Нақши кӯдак дар зиндагӣ

130

Ду инсоне, ки барои ташкили конуни гарми хонавода якдигарро ҷазб мекунанд, мавҷуди севвуме меҷӯянд, ки натиҷа ва самараи ширини омезиши ҷисму рӯҳӣ онҳост. Ва он чунон ба онҳо ягонагӣ бахшида, ки ба шодияш ҳарду шод ва ба андӯҳаш ҳарду андӯҳгинанд ва ба ранги паридааш ҳарду афсурда мешаванд. Аз оёт ва ривоёт истифода мешавад, ки фарзанд бахшида ва мавҳибати илоҳист ва неъмате аст, ки худ сарчашмаи неъматҳои бешумори дигаре аст. Вуҷуди фарзанд дар хона фазои онро аз хайру баракат ва меҳру дӯстӣ лабрез мекунад. Робитаи маънавӣ ва илоҳии волидайн ва фарзандон ҳар дуро аз раҳматҳои восиъаи Парвардигор баҳраманд мегардонад. Доштани фарзанди солеҳ, орзӯест, ки ҳатто пирони куҳансоли бефарзанд ҳам онро дар сар мепарваронанд. Ҳамчунон ки ҳазрати Иброҳим(а) дар синни навад солагӣ аз Худои Мутаол талаби фарзанд намуд ва дуояш ба иҷобат расид. Оре фарзанд пораи тани волидайн ва гуле аз гулҳои биҳишт аст, ки дар хонаи онҳо рӯйидааст. Марги зудраси ӯ шафоати назди Худост ва давоми умри ӯ аъмоли солеҳ, истиғфор ва дуои ӯ дар ҳаққи падару модар мояи бахшудагӣ дар даргоҳи илоҳӣ ва мафтуҳ мондани номаи аъмоли нек ва сабаби бардошта шудани азобҳои барзахӣ аз онҳо дар олами қабр аст. Бо чунин нигарише ба фарзандон, чӣ гуна метавон нисбат ба шахсият ва ниёзҳои онҳо ва тарбият ва шукуфоии истеъдодҳояшон ғафлат, кӯтоҳӣ, сустӣ ва саҳлингорӣ намуд.

Дар ҳамаи ҷавомеъ ба хусус дар биниши исломӣ волидайн ва фарзандон дар қиболи якдигар ҳуқуқ ва вазоифе доранд. Хостаҳои фарзандон, ки Худованд онро барои падар ва модар, ки дар воқеъ мудирони хонавода ҳастанд муаян карда аст, бисёр фаровон аст ва аз ҷумлаи онҳо:

1‑ Ҳаққи номгузорӣ. 2‑ Ҳаққи амният. 3‑ Ҳаққи муҳаббат. 4‑ Ҳаққи тағзия. 5‑ Ҳаққи пӯшок. 6‑ Ҳаққи маросими ҳамчун: азон ва иқома, хатна ва дуо. 7‑ Ҳаққи таълим ва тарбият. 8‑ Ҳаққи издивоҷ ва дигар ҳуқуқ, ки баровардани ин мутолибот барои волидайн лозим ва ҳатто воҷиби шаръӣ ва ахлоқист ва бархе аз инҳо то солҳои тӯлонӣ ҳамчунон ба эътибори худ боқӣ ҳастанд. Мудирони хонавода (падарон ва модарон) дар иртибот бо он масъул ва дар сурати тахаллуф ҷавобгӯ низ ҳастанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.