Роз ва муваффақияти солим пир шудан

319

 

Роз ва муваффақияти солим пир шудан

Медонем ки пирӣ фароянде аст, ки мутавафиқ намешавад ва фақат бо доштани зиндагии солим ва муроқибатҳои саҳеҳ метавон даврони солмандиро ба даврони лаззатбахшу матлуб ва ҳамроҳ бо саломат табдил намуд. Гарчи фишорҳои равонии ҷузъӣ аз зиндагии рузмарраи мо мебошанд ва бисёре аз вақтҳо ин масоили нороҳаткунанда, хориҷ аз ихтиёроти мо ҳастанд, ва наметавон ҷилави онҳоро гирифт. Лекин мо метавонем тавоноии худро дар рӯбарӯ шудан бо ин масоил зиёд кунем ва равишҳои созгорӣ бо онҳоро биомӯзем. Бо беҳбуди шеваҳои зиндагии солим ва таваҷҷуҳ ба беҳдошту дармони онҳо, доштани тағзияи саҳиҳ аз мушкилоти иҳтимолии баъдӣ монанди изтироб, истирес, афсурдагӣ, ихтилолоти хоб ва иштиҳо ва …  пешгирӣ кунем.

Таъсир ва нақши солмандон дар хонавода инкорнопазир аст. Ҳузури як солманди фаол, муттакӣ ба худ ва шод дар хонавода равобити отифӣ ва эҳсосии байни аъзои хонаводаро тақвият карда ва ҳамвора ба унвони як паноҳгоҳи амни равонӣ отифӣ барои ҷавонтарҳо матраҳ аст ва боиси боло бурдани сатҳи саломати равон, афзоиши худбоварӣ ва эҳсоси умед ва ангеза дар байни дигар аъзои хонавода шуда ва равобити байни фардӣ ва иҷтимоиро густардатар ва муассиртар мекунад.

Дар як хонаводаи мутаораф ва мутаодил, солмандон нақши сарпараст ё роҳнаморо доранд ки корашон ҳидоят, иршод ва танзими сиёсати куллии хонавода аст. Фарзандон аз онҳо пайравӣ карда шеваи зиндагиро меомӯзанд. Солмандон ҳофизи арзишҳо ва суннатҳои асил ва арзёби фарҳанг ва мероси иҷтимоӣ ҳастанд. Онон бо муошират ва унс бо насли нав, талош мекунанд мафҳуми зиндагиро барои онҳо равшан кунанд, муроқиб бошанд лағзиш ва хатое аз эшон сар назанад. Ахлоқ, адаб ва муҳофизат аз арзишҳоро ба онон омӯзиш диҳанд.

Ҷавонон барои барқарории иртиботи шоиста ва неку бо солмандон бояд бо вазоифи худ ошно бошанд ва онҳоро ба беҳтарин шакли мумкин иҷро кунанд. Пазириш ва таҳаммули солмандон ба вижа падар ва модари солманд ва ҳифзу нигоҳдории онҳо бо сабру бурдборӣ аз муҳимтарин вижагиҳои як хонаводаи солим аст. Баҳрамандӣ аз таҷрибаҳои он азизон ва низ меҳрварзӣ ва рафъи мушкилоти онҳо, аз ҷумла вазоифе аст ки ҷавонон дар хусуси солмандон бар ӯҳда доранд то битавонанд зиндагии ояндаи худро бар пояи мушорикати он пирони фарзона пайрезӣ кунанд ва бо истифода аз таҷрибаҳои эшон, ба оромиш ва муваффақият дар зиндагӣ бирасанд.

Дар ҷавомее, ки ҷамъияти солмандон дар онҳо зиёд аст, рафторҳо ва тасмимоти мантиқӣ беш аз тасмимоти ҳаяҷонӣ ва эҳсосӣ ҳоким аст. Қудрати риск ва хатар барои тағир, камтар ба чашм мехурад. Ин мавзуъ як умри табиӣ ва мутаносиб бо фароянди син аст. Зеро солмандон барои қадам гузоштан дар роҳе, дурандешии бештаре анҷом дода ва бо баҳрагирӣ аз таҷрибиёти гузаштаи худ, тасмимоти шитобзада намегиранд ва қадамҳои оҳистатаре бармедоранд ва чун орзуҳои даврони ҷавониро пушти сар гузоштаанд, дигар шитобе барои тунд ҳаракат кардан надоранд. Лаззати фароҳам намудани шароит барои огоҳ кардани хонавода ва ба вижа навҷавонон ва ҷавонон дар ин хусус метавонад ба барқарории иртибот миёни солмандон ва хонавода кумаки бештаре кунад.

