Аввал тарбият сипас таълим

308

Шояд бароятон ин суол пеш омада бошад, ки таълим аввал аст ё тарбия? Гоҳе таълимро аввал мегӯянд ва гоҳе тарбияро.
Як олими динӣ чӣ сифоте бояд дошта бошад ва вазоифи ӯ чист? Арзиши ин кор то куҷост? Ва … .
Биёед бо ҳам ба суроғи Қуръони Карим биравем, то посухи худро пайдо кунем.
Дар Қуръони Карим мехонем, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) аз Худованд чунин дуо ва дархост карданд:
“Парвардигори мо! Дар миёни онон (насли мо) фиристодае аз худашон барангез (ва интихоб кун), то оёти туро барои онон бихонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад ва покизашон кунад, чунки ту ҳақиқатан шикастнопазири ҳакимӣ.”
Биёед бо ҳам ба нукоти зер таваҷҷӯҳ кунем:
    Раббано  яъне ту мураббии мо ҳастӣ ва беъсати Расул сабаби тарбияти ҷомеа ва насли инсон аст.
    Ибъас  аз решаи “баъаса” ба маънои барангехтан аст. Яъне Парвардигори мо! Ба фарде аз миёни насли мо, ангезаи кофӣ барои расондани рисолат ва паёмат иноят бифармо то дар сахтиҳо, мушкилот, пирӯзиҳо, сулҳ ва шикасте, ки рӯ ба рӯ мешавад пойдор бимонад. На дар сахтиҳо ноумед ва на дар роҳатиҳо мағрур ва сармаст нашавад.
    Ту азизӣ.  Яъне ҳар чи бихоҳӣ ҳатман анҷом мешавад. Ҳатто агар тамоми мардуми дунё нахоҳанд ва барои нобуд кардани он мубориза кунанд. Дар ҳар ҳоле намояндаатро пуштибонӣ ва ҳимоят мекунӣ. Агар ту бихоҳӣ ашрафи махлуқот ҳазрати Муҳаммад(с)-ро дар ҳангоми ҳиҷрат аз Макка ба Мадина бо тори тортанак, ки дар сустӣ зарбулмасал аст, наҷот медиҳӣ.
    Ту ҳакимӣ.  Яъне тарбияти ту ҳакимона аст ва ҳар касеро барои анҷоми ин маъмурият интихоб кунӣ ҳакимона аст.
     Ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) барои расул, се сифат зикр карданд;
1)    Аз худи мардум  бошад, то мардумро бишиносад ва мардум ҳам ӯро бишиносанд, аз ӯ сармашқ бигиранд ва мушкилоти онҳоро бифаҳмад ва барои бартараф кардани он барномарезӣ кунад.
2)    Дар миёни мардум  бошад, то дар дастраси ниёзмандон бошад, на монанди телефони мобилӣ (ҳамроҳ), ки баъд аз тамос мешунавед, ки муштараки мавриди назар дар дастрас нест ва ё мобилаш хомуш мебошад!
3)    Дар хидмати мардум  бошад ва роҳро аз чоҳ барояшон нишон диҳад.
    Ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) барои расул чаҳор вазифа ва роҳи хидмат зикр карданд;
1.    Тиловати оёти илоҳӣ .
2.    Таълими китоб .
3.    Таълими ҳикмат .
4.    Тазкия ва тарбияти мардум .
Худованди Мутаол дар се оя қабул шудани дуои ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а)-ро баён мекунад:
كَمَا أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولاً مِّنكُمْ يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمْ تَكُونُواْ تَعْلَمُونَ
“Ҳамон тавр ки дар миёни шумо фиристодае аз худатон равона кардем, )ки) оёти моро бар шумо мехонад ва шуморо пок мегардонад ва ба шумо китоб ва ҳикмат меомӯзад ва он чизеро, ки намедонистед ба шумо ёд медиҳад.”
لَقَدْ مَنَّ اللّهُ عَلَى الْمُؤمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولاً مِّنْ أَنفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبْلُ لَفِي ضَلالٍ مُّبِينٍ
