Чигуна иқтисоди хонаводаи худро мудирият кунем?

251

Роҳкорҳои муваффақият дар иқтисоди хонавода.

Иқтисоди хонавода танҳо маҳдуд ба хонаводаҳои мураффаҳ ва сарватманд нест. Ин илм барои ақшори кам даромад, ки иттифоқан дахлу ва харҷашон ҳамхонӣ надорад корбурдҳои бештаре хоҳад дошт.

Аз нукоти қобили таваҷҷуҳ дар иқтисоди хонавода ин аст, ки афзоиши даромад, ба маънои беҳбудии маоши хонавода нест, балки афзоиши даромад афзоиши ҳазинаҳоро ба дунбол хоҳад дошт, балке мудирияти ҳазинаҳост, ки ҳунари гардонандагони иқтисоди хонаводаро ошкор мекунад, хонаводаҳо наметавонанд ҳангоми мувоҷиҳа бо камбуди буджети моҳонаашон як мутаммами буджа биёваранд ва ҳазинаҳои изофиро ҳазф кунанд, банобар ин, бояд қодир бошанд ҳазинаҳоро мудирият кунанд.

Ончи иқтисоди хонавода ро мунҳасир ва мумтоз мекунад вуҷуди иртибототи дарунӣ байни нақшҳои шуғлӣ ва хонаводагӣ аст. Бо ин вуҷуд набояд фаолиятҳои иқтисоди хонаводаро шухи ва саргармӣ донист, балке бояд бо ҷиддият ва барномарезии дақиқ онҳоро пайгирӣ кард. Ин ба он маъност, ки тамоми аъзои хонавода вазифа доранд аз сиёсатҳои иқтисоди хонавода дар ҷиҳати пешбурди аҳдофи он табаият кунанд.

Мудирияти иқтисоди хонавода дар шароити оддӣ, бояд бар асоси мизони даромадҳои ҳар як аз аъзои хонавода ва ҳазинаҳо танзим шавад. Ҳамонтавр, ки дар хонавода волидайн, бояд мудирияти отифӣ, равонӣ ва иҷтимоиро эъмол кунанд дар баҳси ҳазина кардан ва эҷоди таодул байни дахлу харҷ, бояд мудирияти иқтисодиро эъмол кунанд.

Роҳкорҳои пешниҳодӣ барои давом ва қивоми иқтисоди хонавода

1-   Барномарезӣ барои ояндаи иқтисоди хонавода;

Бе шак барномарезӣ барои ояндаи зиндагӣ дар тамоми хонаводаҳо матраҳ аст. Дар батни як мудели системи иқтисодии хонавода, хонавода ва иқтисоди онро наметавон аз ҳам муҷаззо кард, бинобар ин замоне, ки барой ҳар як аз онҳо барномарезӣ мекунем, ногузирем дигареро низ мадди назар қарор диҳем. Таваҷҷуҳ ба ниёзҳои отии хонавода ва ҳамчунин шинохти фурсатҳо ва таҳдидҳои иқтисодии хонавода дар ин росто аҳамият дорад. Ин кор барои тамоми аъзои хонавода муфид хоҳад буд. Метавон ҷаласоти хонаводагиро рӯи ин маворид мутамаркиз кард.

2-   Анҷоми мушовираҳои иқтисодӣ;

Баъзан хонаводаҳо дар мудирияти иқтисодии худ аз тавони лозим бархурдор нестанд ва ё ин ки бо масоил ва мушкилоте мувоҷиҳ мешаванд, ки ба танҳои аз уҳдаи он бар намеоянд. Имрӯза манобеъ ва муроҷиаи бисёре бо мавзуи иқтисоди хонавода вуҷуд дорад. Барги баранда шинохти марҷаи шоиста ва муроҷиа ба он ва касби мушовираи саҳеҳ аст.

Аз ҷумлаи манобеи билқувваи иттилоот ва мушовира метавон ба дӯстон ва ошноён, ақвом, аъзои хонавода, ҳамкорони шуғлӣ ва олимони динӣ ишора кард.

3-   Афзоиши сатҳи дониши иқтисоди хонавода;

Ибтидоитарин марҷаъ барои афзоиши сатҳи дониш ва огоҳӣ рӯзона шудани китобҳо ва нашриёт аст. Ироаи омузишҳои лозим ба фарзандон ва иртиқои сатҳи умумии дониши иқтисоди хонавода метавонад заминаи хубе барои тасмимгириҳои саҳеҳи иқтисодӣ бошад.

4-   Руҳияи ҳамкорӣ байни аъзои хонавода;

Таомули муносиб байни аъзои хонавода ва ҳамчунин авлавият бандии ниёзҳои иқтисодӣ сабаби тақвият ва саломати иқтисодии хонавода мешавад.

