва холис кардани инсон барои Худованд аст, ки рамзи саодат ва фавзу фалоҳ ва ҷовидонагии ӯ дар ин нукта наҳуфтааст.»
Ислом ойини тавҳид аст: Тавҳид дар зот, тавҳид дар сифот, тавҳид дар афъол, тавҳид дар ибодат ва итоъат ва тавҳид дар “ҳадаф”.
Дар Ислом барои инсон, чи дар ҳаракати таквинӣ ва чи дар ҳаракати ташриъӣ, ҳадафе ҷуз Худо шинохта намешавад. Ҳамон гуна ки Қуръон таълим медиҳад:
<قُلْ اِنَّ صَلاتِى وَ نُسُكِى وَ مَحْياىَ و مَماتِى ‏لِلّهِ رَبِّ الْعالَمينَ> “Бигӯ: Ба ростӣ намозам ва [сойири] ибодотам ва зиндагиам ва маргам, барои Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.”
Агар тарбияти инсон бар асоси муаррифии исломӣ анҷом пазирад камолот ва маротиби зайл барои ӯ ҳосил мешавад:
1)    Яқини шуҳудӣ;
Тақарруби инсон ба Худо ва ғинои рӯҳӣ ва истикмоли вуҷудии ӯ дар заминаи маърифат ва дар сояи илм ва амал ва инқитоъ ва истиғно аз ғайри Худо ва раҳёбӣ ба манбаи ҷамол ва камоли мутлақ, ки фитрати инсон дар талаби он аст, волотарин ҳадафе аст, ки дин барои ҳаёт ва ҳаракати инсон ва тарбияти ӯ ироа мекунад. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:
<يا اَيُّهَا اْلأِنْسانُ اِنَّكَ كادِحٌ اِلى‏ رَبِّكَ كَدْحاً فَمُلاقِيهِ> “Эй инсон! Дар ҳақиқат ту ба сӯи Парвардигорат комилан талош мекунӣ (ва ранҷ мекашӣ) ва Ӯро мулоқот мекуни.”
Ва ба ин тартиб поёни сайр ва ҳаракати инсонро, ки аз Худо оғоз шуда, бозгашт ба сӯи ӯ медонад. Камол ва авҷи ин ҳаракат ҳангомест, ки бо оромиши нафс ва дар олами аз муҳаббат ва хушнудии мутақобил ба ҷавори ҳазрати ҳақ, бор ёбад ва дар зумраи бандагони солеҳи Худо ба волотарин манозили биҳишт, ки биҳишти ҳузур аст дарояд:
>  يا اَيَّتُهَا النَّفْسُ المُطْمَئِنَّةُ * ارْجِعى اِلى‏ رَبِّكِ راضِيَةً مَرضِيَّةً * فَادْخُلِى فى عِبادِى * وادْخُلِى جَنَّتِى<
“Эй ҷони ором ёфта! Ба сӯи Парвардигорат боз гард дар ҳоле ки (ту аз Ӯ) хушнуди [ва] мавриди ризояти (Ӯ) ҳастӣ, пас дар (сулуки) бандагони (вижаи) ман дарой, ва дар биҳишти ман ворид шав!.”
Тарбияти исломӣ бо эҷоди рӯҳи ормонхоҳии мутаолӣ ва парвариши шахсияти ахлоқии инсонӣ дар партави ибодат ва ризоят  вайро ба марҳалае аз “яқини шуҳудӣ” мерасонад, ки ҷуз Худо набинад ва ҷуз ба ризои ӯ наяндешад ва хештан ва ҳамаи оламро барои Худо бихоҳад ва дилро аз он чи ранги таъаллуқ мепазирад, раҳо сазад ва дар истилоҳи аҳли маърифат: «فانی فی الله» ва «باقی با لله» мунқатеъ аз ғайр ва муттасил ба ҳақ дар ҳаёти тайибаи абадӣ қарор ва ором гирад ва ба лиқои ҷамили мутлақ ва мушоҳидаи оёт ва ҷилваи асмо ва сифоти ӯ хушҳол ва масрур бошад.
Яқин ва убудият: Чунон ки Қуръони Карим тасреҳ дорад, тариқи дастёбӣ ба яқин ва шуҳуди ҳақиқӣ ибодат аст.