“Ба яқин Худо бар мӯъминон миннат ниҳод, )ки( паёмбаре аз худашон дар миёни онон барангехт, то оёти худро бар онҳо бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад, қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.”
هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ
“Ӯ (Худованд) он касе аст, ки дар миёни дарснахондаҳо фиристодае аз худашон барангехт, то оёти ӯро бар онон бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат бар ишон биёмӯзад ва )онон( қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.”
Ба нукоте дар робита бо ин оёт таваҷҷӯҳ кунем:
Дар ояти аввал Худованд фармуд: Арсално яъне мо намояндае фиристодем.
Дар ду ояти баъд фармуд: Баъаса яъне барангехт ва барои намояндаи худ ангезаи кофӣ дод, то ин маъмуриятро ба хубӣ анҷом диҳад.
Сифоти Расулро ҳамонҳое зикр кард, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) баён карда буданд; 1) аз худи мардум, 2) дар миёни мардум, 3) дар хидмати мардум.
Вале дар вазоиф пешу ақиб ҳастанд ва тартибашро дуруст мекунам ва ҳамчунин бояд такмил шавад. Шумо инчунин фикр мекардед:
1.    Тиловати оёт;
2.    Таълими китоб;
3.    Таълими ҳикмат;
4.    Тазкия ё ҳамон тарбият
Яъне аввал олим ва ҳаким бишав ва баъд одам.
Вале тартиби дурусташ ин аст:
1.    Тиловати оёти илоҳӣ;
2.    Тазкия ва тарбият;
3.    Таълими китоб;
4.    Таълими ҳикмат
5.    Таълими он чи, ки шумо намедонистед. Таълими улуме, ки фақат аз тариқи ваҳй бароятон мумкин аст.
Пас аввал одам бишав, баъд олим ва ҳаким …
Агар ин мароҳил ба дурустӣ тай шуд мардум аз гумроҳӣ наҷот меёбанд ва ҳадаф ҳам ҳамин аст.
Ҳоло ба ин мисол диққат кунем; Шумо агар пиёлаи олудаеро биёред ва бигӯед: Дар ин пиёла об бирез. Мегӯянд: Аввал тамизаш кун баъд об мерезем. Шояд бигӯед: Шумо чӣ кор доред, ман об мехоҳам. Мегӯянд: Агар бо зӯрӣ ҳам об бигирӣ, на худат метавонӣ бинушӣ ва на дигарон.  Оқибат обро мерезӣ замин, чунки олуда мешавад ва ин кор исроф ва гуноҳ аст.
Пас бояд аввал пиёларо бо об бишӯй, то тамиз шавад, онгоҳ об мерезанд ва ту ҳам метавонӣ бихурӣ ва нуши ҷонат шавад.
Зарфи вуҷуди шумо ҳам анвоъ ва ақсоми олудагиҳои рӯҳӣ дорад. Худованд мефармояд: Сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ (нафс) илҳом кард.
Бояд ин фуҷур ва бадиҳои вуҷудатро бо тиловати оёти илоҳӣ тамиз кунӣ, он вақт илми китоб биёмузӣ. Ин илми китоб дар рӯҳи покат ҳикмат меоварад ва роҳҳое ба рӯят боз мешавад, ки худат наметавонистӣ боз кунӣ, чунки ту даст дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ;
1.    Худо. «إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ»
2.    Китоби Худо (Қуръон)
«وَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِ»  «تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْحَكِيمِ»
3.    Расули Худо(с). Устоди ҳакмат аст «یعلمکم الکتاب و الحکمه»
4.    Аҳли байти Расули Худо(с), чунки Паёмбар(с) дар ҳадиси Сақалайн фармуд: Қуръон ва Аҳли байт(а) ҳеҷ вақт аз ҳамдигар ҷудо намешаванд. «لن یفترقا» Пас агар Қуръон ҳаким бошад ва Аҳли байт(а) ҳам ҳаким ҳастанд.
