Ин одатҳоро тарк кунед!

139

Ҳар субҳ як пиёла қаҳваи гарм менушед? Агар ҷавобатон мусбат аст, шумо танҳо касе нестед, ки чунин одатро дорад. Эътиқоди роиҷ бар ин аст, ки 21 рӯз замон лозим аст то одате шакл бигирад. Аммо таҳқиқи дар Амрико баён мекунад, ки ба таври мутавассит 66 рӯз лозим аст то коре табдил ба одат шавад ва битавонем бидуни фикр онро анҷом диҳем. Тарк кардан одатҳои шаклгирифта замони бисёр бештаре мебарад. Аммо лозим аст бидонем кадом одатҳоямон фоиданок ва кадомамшон зарарнок ҳастанд.

Дар инҷо ба теъдоде аз одатҳои роиҷе мепардозем, ки беҳтар аст фаромӯшашон кунем. Агар баъзе аз ин одатҳоро доред нигарон набошед. Танҳо ба хотир дошта бошед ҳар одат бадро метавонед бо як одати хуб ҷойгузин кунед.

9 одати рӯзона, ки бояд ҳар чӣ зудтар тарк кунед

1- Поҳоятонро рӯи панели мошин нагузоред

Панели мошин қисмате аз дохили мошин аст, ки маркази контроли мошин мебошад ва воқеият он аст, ки гузоштани поҳо хатари зиёде барои саломатӣ дорад. На фақат дар шароити тасодуф, балки дар замони тормоз кардан ҳам ин ҳолат бисёр хатарнок хоҳад буд. Вақте поҳоятонро дар муқобили сурататон қарор медиҳед ба ин маъно аст, ки дар замони тормоз ё таваққуфи ногаҳонии мошин, сурататон бо зонуҳоятон бархурд хоҳад кард. Бархурди фак бо зонуҳо метавонад сабаби шикастагии устухонҳоятон шавад, ки давраи тармими он бисёр сахту тӯлонӣ хоҳад буд.

2- Порчаҳои тарро овезон накунед

Овезон кардан порчаҳои тар баъди ҳаммом бештари вақтҳои кори ғайри иродӣ аст, аммо мутаассифона ин одат дар ҳақиқат бисёр ғайри беҳдоштӣ аст. Боктериҳо метавонанд ба содагӣ дар миёни чиркҳои мартуби порча рушд кунанд. Ба ҳамин хотир беҳтар аст порчаҳоятонро дар замони хушк кардан овезон накунед.

3- Бо меъдаи холӣ қаҳва нанушед

Бисёре аз афрод рӯзи худро бо дуруст кардан як қаҳва шурӯъ мекунанд. Ин одат дар саросари дунё бисёр роиҷ аст. Аммо мушкил он аст, ки бисёре аз мардум бо маъдаи холӣ қаҳва менушанд. Қаҳва ба рағми фоидаҳояш зарарҳо ҳам дорад. Яке аз зарарҳо он аст, ки агар қаҳваро бо меъдаи холӣ бинушед, ин кор метавонад сабаби сӯзиши меъда ва мушкилоти гуворишӣ шавад.

Вақте гурусна ҳастед ва ба ғизо фикр мекунед, меъдаи шумо шурӯъ ба тавлиди асид мекунад. Нушидани қаҳва ҳамон асарро бар меъда дорад, магар онки пеш аз он моддаи ғизоӣ хӯрда бошед. Масрафи қаҳва бо меъдаи холӣ сабаби тавлиди беш аз андозаи асиди меъда мешавад; Масъалае, ки метавонад ба меъда осеб бизанад.

Коршиносон тавсия мекунанд танҳо баъд аз хӯрдани субҳона ва дар миёнаи рӯз қаҳва бинушед.

4- Дар мошинатон бутрии об нигаҳдорӣ накунед

Агар соҳиби мошин ҳастед эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки як бутрии об дар он нигаҳ медоред. Фирқе намекунад ин бутри обро барои вақти зарурӣ нигаҳ медоред ё барои онки масрафи рӯзонаи обатонро боло бибаред; Ба хотир дошта бошед ин одат, ба хусус дар тобистонҳо хатарнок аст.