<وَ اْعبُدْ رَبَّكَ حَتّى‏ يأتِيَكَ الْيَقِينُ> “Ва Парвардигоратро ибодат кун то яқин (марг) фарорасад”.  Убудият ва бандагиро аз ду лиҳоз метавон нигарист: Яке бо мафҳуми ташриӣ, монанди намоз ва рӯза, ки ин яке аз равишҳои тарбияти исломист ва дигарӣ ҳақиқат ва ҷавҳараи убудият, ки фуруғи равшани вилояти илоҳия аст.  Ҳосил ва натиҷаи ибодоти ташриӣ; яъне инқитоъи банда аз хештан ва ҳар он чи ғайри Худост ва пайвастан ба ҳақ ва истиғнои аз ғайр. Бо ин мафҳум убудият фаротар аз ибодати ташриист. Ҳазрати Ҳусейн ибни Алӣ(а) мефармоянд:
]إِنَّ اللَّهَ جَلَّ ذِكْرُهُ مَا خَلَقَ الْعِبَادَ إِلَّا لِيَعْرِفُوهُ فَإِذَا عَرَفُوهُ عَبَدُوهُ فَإِذَا عَبَدُوهُ اسْتَغْنَوْا بِعِبَادَتِهِ عَنْ عِبَادَةِ مَا سِوَاه[
“Худои Бузург халқро наёфарид ҷуз барои маърифати худ, пас чун Ӯро шинохтанд парастиш кунанд ва чун ба ибодати Ӯ сар фурӯд оваранд аз ибодат ва бандагии ғайри Худо бениёз гарданд.”
Аллома Ҷаводӣ Омулӣ менависад: Метавон яқини шуҳудӣ ба маорифро ҳадафи ниҳоӣ офариниш донист, ки ҳамвора ба ибодат муттакист, гар чи наҳваи эътимоди он бар ибодат дар ҳар марҳала муносиб бо ҳамон марҳалааст, яъне дар дунё ба матни ибодатҳои ташриъӣ такя дорад ва дар охират ба ботини он ки зоҳир мешавад муттакист, ва агар лаҳзае ибодат набошад он чи  ошкор аст пинҳон мегардад ва он чи шоҳид аст маҳҷуб мешавад, зеро танҳо василаи солик ва зуҳури ғайб ҳамоно ибодат аст:
وَ اْعبُدْ رَبَّكَ حَتّى‏ يأتِيَكَ الْيَقِينُ
2)    Такомули ақл ва қалб;
Ҳар гоҳ маншаи фаъолиятҳои маънавӣ ва рӯҳонии инсонро ақл ва қалб бидонем, бояд гуфт яке аз аҳдофи тарбияти исломӣ такомули ақлу қалб аст, ки яке василаи фаҳму идрок ва дигарӣ конуни эҳсосу ирфон аст ва ҳамин фалсафа дар беъсати Паёмбарон(с) лиҳоз гардидааст. Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:
فَبَعَثَ فِيهِمْ رُسُلَهُ وَ وَاتَرَ إِلَيْهِمْ أَنْبِيَاءَهُ لِيَسْتَأْدُوهُمْ مِيثَاقَ فِطْرَتِهِ وَ يُذَكِّرُوهُمْ مَنْسِيَّ نِعْمَتِهِ وَ يَحْتَجُّوا عَلَيْهِمْ بِالتَّبْلِيغ
“Худованд паёмбарони худро дар миёни мардум барангехт, то пойбандӣ ба мисоқи фитратро аз онон бихоҳанд ва неъматҳои фаромӯш шудаи Худоро ба ёдашон оваранд ва бо таблиғи рисолат ҳуҷҷатро бар онҳо тамом кунанд.”
Парвариши ақл ва қалбро соири макотиби тарбиятӣ низ унвон кардаанд, аммо низоми тарбиятии Ислом, бо тарбияти ғайри динӣ мутафовит аст. Дар мактаби тарбиятии Ислом тариқи дастрасӣ ба ин мақсад тақво, муҷоҳида, поксозии нафс ва полойши рӯҳ аст, то инсон шоистагии дарёфти ҳақоиқи ҷаҳони ҳастиро пайдо кунад. Қуръон таъкид меварзад, ки ҳар гоҳ инсон дар роҳи Худо муҷоҳида кунад (муҷоҳидаи бо нафс) Худованд бо инояти хоссаи худ туруқи ҳидоятро ба ӯ менамоёнад; яъне ба ӯ биниши худоӣ медиҳад:
<وَالَّذينَ جاهَدوُا فِينا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنا وَ اِنَّ اللَّهَ لَمَعَ المُحْسِنين> “Ва касоне, ки дар (роҳи) мо талош кунанд, қатъан ба роҳҳои худ, раҳнамудашон хоҳем кард.”
Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:
[ذَكِّ عَقْلَكَ بِاْلأَدَبِ كَما تُذَكِّى النَّارَ بِالْحَطَبِ] “Ақли хешро бо адаб бияфрӯз он гуна ки оташро бо ҳезум меафрӯзӣ.”
Ва низ мефармоянд: [مَنْ لَمْ يُهَذِّبْ نَفْسَهُ لَمْ يَنْتَفِعْ بِالْعَقْل] “Он кас, ки нафси худро таҳзиб накунад аз ақл баҳра нахоҳад гирифт.”
Ҳазрати имом Хумайнӣ(р) дар мабоҳиси тарбиятӣ ва ахлоқии худ бар ин нукта таъкид дорад: «Модоме ки инсон дар байти торики  нафс аст ва бастаи таъаллуқоти нафсония, ҷамии абвоби маъориф ва мукошифот ба рӯи ӯ бастааст, ва ҳамин ки аз ин байти торик бо қуввати риёзот ва анвори ҳидоёт хориҷ шавад ва манозили нафсро тай кунад, фатҳи боби қалб ба рӯи ӯ шавад ва маъориф дар қалби вай зуҳур кунад.»
Ёдоварии ин нукта лозим аст, ки такомули ақл ҳарчанд аз аҳдофи тарбият аст, худ муқадимаест барои такомули қалб ва расидан ба мақоми қурб ва яқини шуҳудӣ, ки мақсади наҳоист.
3)    Адл ва қист;
Аз бархе оёт бар меояд, ки адолат ва қист, ҳадафи беъсати анбиё(а) ₋яъне мураббиёни башар₋ будааст ва Худованд паёмбаронро фиристод, то бо оёт, байинот, китоб ва қонун мардумро ба қисту адли фардӣ ва иҷтимоӣ раҳнамуд гардонанд:
<لَقَدْ اَرْسَلْنا رُسُلَنا بِالبَيِّناتِ وَ اَنْزَلْنا مَعَهُمُ الكِتابَ وَ الْمِيزانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ> “Ба яқин фиристодагонамонро бо далилҳои равшан фиристодем, ва ҳамроҳи онҳо китоб (илоҳӣ) ва тарозуро фурӯ фиристодем, то мардум ба адлу додгарӣ бархезанд.”
Бархе тасаввур кардаанд, ки ҳадафи наҳоии шариъатҳо ва тарбиятҳои динӣ танҳо адолати иҷтимоӣ аст ва бақия муқаддима аст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ гузашт метавон гӯфт: Қист ва адл аз аҳдофи мутавассит аст, хоҳ адлро чунон ки, бархе гӯфтаанд бахше аз ибодат ба мафҳуми васеи он бидонем, ки Худо ба он фармон додааст:
<اِعْدِلُوا هُوَ أقرَبُ لِلتَّقْوی> “Адолат кунед! Ки он ба (худ нигаҳдори ва) порсои наздиктар аст.”  Ва ё ин ки ба унвони як қонун ва дастури иҷтимоӣ талаққӣ кунем, ки дар ин сурат муқаддимае хоҳад буд барои тарбият, такомул, таъаббуд, таслим, ҳаракат дар сироти мустақими илоҳӣ ва саодати абадӣ, зеро ҷуз дар сояи адолати иҷтимоӣ, ки он ҳам ҳосили адолати фардӣ аст, истеъдодҳои волои инсонӣ шукуфо намешавад ва фард ва ҷомеа ба камоли лоиқи худ намерасанд. Дар як ҷомеаи носолеҳ ва нобаробар, ки фисқ, фасод, ситам ва табъиз ҳоким аст, истеъдодҳои инсонӣ ва имконоти табиӣ дар масири саҳеҳ қарор нахоҳад гирифт ва заминаи рушди фазоил фароҳам нахоҳад гашт.
Аз ин рӯ Ҳазрати Алӣ(к) ислоҳи ҷомеаи башариро дар адл дониста ва мефармояд:  [فِى العَدْلِ صَلاحُ البَرِيَّةِ] “Маслиҳати халқ дар адл аст.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.