Ҷойгоҳои фарзандон дар иқтисоди хонавода

Нақши кудакон ва фарзандон ба унвони яке аз масрафкунандагони асосӣ дар хонавода аз яксӯ ва ҷойгоҳи онон дар отияи иқтисодии хонаводаҳо аз сӯи дигар зарурати таваҷҷуҳ ба омузиши саҳеҳ ва ҳидояти ононро эҷоб мекунад. Бо роҳбарии саҳеҳ ва муносиб дар иқтисоди хонавода, хусусияти ҷамъгароӣ, садоқот, дилсузӣ, сарфаҷӯӣ, масъулиятпазирӣ ва дигар хусусиёти мусбат рушд ва парвариш меёбад. Ҳидояти фарзандон дар масири шинохти масоил, мушкилот, камбудиҳо ва маҳдудиятҳои иқтисодии хонаводаҳо метавонад дар ислоҳи рафтори молӣ ва ҳамчунин воқеиятнигарии онон нақши муҳимме ифо кунад.

Занон ва мудирияти иқисоди хонавода

Занон дар мудирият ва барномарезии улгуҳои масрафӣ дар хонавода нақши аслиро доранд. Албатта дар ҷавомеи суннатӣ ин нақш дар масири қаноат дар хонавода пуррангтар буда аст.

Баъзе аз коршиносон масрафро калиди фаҳми таҳаввулоти иҷтимоӣ баён мекунанд, чаро ки бар ин асос воқиъяти хонаводаро беҳтар метавон шинохт. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки сатҳи зиндагии афрод дар ҷомеа дучори тағёироти асосӣ аст нигоҳи имрӯза ба иқтисод дар ҷомеа нигоҳи васеъ ва густардатар аст.

Дар қадим масраф сирфан як рафтори иқтисодӣ дида мешуд ба тавре, ки афроди ғанӣ ба лиҳози даромади боло колоҳои бештаре масраф мекарданд, ҳол он ки имрӯза масраф василаи аст, ки афрод шахсияти худро ба дигарон нишон медиҳанд. Дар воқеъ масраф ба як рафтори иҷтимоӣ табдил шуда аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳе, ки зан дар хонавода ба унвонӣ модар ва фарде, ки дар интиқоли арзишҳои ахлоӣи ба насли баъд муассир аст, метавонад дар ислоҳи улгуи масраф ҳам нақши бисёр муҳим дошта бошад. Агар дар хонаводае масраф ва истифода аз колоҳои масрафӣ тавасути модари хонавода мудирият нашавад, иқтисоди хонавода дучори мушкил мешавад. Ҳамон тавре, ки нақши зан дар ҷомеаи суннатӣ дар қаноат бисёр чашмгир буд дар ҷавомеи мудерн ҳам дар гароиш ё адами гароиши афроди хонавода ба масрафгарои бисёр муасир аст.

Зан бо истифода аз ҷойгоҳи вижае, ки аз лиҳози эҳсосот ва авотиф дар хонавода дорад метавонад рӯи улгуи масраф ва низоми иқтисодии хонавода таъсири мустақим дошта бошад.

Афзоиши баҳрабарӣ дар хонавод.

Барои коҳиши ҳазинаи хонавода қабл аз истифода аз ҳар равише қиммати равишҳои мухталифро бо ҳам муқоиса шавад ва онгоҳ аз равише истифода шавад, ки зимни таҳаққуқи хостаи ниҳоӣ ва эҷоди матлубият дар хонавода, поёнтарин ҳазинаро дошта бошад. Масалан дар интихоби васоили зиндагӣ бо таваҷҷуҳ ба арзиши анвои коло ва дар назар гиритани ҳар кадом мавридеро интихоб кунем, ки дар айни арзонтар будан, ҳадаф аз ба коргирии он василаро ҳам ба наҳви матлуб муҳаққақ месозад.

Дар зиндагии хонаводагӣ, бояд тасмимоти мухталиф иттихоз шавад. Метавон буджаи хонаводаро ба колои масрафии бодавом мислӣ яхдон, телевизион, мошин, маскан ва ғайра ихтисос дод, ё онро барои колои масрафии бедавом мислӣ истироҳ ва сафаркардан сарф кард. Ин мавзуъ дар мавриди теъдоди фарзандон байни кайфияти омузиши беҳдошт ё камият низ содиқ аст.

Аҳамияти замон ва барномарезӣ дар иқтисоди хонавода

Замон манбае аст, ки дар ихтиёри ҳамаи афрод аст. Ин манбаи муҳим дорои вижагиҳои хосси худ аст, ки аз соири манобее, ки назди фард ва хонавода қарор дорад мутамоиз аст. Замон манбаи маҳдуд аст, ки на қобили захира кардан аст ва на баргаштпазир. Оҳанги онро наметавон тундтар ё кундутар кард. Лизо манбаъ аст, ки бояд дар қиболи ончи ба даст меояд сарф шавад. Аз онҷо, ки инсон дар қибол ҳарчи, ки ихтиёр дорад масъул аст дар муқобили замон низ масъулият дорад.