Вақте дастатро дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ ва бо онҳо маънус шудӣ, ҳаким мешавӣ, вале агар қабл аз дур кардани бадиҳо ва олудагиҳои рӯҳӣ, китобро биёмузӣ, ба хотири олудагиҳо, ба ҳикмат, ки намерасӣ ҳеҷ, балки ин илм бароят зарар дорад, чунки ҳам худат гумроҳ ва гирифтор мешавӣ ва ҳам дигаронро гирифтор ва гумроҳ мекунӣ ва ин илм мешавад ҳиҷоби бузург ва фасоди олим сабаби фасоди олам мешавад.
Шояд бигӯед: Чӣ тавр бо хондани оёт тазкия ва тарбият ҳосил мешавад?
Дар ҷавоб метавон намунае, ки дар аввали Ислом рух додааст бароятон нақл кунем.
Марде назди Расули Худо(с) омад ва гуфт: Ё Расулаллоҳ! Мехоҳам Қуръон ёд бигирам. Ҳазрат(с) сураи Зилзолро барояш ёд дод. Вақте расид ба ин оят: Дар он рӯз мардум (аз қабрҳо ба сурати гуруҳҳои) ҷудогона бозмеоянд, то амалҳояшон ба онҳо нишон дода шавад. Пас касе, ки ба андозаи заррае (кори) нек карда бошад, онро мебинад. Ва касе, ки ба андозаи заррае (кори) бад карда бошад, онро мебинад.
Он шахс бархосту гуфт: Ҳамин бароям кофӣ аст. Фаҳмидам, ки тамоми зарраҳои хубу бад ҳисобу китоб дорад. Онгоҳ рафт. Расули Худо(с) фармуд: Нодон омад, вале донишманд рафт.
Ин ки чаро мо, ки ба қасди тафаққуҳ дар дин даҳҳо сол заҳмат мекашем ва даҳҳо бор Қуръонро тиловат ва хатм кардаем, вале ҳануз андар хами як кӯчаем, бояд бияндешем ва барои худамон посух биёбем.
Неъмати рисолат ба қадре муҳим ва арзишманд аст, ки Худованд ба мӯъминин миннат мегузорад.
Оё фақат мардуми Макка уммӣ ҳастанд?
Тамоми башарият, то рӯзи қиёмат уммӣ ҳастанд ва бояд сари суфраи ваҳй бинишинанд ва резахӯри он бошанд, чунки Худованд мефармояд: Ва ӯ (Расули Худо) ба шумо чизҳоеро меомузад, ки шумо наметавонистед онро бидонед.
Бинобар ин Расули Худо(с) барои чигуна намоз хондан фармуданд: Ба ман нигоҳ кунед ва бибинед, ки ман чигуна намоз мехонад шумо ҳам мисли ман бихонед.  Ва аъмоли Ҳаҷҷро ҳам амалан анҷом дод, то мусулмонон ёд бигиранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ҳадиси “Олимон ворисони анбиё(а) ҳастанд”  ба нукоти зер таваҷҷӯҳ кунем:
Мубаллиғ ва олими дин бояд бидонӣ;
Ту вориси анбиё(а) ҳастӣ, модоме ки ҳамон сифотро дошта бошӣ. Аз мардум, дар миёни мардум ва дар хидмати мардум бошӣ ва ҳамон вазоифро анҷом диҳӣ;
Намоянда ва мунтахаби Худо барои ин кор ҳастӣ
Ангезаи истиқомат ва пойдорӣ дар баробари сахтиҳоро Худо ба ту додааст
Бо тавфиқи ӯ ба ин роҳ омадаӣ
Барои ту ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) дуо карданд
Худо ҳам онро мустаҷоб кард ва ту натиҷаи истиҷобати дуои онон ҳастӣ
Бо воситаи кори ту Худованд мардумро аз гумроҳӣ наҷот медиҳад ва бар онҳо ҳуҷҷати худро тамом мекунад;
Ин неъмат ба андозе муҳим аст, ки ҷои  миннатгузории Худованд бар мӯъмининро дорад ва …
Пас қадри худатро бидон ва худро барои ҳаводиси ин роҳ омода кун ва бо тавфиқи илоҳӣ ва тавассул ба авлиёӣ илоҳӣ(а) бо азми росих барои анҷоми рисолати пеши рӯ талош кун, ки ояндаи равшан дар пеши рӯ дорӣ.
Саломуддин Муҳаммадамин

You might also like
1 Comment
  1. Шамсиддин says

    салом алкум:
    матолиб хеле оли буд истифода бурдем

Leave A Reply

Your email address will not be published.