Рӯйхати пурраи маҳрам ва номаҳрам (худиҳову бегонаҳо) барои марду зан

55

Одамони гирду атрофи мо хешовандону ҷомеаро ташкил медиҳанд, ки маҷмуае аз афроди маҳрам (худӣ) ва номаҳрам (бегона) ҳастанд.

Шинохти тафовуту иртибот бо маҳрам ва номаҳрам яке аз масоили муҳимии шариъат аст, ки мусалмонон бояд нисбат ба он огоҳ бошанд. Дар идома ба шинохти маҳрам ва номаҳрам ва ҳамчунин навъи иртиботгирӣ бо онҳо мепардозем.

Тафовути асосии афроди маҳрам ва номаҳрам

Мард танҳо иҷозати дидани гирдии сурату дастҳо то мучи занони номаҳрамро дорад, аммо метавонад ба мӯйҳо ва қисмати маҳдуде аз поҳову дастҳо ва бадани занони маҳрами худ, ки маъмулан дар миёни худиҳо пӯшонда намешавад нигоҳ кунад.

Инсон наметавонад бо афроди маҳрам издивоҷ кунад, аммо бо ҳар кадом аз афроди номаҳрам метавонад издивоҷ кунад албатта хоҳари ҳамсар як истисно аст; зеро наметавон қабл аз талоқ ё вафоту поёни даврони иддаи талоқи хоҳараш бо ӯ издивоҷ кард. Маҳрамҳои насабӣ метавонанд бадани якдигарро ҷуз авратайн, бидуни қасди лаззат нигоҳ кунанд; вале нигоҳи бо лаззату шаҳват ҳаром аст.

Чи касоне маҳрам (худӣ) ва чи касоне номаҳрам (бегона) ҳастанд?

Афроди маҳрам се даста мешаванд:

  • Маҳрамҳои насабӣ ё хунӣ
  • Маҳрамҳои сабабӣ ё ба воситаи издивоҷ
  • Маҳрамҳои ризоӣ ё ба воситаи шир хӯрдан

Маҳрамҳои насабӣ (хунӣ)-и занон

Падару падарбузурги падарӣ ва модарӣ ҳар чи болотар раванд.

Писари худи фард ва писари писар ё писари духтари фард (набераҳову натиҷаҳо ҳар чи поинтар раванд).

Бародар яъне ҳар марде, ки падари ӯ ё модари ӯ ё ҳар дуи онон бо духтари гуфта шуда яке бошад.

Фарзандон ва набераҳову натиҷаҳои бародар ҳар чи поинтар раванд.

Фарзандон ва набераҳову натиҷаҳои хоҳар ҳар чи поинтар раванд.

Амаки худи шахс ва амаки падару модар ва низ амаки модарбузургҳову падарбузургҳо.

Тағоии худи шахсу тағоии падару модар ва низ тағоии модарбузургҳову падарбузургҳо.

Маҳрамҳои насабӣ (хунӣ)-и мардон

Модар, модарбузурги падарӣ ва модарӣ ҳар чи болотар раванд.

Духтари худи фард ва духтари писар ё духтари духтари фард (набераҳову натиҷаҳо ҳар чи поинтар раванд).

Хоҳар яъне духтаре, ки модар ӯ ё падари ӯ ё ҳар дуи онон бо марди ёдшуда яке бошад.

Фарзандон ва набераҳову натиҷаҳои хоҳар ҳар чи поинтар раванд.

Фарзандон ва набераҳову натиҷаҳои бародар ҳар чи поинтар раванд.

Аммаи худи шахсу аммаи падару модар ва низ аммаи модар бузургҳову падарбузургҳо.

Холаи худи шахс ва холаи падару модар ва низ холаи модарбузургҳову падарбузургҳо (аммаи амма ва холаи хола агар амма ё холаи падар ё модари фард бошанд маҳрам ҳастанд дар ғайри ин сурат маҳрам нестанд).