Бо ин нигариш нисбат ба замон барномерезии замон барои худ ва хонавода аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Дар воқеъ барномарезии хонавода ба манзури истифодаи беҳина аз замон нахустин қадам дар роҳи барномарезии иқтисодии хонавода аст.

Хонавода бидуни барнома мисли созмоне аст, ки ба ҳоли худ раҳо шуда аст. Аҳдофи ташкилдиҳагдагони хонавода муҳақақ намешавад, магар онки раис ва мудири хона барои расидан ба аҳдофи мавриди назарашон бо шинохти кофӣ аз имконот ва манобеи дар ихтиёр, барномарезӣ дошта бошад. Нахуст бояд чорчубаи аҳдофи куллии хонавода таъйин шавад, онгоҳ кулли барнома ба барномаҳо ва ҳадафҳои хурдтар барои расидан ба ҳадафи аслӣ тақсим шавад. Аз инру барномарезӣ дар се уфуқи замонӣ баландмуддат, миён муддат ва кутоҳ муддат зарурат дорад. Дар барномарезии дарозмуддати хонавода, бо таваҷҷуҳ ба манобеи сарват ва даромад ва замоне, ки ихтиёр дорад аҳдофи баланд муддати худро таъйин мекунад.

Табиӣ аст аҳдофе мисли донишгоҳ фиристодани фарзандон наметавонад як шаба таҳаққуқ пайдо кунад, балке эҳтиёҷ ба пешзамина дорад. Аз ин ру ба ҳамроҳи барномаҳои дарозмуддат хонавода бояд барномаҳои кутоҳмуддат ва миён муддате ҳам таҳия кунад. Дар барномаи миёнмуддате, ки дар ростои барномаи дарозмуддат танзим мешавад, хонавода бояд ниёзҳо ва имконоти худро шиносоӣ кунад, то беҳтарин шиваро интихоб кунад. Масалан дар мисоли донишгоҳ рафтани фарзандон, хонавода бояд заминаи таҳсил дар муҳитҳои муносиб пеш аз донишгоҳ, дар давраҳои пешдонишгоҳиро барои фарзандон дар барномаи миёнмуддат фароҳам кунад. Ба ҳамин тартиб лозим аст, ки барои даст ёбӣ ба аҳдофи барномаи миёнмудат, чанд барномаи кутоҳ муддат низ пеши рӯй хонавода қарор бигирад.

Коршиносони иқтисодӣ муътақиданд, пас аз ин марҳила яъне барнома резӣ ва интихоби хаттмашйе барои таҳаққуқи аҳдофи ин барномаҳо муваффақият ба рӯи хонаводаҳо лабханд мезанад ва фақат кофист зангори худхоҳӣ, худраъйи ва манийятро аз дилҳои аъзо бишуем ва чашмамон ба ҷамоли фидокор, бо садоқат, ҳамроҳ ва ҳамдил ва ҷамъгароии аъзои хонаводаҳо равшан шавад.

Бояд инро бидонем ва медонем, ки падарон ва модарони азизамон, пеш аз он ки ба дунё биёем барои сохтани зиндагии беҳтар бароямон талошҳо кардаанд ва баъд аз таваллудамон ҳам, бо сахтиҳои кудакии мо зиндагиро барои мо сохтанд. Акнун, ки мо бузург шудаем ва гоҳ заҳмату хидматҳои бе миннати онҳоро фаромуш мекунем, оё ба ин ояии илоҳӣ таваҷҷуҳ дорем, ки Аллоҳ таъоло фармуд; эй бандагон! дар баробари он ду (падару модар) ҳатто як уф ҳам нагӯед, ки ҷоиз нест.

Ва аммо падарону модарони азиз, ки худ рӯзе фарзанди дигар падару модар будаанд медонанд, ки ҳар луқмае, ки барои фарзандонамон медиҳем, гушту пусту хуни ӯро тавлид мекунад. Оё таваҷҷуҳ дорем, ки ин яъне ояндаи фарзандони мо?! Пас дар дахлу харҷи зинадагӣ, хусусан хонаводагӣ бештар таваҷҷуҳ ба ҳалолу ҳаромҳо дошта бошем, то иншоаллоҳ ояндаи фарзандонро онтавр, ки зиндагии саодатманд талаб дорад бисозем.

Худованд моро аз шукргузорони падару модаронамон бигардонад, ки фармуд; шукр намегузорад худоро, он ки махлуқи Ӯро шукр нагӯяд ва аз тарбияткунандагони фарзандони солеҳ ва пок бигардонад, ки ояндаи миллату ҷомеа ба ин вобаста аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.