Ҳуқуқи фарзандон бар падару модар – II

133

Ҳуқуқи фарзандон бар падару модар – II

Бахши дуюм

Ҳуқуқи навзод

Дар баҳси гузашта дар мавриди бузургдошти таваллуди кӯдак, номгузории кӯдак, ғусл додан ва гуфтани азону иқома дар гӯши кӯдак сӯҳбат намудем ва дир идома ба чанд мавриди дигар аз ҳуқуқи навзод ишора хоҳем намуд.

Тарошидани сари навзод

Мустаҳаб аст, ки рўзи ҳафтуми вилодат, мўҳои сари навзод тарошида шавад ва ҳамвазни он тилло ё нуқра садақа дода шавад. Дар истеҳбоби ин амал фарқе миёни навзоди духтар ва писар нест.

Ақиқа кардан барои навзод

Ақиқа кардан иборат аст аз зибҳи гўсфанд ҳангоми вилодат барои итъом.

Нукоте, ки дар ин кор бояд мавриди таваҷҷўҳ қарор гирад, иборатанд аз:

а) Ақиқа кардан барои фарзанд, мустаҳабби муаккад аст, балки бархе аз фуқаҳо онро воҷиб донистаанд.

б) Мустаҳаб аст барои писар гўсфанди нар ақиқа шавад ва барои духтар гўсфанди мода.

в) Замони ақиқа кардан рўзи ҳафтуми вилодат аст ва агар дар он таъхир бияфтад, истеҳбоби он соқит намешавад, балки агар падару модар барои фарзанд ақиқа накарда бошанд, мустаҳаб аст шахс пас аз булуғ барои худ ақиқа кунад.

г) Мустаҳаб аст, ки гўшти ақиқаро миёни мўъминон тақсим кунанд ва аз онон бихонҳанд барои навзод дуо кунанд, вале беҳтар аст ақиқаро бипазанду ҳадди ақал даҳ нафар аз аҳли имонро барои хўрдани он даъват кунанд, то аз он бихўранду барои навзод дуо намоянд.

д) Мустаҳаб аст дар тақсим кардани гўшти ақиқа, устухонҳои онро нашикананд ва пову рон, балки якчаҳоруми онро барои момо бифиристанд.

е) Барои падару модари навзод ва оилаи падар макрўҳ аст аз ақиқаи навзодашон бихўранд ва ин кароҳат барои модари навзод бештар аст.

ё) Дуо кардан ҳангоми зибҳи ақиқа мустаҳаб аст. Дуоҳое, ки дар ин бора аз Аҳли Байт (а) ворид шудааст, бисёр аст.

Хатна кардани навзод

Хатна кардани писар дар рўзи ҳафтуми вилодат суннат аст ва таъхири он то ҳангоми булуғ ҷоиз нест. Эҳтиёт он аст, ки авлиёи кўдак ўро қабл аз булуғ хатна кунанд, аммо пас аз булуғ хатна воҷиби фаврӣ аст ва таъхири он ҷоиз нест.

Ҳамчунин мустаҳаб аст, ки ҳангоми хатнаи кўдак, дуои маъсур хонда шавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.