Маҳрамҳои сабабӣ

Маҳрамҳои сабабӣ касоне ҳастанд, ки ба воситаи ақди издивоҷи саҳеҳ ба якдигар маҳрам мешаванд.

Маҳрамҳои сабабии занон

Падари шавҳар ва падарбузургҳои шавҳар ҳар чи болотар раванд ва ҳатто баъд аз марги шавҳар ё талоқ гирифтани арӯс, ин маҳрамият боқӣ мемонад.

Писари мард аз ҳамсари қаблӣ (барои эҷоди маҳрамият ниёзе ба вуқуъи наздикӣ нест).

Маҳрамҳои сабабии мардон

Модару модарбузургҳои арӯс ҳар чи болотар раванд, нисбат ба домод маҳрами абадӣ мешаванд яъне ҳатто баъд аз марг ё талоқи арӯс ҳам маҳрам боқӣ мемонанд.

Духтари зан аз шавҳари аввал албатта баъд аз наздикии зан бо мард.

Маҳрамҳои ризоӣ

Ҳаргоҳ зане кӯдакеро бо шароити комил шир диҳад, он зан ба ӯ маҳрам аст. Соири маҳрамҳои ризоӣ ба чунин аст, ки дар зер меояд:

Шавҳари зани ширдиҳанда,

Падари шавҳари зани ширдиҳанда,

Модари шавҳари зани ширдиҳанда,

Бародари шавҳари зани ширдиҳанда,

Хоҳари шавҳари зани ширдиҳанда,

Фарзандони зани ширдиҳанда (чи онҳое, ки ба дунё омада бошанд ва чи анҳое, ки баъдан ба дунё меоянд).

Падари зани ширдиҳанда,

Модари зани ширдиҳанда, бародари зани ширдиҳанда,

Хоҳари зани ширдиҳанда;

Бинобар ин модари ризоии зан ҷузви маҳрамҳои мард аст ва ҳукми модар зани ӯро дорад.

Дар воқеъ метавон гуфт, шир додан ба як навзод бо риояти ҳамаи шароит боис мешавад, ки фақат бачаи ширхӯрда (на фомилҳои ӯ) мисли бачаи воқеии он зан ба ҳамаи касоне, ки бачаи воқеии ӯ маҳрам ҳастанд, маҳрам бошад.

Нукоти комили аҳком дар бораи маҳрамҳои ризоӣ

Инсон наметавонад бо духтаре, ки модар ё модарбузурги инсон ӯро шири комил дода издивоҷ кунад; ва низ агар зани падари инсон аз шири марбут ба падари ӯ духтареро шир дода бошад, инсон наметавонад бо он духтар издивоҷи намояд.

Агар инсон бо духтаре издивоҷ кунад, дигар наметавонад бо зане, ки он духтарро шири комил дода издивоҷи намояд.

Агар инсон бо зане, ки духтареро шири комил дода издивоҷ кунад ва бо он зан наздикӣ намояд, дигар наметавонад бо он духтар издивоҷ кунад.

Агар зане бачаеро шир диҳад бо бародарҳои он бача маҳрам намешавад; ва низ хешони он зан бо бародару хоҳари бачае, ки ширхӯрда маҳрам намешаванд.

Агар зане бачаеро бо шароити шаръӣ шир диҳад, шавҳари он зан, ки соҳиби шир аст бо хоҳарҳои он бача маҳрам намешавад; ҳамчунин хешони шавҳар бо хоҳару бародари он бача ва соири фомилҳои он бача маҳрам намешаванд.

