Дилсӯзиро ба фарзандатон биомӯзед

228

Дилсӯзиро ба фарзандатон биомӯзед

Дилсӯзӣ ду навъ аст: дилсӯзӣ нисбат ба худ ва дигарон. Бисёре аз кӯдакон ин паёмро аз волидайни худ дарёфт мекунанд, ки вақте хуб ҳастӣ, туро дӯст медорам! – ё ман туро дӯст медорам, то вақте ки ту маро дӯст бидорӣ. Омӯхтани дилсӯзӣ ба кӯдак ба маънои нишон додани ишқи беқайду шарт аст. Ба кӯдаки худ нишон диҳед, ки чӣ тавр метавонад ҳамдил ва муроқиби дигарон бошад.

Бисёре аз коршиносон ва мураббиёни ботаҷриба бар ин боваранд, ки ҳамдилии воқеӣ то замоне ки бачаҳо ҳудуди дусола нашудаанд, рух намедиҳад. Кӯдакони зери дусола ҳанӯз худмеҳвар ҳастанд, ҳарфашон фақат ман, ман аст ва ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки истиқлол пайдо кунанд, бинобар ин, онҳо дарк намекунанд, ки дигарон эҳсос доранд.

Кӯдаки шумо то замоне ки ба ӯ нагӯед, намедонад, ки рафтораш хуб аст, ё бад. Пас ба кӯдаки худ кӯмак кунед то бифаҳмад ва масоилро дарк кунад.

Ишқро ба фарзандонатон нишон диҳед

Ишқро метавон бо дар оғӯш гирифтан, навозиш, бӯсидани кӯдак, ба ӯ нишон дод. Навозиш кардану дар оғӯш гирифтани кӯдак эҳсосоти мусбатро дар ӯ эҷод мекунад.

Кӯдакон ҳамеша дар ҳоли ёдгирӣ ҳастанд ва метавонед ба онҳо омӯзиш диҳед, ки чӣ гуна эҳсосоташонро ба кор гиранд, бинобар ин ба кӯмак ва ташвиқи шумо барои эҷоди ҳамдилӣ ниёз доранд.

Ҳангоме ки волидайн ба якдигар эҳтиром мегузоранд ва эҳсосоти кӯдакашонро мепазиранд, кӯдмкон бештар эътимод ба нафс ва худбоварӣ пайдо мекунанд ва осонтар дӯст пайдо мекунанд. Онҳо ҳамчунин корҳои марбут ба матабу дарсашонро беҳтар анҷом медиҳанд ва масоилро ба роҳатӣ ҳал мекунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.