Тафовутҳои таълиму тарбияти динӣ бо ғайри динӣ

125

Бешак, яке аз ҳавзаҳои муҳимми улуми инсонӣ, ки таваҷҷӯҳи донишмандонро ба худ ҷалб намудааст, таълиму тарбият мебошад ва ба ин масъала нигоҳҳои мухталиф бо мабонии мутафовит маътуф шудааст. Аз тарафи дигар, вуҷуди ҳаргуна қолаб дар зеҳн ҳангоми нигоҳ кардан ба масъалае, бардоштро аз он воқеият ҷиҳати муносиб бо он қолаб медиҳад. Масалан нигоҳи бединона ба масъалаи таълиму тарбият, ин ҳавзаро ҳам аз ҳайси шакл ва ҳам аз ҳайси муҳтаво дорои вижагиҳое месозад, ки бо дигар нигоҳҳо мутафовит мебошад.
Дар ин мақола саъй мешавад ба баёни тафовутҳои таълим ва тарбияти динӣ аз ғайри динӣ пардохта шавад ва аз зикри далелҳои гурӯҳӣ ё қазоват дар бораи нигоҳе, ба хотири парҳез аз тулонигӯӣ дурӣ хоҳад шуд.
Қабл аз пардохтан ба асли баҳс яъне баёни фарқҳо дар таълиму тарбияти динӣ ва ғайри динӣ, бояд таърифе аз дин ва таълиму тарбият ироа намуд.
Таърифи дин: Дин дар луғат итоат ва ҷазост1 ва дар истилоҳ иборат аст аз маҷмӯаи ақоид, ахлоқ, қавонин ва муқаррароте, ки барои идораи умури ҷомеаи инсонӣ ва парвариши инсонҳо мебошад. Гоҳе ҳамаи ин маҷмӯа ҳақ, гоҳе ботил ва замоне махлут аз ҳаққу ботил аст.  Агар маҷмӯа ҳақ бошад, дин ҳақ аст ва илло дини ботил ва омехтагии ҳақ ва ботил хоҳад буд2.
Таърифи таълиму тарбият: Таълиму тарбият маҷмӯаи фаолиятҳои ҳадафманд, фаннӣ ва ҳирфаист, ки бар пояи барномарезии дақиқ  ва пайвастаи мубтанӣ бар донишандӯзиҳо, корварзиҳо ва таҷрибаҳои майдонӣ ва коромади муаллим ва мураббӣ, ба манзури рушд, таолӣ ва шукӯфоии истеъдодҳо, халлоқиятҳо ва тавонмандиҳои зеҳнӣ (шинохтӣ ва гароишӣ) рафтории фарогирон ва мураббиён сурат мегирад 3.
Қабл аз пардохтан ба асли баҳс, зикри нукоти зайл дорои аҳаммияти фаровонаст.
    Ба хотири парҳез аз тӯлонӣ шудан ва нигоҳи куллӣ ба мавзӯъ, дини ҳақ, меҳвари баёни фарқҳои таълиму тарбияти динӣ ва ғайри динӣ қарор гирифтааст.
    Саҳеҳ ва ғайри саҳеҳ будани таълиму тарбияти динӣ,  аз ҷиҳате машрут ба саҳеҳ ва ғайри саҳеҳ будани дин аст. Масалан дар дини ботил, таълиму тарбият низ ботил ба бор хоҳад омад.
    Ғайри дин онаст, ки ақида (дар диёнат ба чизе итлоқ мешавад, ки инсон ба он имон ва эътиқод дорад, мисли вуҷуди Худо, беъсати анбиё ва савобу иқоб 4 ва бар меҳвари он, ахлоқ ва қавонин дар ҳавзаи дин давр мезанад ва метавон гуфт; муҳимтарин ва аслитарин ҳастаи дин аст), дар он вуҷуд дорад.
    Бо иноят ба ду таърифи мазкур аз дин ва таълиму тарбият, метавонад таълиму тарбияти динӣ муҳимтарин аносиреро дошта бошад, ки баёни ин аносир, вуҷуҳи ифтироқи таълиму тарбияти диниро аз ғайри он, дар ҳадди куллӣ мушаххас месозад, ки басти нисбии ин куллиёт ҳадафи  аслии ин мақола аст ва ин аносир иборатанд аз:
А. Таълиму тарбияти  динӣ, маҷмӯаи фаолиятҳои фаннӣ ва ҳирфаист, ки дар доираи баровардани хостаҳои дин таъриф мешаванд, агарчӣ дин аҳдофи ғаӣри табииро дунбол менамояд, вале танзими ҳаёти матлуб дар дунё ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи муқаддас аз муҳимтарин аҳдофи муқадаммоти дин маҳсуб мешавад (чунон чи аз қайди “ шукуфои истеъдодҳо, халоқиятҳо”, ки ингуна маворид дар шинохтҳои ғаӣри табии мунҳасир намешавад, метавон чунин натиҷа гирифт), масалан ростгӯӣ аз ин ҷиҳате хубаст ва дар ҳавзаи ахлоқи динӣ мавриди амал воқеъ мешавад, бинобар ин, гоҳе мавзӯъи таълиму тарбияти динӣ қарор мегирад, ки эътиқод амал ба онро аз муътақидони худ талаб мекунад, то бо ҳаёти хуб ба зиндагии саодатмандона ва ҷовид даст ёбанд, вале дар таълиму тарбияти ғайри динӣ аҳдофи дигари ғайри эътиқодӣ мадди назар қарор дода мешавад, монанди лаззат, ки короӣ чунин таълиму тарбият маҳалли тааммуласт.
