Ҳуқуқи навзод дар оинаи аҳодис

55

Ҳуқуқи навзод дар оинаи аҳодис

Бузургдошти таваллуд

“Ва дуруд бар ў, рўзе ки зода шуд ва рўзе ки мемирад ва рўзе ки зинда барангехта мешавад!” (Қуръон сураи  Марям/15)

“Ва салом бар ман рўзе ки зода шудам ва рўзе ки мемирам ва рўзе ки зинда барангехта мешавам!” (Қуръон, сураи Марям/33)

Ҳадис

Имом Боқир (а): Эй фарзанди рўзҳои сегона: он рўз, ки дар он зода шудӣ, он рўз, ки дар қабрат фуруд меоӣ ва он рўз, ки ба сўи Парвардигорат берун меоӣ. Эй вой бар ў аз он рўзи бузург!

Имом Боқир (а) ҳангоми табрик ба хотир фарзанддор шудани касе: Аз Худо мехоҳам, ки ўро бо ту ва пас аз ту ҷонишини шоистаи ту қарор диҳад, зеро фарзанд ҷонишин падар дар зиндагию марги ўст.

Имом Содиқ (а): Бузургтарин рўзи инсон, рўзе аст, ки зода мешавад ва кўчактарин рўзи ў, рўзе аст, ки мемирад.

Имом Содиқ (а): Шахсе дар табрик ба касе, ки писардор шуда буд, гуфт: Таваллуди фарзанди саворкор бар ту муборак бод.

Имом Ҳасан (а) ба ў фармуд: Ту чӣ медонӣ, ки ў саворкор хоҳад шуд ё пиёда?

Фидоят шавам, пас чӣ бигўям?

Фармуд: Бигў: Сипос гузоридӣ бахшандаи ин неъматро ва ҳадяи Худованд ба ту муборак бод. Умедворам ба камол бирасад ва Худованд некияшро рўзии ту гардонад.

Кофӣ ба нақл аз Алӣ ибни Ҳакам аз яке аз пайравон: Имом Козим (а) дар таваллуд яке аз фарзандонаш то се рўз бо косаҳои бузург дар масоҷиду кўчаҳо ба мардуми Мадина бо фолуда (ҳалвое аст, ки аз орд ва обу асал дуруст мекунанд) валима дод.

Ғусл додани навзод

Имом Содиқ (а): Ғусли навзод лозим аст.

Азону иқома гуфтан дар гўши навзод

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас соҳиби фарзанд шавад ва дар гўши рости ў азону дар гўши чапаш иқома гўяд, умми сибён (Умми сибён, ба навъе беморӣ гўянд, ки дар он фард дучори ҳолате мешавад, ки дар истилоҳ ба он «бод гирифтан» мегўянд ва гоҳе мўҷиби беҳушии фард мегардад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки умми сибён навъе ҷин аст, ки кўдаконро озор медиҳад. Дар форсӣ муодили модари дев ва девзадагӣ дониста шудааст) ба ў зиён нарасонад.

Паёмбари Худо (с): Барои ҳар кас фарзанде зода шавад, бояд дар гўши рости ў азону дар гўши чапаш иқома бигўяд, зеро мояи эминӣ аз шайтони рондашуда аст.

Сунани Абўдовуд ба нақл аз Абўрофеъ: Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки вақте Фотима (а) Ҳасан ибни Алӣ (а)-ро бизод, дар гўши ў азони намоз хонд.

Имом Алӣ (а): Вақте замони зоймони Фотима (а) фаро расид, Паёмбари Худо (с) ба Асмоъ бинти Умайс ва Умми Салама (р) фармуд: Дар канораш бошед. Вақте фарзандаш ба дунё омаду гиря кард, дар гўши росташ азону дар гўши чапаш иқома бигўед, зеро ҳар ҷо монанди ин кор анҷом шудааст, навзод аз шайтон дар амон мондааст ва ҳеҷ накунед, то ман биёям.

Вақте Фотима (а) таваллуд кард, онон ҳамин корро карданд, сипас Паёмбари Худо (с) омаду нофи ўро бурид ва нахустин хўрокро бо оби даҳонаш ба ў доду гуфт: Худовандо! Ман ўро ва фарзандони ўро аз шарри шайтони рондашуда, дар паноҳи ту қарор медиҳам.

Имом Содиқ (а) дар бораи он чӣ ҳангоми вилодати навзод анҷом медиҳанд: Ба момо ё касе, ки назди ўст, фармон диҳед дар гўши росташ азон бигўяд, то ҳаргиз девонаву ҷинзада нашавад.

Имом Содиқ (а) дар баёни он чӣ ҳангоми вилодат шоиста аст: Дар гўши рости ў азон ва дар гўши чапаш иқома бигў. Ин корро пеш аз буридани ноф анҷом бидеҳ, ки дар ин сурат ҳаргиз тарсон намешавад ва дучори бемории умми сибён намегардад.

Ком бардоштан

Паёмбари Худо (с): Коми навзод бо оби гарм бардошта мешавад.

Муснади Абўяъло ба нақл аз Абўмўсо: Барои ман писар зода шуд. Ўро назди Паёмбари Худо (с) бурдам. Ўро Иброҳим номид ва коми ўро бо хурмо бардошту дуо кард, ки мояи баракат бошад ва ўро ба ман баргардонд.

Саҳеҳи Муслим ба Нақл аз Оиша (р): Ҳангоме ки кўдаконро назди Паёмбари Худо (с) меоварданд, эшон ононро мутабаррик мекарду коми ононро мебардошт.

Имом Алӣ (а): Коми фарзандонатонро бо хурмо бардоред. Паёмбар (с) бо Ҳасан ва Ҳусайн ин гуна кард.

Имом Алӣ (а): Огоҳ бошед, ки агар аҳли Кўфа коми фарзандонашонро бо оби Фурот бармедоштанд, ҳар оина пайрави мо мешуданд.

Кофӣ ба нақл аз Юнус аз яке аз пайравон: Имом Боқир (а) фармуд: Коми навзод бо оби Фурот бардошта ва дар гўши ў иқома гуфта мешавад.

Ва дар ривояти дигаре омадааст, ки фармуд: Коми фарзандонатонро бо оби Фурот ва бо турбати қабри Имом Ҳусайн (а) бардоред ва агар нашуд бо оби борон.

Имом Содиқ (а): Коми фарзандонатонро бо турбати Имом Ҳусайн (а) бардоред, зеро мояи эминӣ аст.

Имом Ризо (а): Ҳангоме ки фарзанд зода мешавад, коми ўро агар тавонистӣ бо оби Фурот, вагарна бо асал бардор.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.