Муҳимтарин масоиле, ки бояд ба фарзандамон биомӯзем

79

Муҳимтарин масоиле, ки бояд ба фарзандамон биомӯзем

Паёмбари Худо (с): Касе, ки хурдсолеро тарбият кунад, то бигўяд: «Ло илоҳа иллаллоҳ», Худои азза ва ҷалла аз ў ҳисоб намекашад.

Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ кўдаконатон забон кушоданд, «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро ба онон биёмўзед. Сипас бим надошта бошед, ки чӣ вақт мурданд ва ҳаргоҳ дандони ширии онон афтод, ононро ба намоз амр кунед.

Паёмбари Худо (с): Забони кўдаконатонро бо «Ло илоҳа иллаллоҳ» боз кунед ва ҳангоми марг «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро ба онон талқин кунед, зеро ҳар кас аввалин суханаш «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва охирин суханаш «Ло илоҳа иллаллоҳ» бошад ва ҳазор сол ҳам умр кунад, аз ҳеҷ гуноҳе бозхост намешавад.

Китоби Кофӣ ба нақл аз Сулаймон ибни Холид: Ба Имом Содиқ (а) гуфтам: Ман хонаводае дорам, ки гапи маро гўш мекунанд, оё ононро ба ин амр (вилоят) фаро хонам? Фармуд: Бале. Худои азза ва ҷалла дар китоби худ мефармояд: «Эй касоне ки имон овардаед! Худатон ва хонаводаатонро аз оташ нигаҳ доред, ки оташгираи он мардум ва сангҳо ҳастанд». (Сураи Таҳрим, ояти 6).

Имом Боқир (а): Мо кўдакони худро вақте панҷсола ҳастанд, ба намоз амр мекунем, вале шумо кўдаконатонро вақте ҳафтсола шуданд, ба намоз амр кунед. Мо кўдакони худро вақте ҳафтсолаанд, ба рўза амр мекунем, ба андозае, ки тавон доранд, хоҳ то нисфи рўз бошад ва хоҳ бештар ё камтар. Вақте ташнагию гуруснагӣ бар онон ғалаба кард, ифтор мекунанд, то ин ки ба рўза одат кунанду тавони онро биёбанд, вале шумо кўдаконатонро вақте нўҳсола шуданд, ба андозае, ки тавон доранд, ба рўза водоред ва вақте ташнагӣ бар онон ғалаба кард, ифтор кунанд.

Имом Боқир ва Имом Содиқ (а): Вақте писар ба се солагӣ расид, бояд ба ў бигўянд: Ҳафт мартаба бигў: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Сипас раҳояш кунанд то се солу ҳафт моҳу бист рўзи ў комил шавад. Сипас бояд ба ў бигўянд: Ҳафт мартаба бигў: «Муҳаммадун расулуллоҳ» ва ўро раҳо кунанд то чаҳор соли ў комил тамом шавад. Онгоҳ бояд ба ў бигўянд: Ҳафт мартаба бигў: «Саллаллоҳу ало Муҳаммадин ва олиҳ». Сипас раҳояш кунанд то панҷ соли ў тамом шавад. Онгоҳ аз ў бипурсанд: дасти чапу ростат кадом аст? Агар шинохт, бояд рўяшро ба самти қибла гардонида ба ў бигўянд: Саҷда кун. Сипас раҳояш кунанд то ҳафт соли ў тамом шавад. Пас вақте ҳафт соли ў тамом шуд, бояд ба ў бигўянд: Сурат ва ду дастатро бишўй ва вақте он дуро шуст, бояд ба ў бигўянд: Намоз бихон. Сипас раҳояш кунанд то нўҳ соли ў тамом шавад. Вақте тамом шуд, вузў ба ў ёд дода шавад ва бар тарки он танбеҳ гардад ва ба намоз амр шавад ва бар тарки он танбеҳ гардад. Вақте вузўю намозро фаро гирифт, Худованд ў ва падару модарашро меомурзад, иншоаллоҳ!

Даоим-ул-Ислом: Нақл шудааст, ки Имом Содиқ (а) дар моҳи мубораки Рамазон кўдакро ба рўза гирифтан дар миқдоре аз рўз амр мекард ва вақте медид, ки гуруснагию ташнагӣ бар ў ғалаба кардааст, аз ў мехост то ифтор кунад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.