Арзиши тарбият

229

Арзиши тарбият

Тарбият дар оинаи аҳодис

Паёмбари Худо(с): Ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст, ки номи нек бар ў бигузорад ва дояи нек барояш гузинад ва ўро ба некӣ тарбият кунад.

Паёмбари Худо(с): Ҳеҷ падаре чизе беҳтар аз тарбияти нек барои фарзандаш ба ирс нагузоштааст.

Паёмбари Худо(с): Ҳеҷ падаре ҳадяе бартар аз тарбияти нек ба фарзандаш набахшидааст.

Паёмбари Худо(с): Фарзандонатонро такрим кунед ва ононро ба некӣ тарбият кунед, ки омурзида мешавед.

Паёмбари Худо(с): Аз ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст, ки ўро ба некӣ тарбият кунад ва насаби ўро инкор накунад.

Имом Содиқ(а): Беҳтарин чизе, ки падарон барои писаронашон ба ирс мегузоранд, тарбият аст, на мол, зеро мол мераваду тарбият мемонад.

Имом Содиқ(а): Мўъмин ҳамеша ба хонаводааш донишу тарбияти шоиста ба ирс мегузорад, то ҳамаро вориди биҳишт созад, ба гунае ки на аз кўчакашон, на аз бузургашон, на аз ходимашон, на аз паноҳандаашон холӣ набошад. Бандаи нофармон барои хонаводааш адаби ношоист ба иср мегузорад, то ҳамаи ононро вориди дўзах созад, ба гунае ки на аз кўчаки хонаводааш, на аз бузургашон, на аз ходимашон ва на аз ҳамсояашон туҳӣ набошад.

Имом Содиқ(а): Луқмон гуфт: Эй фарзандам! Агар дар кўдакӣ тарбият шудӣ, дар бузургсолӣ аз он баҳраманд мешавӣ. Ҳар кас қасди тарбият кунад, ба он эҳтимом меварзад ва ҳар кас ба он эҳтимом варзад, барои донистани он худро ба заҳмат меандозад ва ҳар кас худро барои донистани он ба заҳмат андозад, ба шиддат дар ҷустуҷўи он мешавад ва ҳар кас ҷустуҷўяш шиддат ёбад, аз он баҳраманд мешавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.