Афроди номаҳрами хешовандон

Падар

Падари зани падар

Модари зани падар

Рабибаи падар

Модар

Писари зани дигари падар

Духтари зани дигари падар

Хоҳар

Шавҳари хоҳар

Домоди хоҳар

Арӯси хоҳар

Бародар

Падарзани бародар

Модарзани бародар

Зани бародар

Домоди бародар

Арӯси бародар

Тағо

Модари зани тағо

Тағои падарии тағо

Зани тағо

Писари Тағо

Духтари Тағо

Хола

Холаи падарии хола

Шавҳари хола

Писари хола

Духтари хола

Амак

Падари зани амак

Амакии модари амак

Зани амак

Писари амак

Духтари амак

Амма

Аммаи модарии амма

Шавҳари амма

Писари амма

Духтари амма

Шавҳар

Амакии шавҳар

тағои шавҳар

Амакии хешони шавҳар

Тағои писари шавҳар

Тағои духтари шавҳар

Тағои хешони шавҳар

Шавҳари модари шавҳар

Домоди шавҳар

Зан

Хоҳари зан

Хоҳарзодаи зан

Аммаи зан

Аммаи хешони зан

Холаи зан

Холаи хешони зан

Зани падари зан

Зани бародари зан

Арӯси зан

Духтари зан (қабл аз наздикӣ)

Духтари бародари зан

Арӯс

Падари арӯс

Модари арӯс

Амакии арӯс

Шавҳари арӯс (дар сурате, ки писараш набошад)

Духтари арӯс (дар сурате, ки набераи фард набошад)

Набераи арӯс (дар сурате, ки набераи фард набошад)

Домод

Падари домод

Модари домод

Амакии домод

Писари домод (, ки набераи шахс набошад)

Духтари домод (,ки набераи шахс набошад)

Дигарон

Хоҳархонда

Хоҳархондаи хешон

Духтари зане, ки бо ӯ зино кардаӣ

Падари бохчун

Масаълаи ҳиҷоб дар ҳузури маҳрамҳо

Тағоии шахс, Тағоии ӯ ва ҳамаи насли ӯ мебошад. Ҳаминтавр амакии шахс ҳам амакии ӯ ба ҳисоб меояд ва ҳам амакии фарзандони ӯ ва фарзандонашон.

Бино бар ин, ҳаром нест, ки зан ҳиҷоби худро дар баробари тағои модар ё амакии модараш кам кунад ва метавонад бо онон даст диҳад ва хилват кунад, зеро онон маҳраи ӯ мебошанд. Аллоҳи Мутаол дар бораи заноне, ки издивоҷи онон бар инсон ҳаром аст ва маҳрами ӯ ҳастанд мефармояд:

وَبَنَاتُ الْأَخِ وَبَنَاتُ الْأُخْتِ

Ва духтарони бародару духтарони хоҳар (бар шумо ҳароманд). (Сураи Нисо, ояти 23)

Издивоҷ бо маҳрамҳо

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

حُرِّمَتْ عَلَیْکُمْ أُمَّهَاتُکُمْ وَبَنَاتُکُمْ وَأَخَوَاتُکُمْ وَعَمَّاتُکُمْ وَخَالاَتُکُمْ وَبَنَاتُ الأَخِ وَبَنَاتُ الأُخْتِ

(Издивоҷ бо) модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародару духтарони хоҳар в… бар шумо ҳаром аст. (Сураи Нисо, ояти 23)

Манзур аз духтарони бародар дар ин оя, духтарони бародар ба поин (яъне духтарони духтаронаш то охир) мебошад.

Манзур аз духтарони хоҳар, ки дар оят омадааст духтарони хоҳар аст ҳарчи поинтар равад (яъне духтари духтар то охир).

Ҳукми даст додан ба фарди номаҳрам

Даст додани мард бо зани ғайри маҳрам дар дини Ислом хоҳ бо қасди лиззат бошад, хоҳ бидуни қасди лаззат,  ҳаром аст. Ҳамчунин дар ҳукми манъи гуфтугӯ бо номаҳрам, миёни занони мусалмон ва занони аҳли китоб тафовуте ба чашм намехӯрд.

Ҳадди иртибот бо номаҳрам

Агар суҳбат кардан бо номаҳрам дар тайи рӯз борҳо рух медиҳад ва эҳтимол меравад, ки ба воситаи ин салому суҳбат ба гуноҳ олӯда шаванд, бояд тарк шавад ҳатто агар бигӯем салом кардан савоб дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.