Нақш ва таъсири ҳамдилӣ кардан бо солмандон

Медонем ки мо низ рузе ба даврони солмандӣ хоҳем расид ва ҳамчун онон ба зиндагӣ нигоҳ хоҳем кард, бинобар ин бо ҳамнишинӣ ва нуфуз дар дунёи онон метавонем то ҳадде ба ояндаи хеш нигоҳ кунем ва бинобар ин ба ҳадафҳои ояндаи худ дар замони ҳол бо диққати бештаре биандешем ва роҳи дурусттареро барои расидан ба як зиндагии саодатманд интихоб кунем. Омузиши солмандон ҷиҳати интиқоли таҷрибиёташон ба ҷомеа метавонад кори арзишманд маҳсуб гардад. Онон бояд омузиш бубинанд ки чӣ гуна таҷрибаёти худро ба сурати табақабандишуда ва қобили истифода барои ҷавонон баён намоянд. Падид омадани созмонҳои ғайридавлатӣ ки дар он солмандон ҳузур ёфта ва бо мушорикат кардан, таҷрибаёти худро сабт намуда ва ба сурати китоб, мақола, суханронӣ ва дарсҳои омузишӣ пешкаш намоянд метавонад кори сӯдманд барои ҷомеа бошад.

Аз дигар фавоиди барқарории иртиботи мустамар бо солмандон, кумак ба ҳифзи саломатии ҷисмӣ  ва равонии онон аст; зеро ҳангоме ки солманде мефаҳмад ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва таҷрибаёти ӯ арзишманд маҳсуб мешавад, ангезаи бештаре барои зиндагӣ кардан ва хидмат  кардан ба даст меоварад ва фаъъолона дар арсаи иҷтимоъ ҳузур ёфта ва сабаби суръат ёфтани рушди ҷомеа мегардад .

Бояд ба солманд эҳтиром  гузошт ва ба онон хидмат кард. Солмандон меҳвари ваҳдати маҷмуи афроди як хонавода ҳастанд ва ҳамаи аъзои хонавода нисбат ба бузрги хонадон иҳтиром мегузоранд ва дар корҳо  бо онон машварад менамоянд. Хонавода муҳимтарин ва арзишмандтарин  манбаи ҳимоятии солмандон ҳисоб мешавад. Аммо тамоми ҳимоятҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Солмандӣ, ҳам аз лиҳози фардӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ хусусиёте дорад. Эҳсоси камол ва пухтагӣ, эҳсоси бениёзӣ аз дигарон, бурдборӣ дар баробари мушкилот, доштани вақтҳои фароғат барои сайр ба суи камол ва низ маҷоли расидагӣ ба худ ва арзёбии хеш, аз ҷумла хусусиёти фардӣ аст. Ҳурмат ва эҳтиром, азиз будан дар хона ва мавриди эҳтиром будан дар миёни ҷамъ, амр ва наҳиҳои иршодӣ таваҷуҳи  мардум ба ӯ ба унвони манбаи фикр ва андеша ва низ мавриди машварат қарор гирифтан, аз ҷумла хусусиёти иҷтимоии солмандӣ аст. Солмандӣ нишондиҳандаи камоли одамӣ  аст.

Одамӣ ба ҳар мизоне ки солхурдатар мешавад, тасвири равшантаре аз зиндагӣ ба даст меоварад;  роҳ ва равиши зиндагиро беҳтар фаро гирифта ва лағзишҳо ва иштибоҳоти гузоштаро бештар мефаҳмад.  Солмандон, фикр ва андешаи хос доранд ки нашъатгирифта аз дидаҳо, шунидаҳо ва таҷрибаҳое аст ки дар тули муддати зиндагӣ ба даст овардаанд. Бархе ин андешаро дар худ мепарваранд ки ба пухтагӣ ва камол расидаанд, андешманд ва соҳиби раъянд ва метавонанд улгуи дигарон бошанд ва мавриди шуру машварат қарор бигиранд.

Навхоҳӣ ва таҷаддудталабии ҷавонон аз яксу ва пойбандии солмандон ба сунатҳо аз суи дигар, заминаро барои даргириҳо ва осебпазириҳо фароҳам мекунад. Барои аз миён бурдани ин фосила ва доштани муҳити ором дар хонавода ва ҷомеа, бояд дасти ҷавонон дар дасти солманд қарор гирад то ҳар ду аз вуҷуди якдигар баҳра баранд. Шинохти илали заминасози эҷоди ихтилоф, шинохтани табиати ду насл ва интихби роҳи муносиб барои наздик кардани ду насл ба якдигар, дар эҷоди ин муҳити ором бисёр муассир аст.

Солмандон манобеи ҳимоятии бисёр муҳимме дар иҷтимоъ ба шумор мераванд. Бисёре аз солмандон ба ҷои ин ки аз суи кучактарҳо ҳимояти молӣ шаванд, хонаводаи худро ҳимояти молӣ ва ғайри молӣ мекунанд ва ба ин далел тавони анҷоми ин корҳоро доранд ки дар гузашта эҳсоси тандурустӣ, тавонмандӣ ва истиқлоли бисёр карда ва барои 20 ё 30 соли ояндаи худ барномарезӣ мекунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.