Тарбияти кӯдаки се то чаҳорсола

241

Тарбияти кӯдаки се то чаҳорсола

Оё синни тарбияти кӯдак марбут ба давраи хоссе аст?

Ҳамаи падару модарҳо мехоҳанд кӯдаки худро ба беҳтарин шакл тарбият кунанд ва аз ҳамон аввалин рӯзҳои зиндагии кӯдак дар паи беҳтарин наҳваи бархурд бо ӯ ва парвариши фарзандашон ҳастанд.

Огоҳӣ аз синни муносиб барои тарбияти кӯдак ва чигунагии он метавонад ба волидайн кӯмак кунад, то рафтори муносибе бо таваҷҷӯҳ ба дарки кӯдак ироа диҳанд.

Албатта асоси ёдгирӣ барои кӯдакон синни дақиқу мушаххасе надорад. Бинобар ин синни тарбияти кӯдакро наметавон ба таври дақиқ ба як давраи хоссе ихтисос дод. Дар воқеъ аз ҳамон ибтидои зиндагии кӯдак, падару модар метавонанд бар рафтори ӯ таъсиргузор бошанд. Барои мисол бағал кардани кӯдак, нигҳ кардан ва сӯҳбат кардан дар синни поён ё посух ба ниёзҳои ҷисмонӣ ва отифӣ аз ҳамон авоили зиндагӣ бар шаклдиҳии шахсият, отифаву эҳсосот ва рафторҳои баъдии фарзандатон таъсир мегузорад.

Кӯдакон дар синни се-чаҳорсолагӣ камтар баҳонагирӣ мекунанд ва муқовиматашон нисбат ба дастурот ва қавонин камтар мешавад. Кӯдакон аз ин син бештар тамоюл доранд тавассути бузургсолон таъйид шаванд ва аз назари онон духтари хуб ё писари хубе бошанд.

Ҳамчунин дар ин син бештар қудрати дарки сӯҳбатҳо ва тавоноии муколимаҳои печидаву мураккабтарро пайдо мекунанд. Бо ин ки дар ин даврон кӯдакон бештар ба дигарон таваҷҷӯҳ мекунанд бо ин ҳол ҳанӯз худмеҳварӣ дар онҳо вуҷуд дорад.

Ба ин маъно ки наметавонанд масоилро аз дид дигарон бубинанд. Бинобар ин қавонинро хеле рӯшан барояшон баён кунед. масоилро сода ва тавре ки аз равзанаи диди онҳо қобили фаҳму дарк бошад, барояшон тавзеҳ диҳед.

Аз ин син беҳтар аст дар мавриди таъсири корашон ва эҳсосе. Ки дар дигарон эҷод мешавад, бештар тавзеҳ диҳед.

Барои мисол, “агар думи гурбаро бикашӣ, хеле дард мекунад”. Ин тавзеҳот дар павариши ҳуши ҳаяҷонии кӯдак кӯмаки зиёде мекунад. Дар ин син дидгоҳ ва таваҷҷӯҳи дигарон ба кӯдак барояш хеле муҳим мешавад, бинобар ин то метавонед рафорҳои мусбаташро баён кунед, таҳсин кунед ва подош диҳед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.