Агар нури хуршед бар он битобад, ба хусус агар бутрӣ бар рӯи як сатҳи тира қарор гирифта бошад, метавонад сабаби шуълавар шудани бутрӣ шавад.

5- Ҷушҳоятонро натарконед

Ҷушҳо дар асари баста шудани роҳҳои хуруҷии пӯст бо чарбии изофаи он ба вуҷуд меоянд ва илтиҳоби пӯст аз инҷо шурӯъ мешавад. Дар чунин шароит, як бадани солим ҳуҷайраҳои хунии сафеди худро ба муқобила бо боктериҳои зараррасон мефиристад. Ба ҳамин хотир аст, ки ин қисмати пӯст сурхранг мешавад. Вақте ҷушҳотонро метарконед, канораҳои пӯст осеб мебинад. Дар натиҷа, бештар дар маъраз боктериҳо қарор мегиред. Ба илова, агар дастҳоятон олуда бошад бо холӣ шудани ҷӯшҳо ин захмро дучори уфунат мекунед.

6- Бо телефон аз ҳамачиз акс нагиред

Ин рӯзҳо, ки аз телефони ҳамроҳ барои ағлаби корҳоямон ба хусус гирифтани акс истифода мекунем эҳтимолан ин тавсия камтар аҷиб ба назар мерасад. Бо ин ҳол, пажӯҳише дар Амрико нишон дод, ки талош барои гирифтани акс дар ҳақиқат сабаби ғафлат аз бисёре аз ҷузъиёт мешавад.

Вақте машғули гирифтани акс ҳастед, таваҷҷӯҳи шумо ба худи акс аст на чизе, ки аз он акс мегиред. Дар натиҷа, шумо як акс ё видеои хотираангез хоҳед дошт аммо таъсири ҳақиқии он он аз даст рафтааст.

Ду гурӯҳ аз афрод дар ин пажӯҳиш ширкат карданд. Гурӯҳи аввал дар муза танҳо осори намоишгоҳро тамошо карданд ва гурӯҳи дуввум машғули гирифтан акс шуданд. Дар охир, аъзои гурӯҳи дуввум дар ҷавоб ба пурсишномае, ки дар бораи намоишгоҳ буд заифтар амал карданд.

7- Витаминҳои хуб масраф накунӣд

Бисёре аз мардум тасаввур мекунанд витамини “c” онҳоро дар баробари сармохӯрдагӣ ҳифз мекунад ё витаманиҳои кӯмакрасон метавонанд ба таври комил ҷойгузини як барномаи дармонии тахассусӣ шаванд. Аммо агар ин масъала дурусту саҳеҳ буд бисёре аз шеваҳои дармонӣ то ба ҳол аз байн мерафтанд.

Агар режими ғизоии муносиб доред, лозим нест, ки аз витаминҳои кӯмаккунанда истифода баред, чароки миқдори витамини лозимаро аз маводди ғизоӣ дарёфт мекунед. Витаминҳои пуркунанда барои касоне тавсия мешавад, ки камбуди витамин доранд.

9- Телефони мобилиро дар вақти заряд зери болишт нагузоред

Қарор додан телефон дар вақти заряд гирифтан дар зери болишт метавонад сабаби оташсӯзӣ шавад. Телефонҳои дар замони заряд гарм мешаванд. Ба рағми онки ин масъала телефонҳои навтар беҳбуд ёфтааст, аммо ҳануз ҳам телефонҳое вуҷуд дорад, ки ботрии онҳо даморо дар дараҷаии зиёд боло мебарад. Ин ба он маъно аст, ки телефони ҳамроҳ ё сими дастгоҳи заряди телефон (зарядник) метавонанд шуълавар шаванд. Агар телефонатонро дар замони заряд зери болишт қарор диҳед, хатари осеб дидани шумо вуҷуд дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.