Б. Барномарез дар таълиму тарбияти динӣ, ҳамвора мубтанӣ бар донишандузиҳо, корварзиҳо, таҷрибаҳои майдонӣ ва коромади муаллим ва мурабист, ки хутути аслии он, ба наҳве дар дин, ба иборати дигар, дар ҳавзаҳои зикршудаи; дин яъне ақоид, ахлоқ ва қавонин вуҷуд дошта бошад, агар ҳам вуҷуд надорад набояд зиддият бо дин  ва арзишҳои он дошта бошад. Ба унвони намуна таълиму тарбияти динӣ бо мавзӯи иҷрои қавонини иҷтимоӣ дар ҷомеаи динӣ наметавонад равишеро барои худ интихоб кунад, ки бо ақоиди динӣ дар зиддият бошад ё бо арзишҳои динӣ мунофот дошта бошад.
Акнун то ҳудуде барои хонанда равшан шудааст, ки муҳимтарин ваҷҳ фарқи тарбияти динӣ аз ғайри он, дар ҳавзаи аҳдоф ва васоил аст ва тамоми фарқҳои дигар, монанди фарқ бо усул ва ғаӣра, ба ин ду асл бар мегардад;  масалан касе, ки эътиқод ба Худо дошта бошад ҳамвора манбаи таълими худ он чиро қарор медиҳад, ки ба Худо иртибот дорад, агар чӣ тафовути ҷаҳоншиносӣ ва маърифатшиносӣ ва инсоншиносӣ,  муқаддам бар ин тафовутҳост, ки пардохтан ба тамоми ин мавзӯъ маҷоли густардаеро металабад. Ҳамчунин баргашти васоил низ ба наҳве ба аҳдоф мебошад, вале тақсими баҳс дар ин ду қисм, дорои аҳаммияти бештараст монанди суҳулат дар сайри иртиботи матолиб бо мақсами хос. Ва ин ду қисм аз тафовут ва мавориди он иборатанд аз:
1-    Тафовут дар аҳдоф.
Руйкарди таълиму тарбяти динӣ, дорои аҳдофе мебошад, ки дар тарбияти ғайри динӣ, ин аҳдоф ба шакле, ки матраҳ хоҳанд шуд, дида намешавад.  Ин аҳдоф дар се бахш, ки иборатанд аз:
1.    Ҳадафҳои шинохти муртабит бо фароянди ҳушӣ.
2.    Ҳадафҳои отифӣ муртабит бо эҳсосот ва ҳаяҷон.
3.    Ҳадафҳои ҳиссӣ ва ҳаракати муртабит ба рафтор5.
Ва дар зейл ба баёни онҳо пардохта хоҳад шуд.
А. Ҳадафҳои шинохтӣ муртабит бо фароянди ҳушӣ.
Вожаи “шинохтӣ”; дар ин ҷо ба дарки зеҳнӣ, яъне бахшҳое аз таълиму тарбияти динӣ ишора дорад, ки метавон дар қолаби калом ба дигар мунтақил кард, барои ёдоварӣ ба ҳофиза супурд, таҳлил кард ва ба манзури роҳнамоӣ дар фароянди тасмимгирӣ дар зиндагӣ ба кор бурд. Борҳо аз донишомӯзон хоста мешавад бо ҳифз кардани мутуни муқаддас ва посух додан ба суолоти ақидати умумӣ (усули дин) ва бо таваҷҷуҳ ба корбурди коршиносонаи ақоиди дини дар мавқеиятҳои зиндагӣ ба аҳдофи шинохтӣ ноил шаванд. Баъзе аз барномаҳо ба вижа дар сатҳи пешрафтатар дар ёдгирии шинохтӣ фаротар аз равиши дарки инфиоли амал мекунанд; яъне ба фаолиятҳои зеҳнии хоссе, мисли мубоҳиса ва таҳлил ва талфиқи мабоҳиси динӣ мерасад, ки фаолонатар ва пурбортараст6.
Лозим ба ёдоварист, ки шинохт дар таълиму тарбияти динӣ аз роҳҳои мухталиф ҳосил мешавад, ки мутарабӣ бо тайи ин мароҳил касби маърифат менамояд ва шинохти омӯзаҳои китобҳои муқаддас, яке аз онҳост; масалан шинохтҳои ақлонӣ, таҷрибӣ ва ғаӣра, аз муҳимтарин роҳҳои касби маърифат дар таълиму тарбияти динӣ ба вижа дини Ислом аст, ки чи басо дар шинохти дин, гузораҳои он, илқои он ба мухотаб ва ғаӣра, аз ин роҳ истифода менамоянд.
Ҳамчунин он чи дар тарбияти динӣ  тавассути манобеи зикр шуда  чун мутуни китобҳои муқаддас, ақл ва ғаӣра, мавриди шинохт вақеъ мешавад, метавонад дар чанд ҳавза тақсим шавад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
1.    Шинохти ҷаҳон.
Шинохти ҷаҳон аз лиҳози мухталиф, монанди маъно, мабдаъ, маод, ҳадаф, иллат ва ғаӣра, аз аҳдофе мебошад, ки маърифат ба онҳо дар тарбияти динӣ мадди назар қарор дода мешавад.
2.    Шинохти инсон.
Шинохтҳое дар робита бо инсон аз қабили ин ки инсон дорои чӣ абъодест? Абъоди вуҷудии инсон, чӣ талаботе дорад? Тавоноиҳои ӯ, иртиботи ӯ бо дигар мавҷудот аз лиҳози мухталиф, сайри ҳаракати ӯ дар олам ва ғаӣра, дар таълиму тарбияти динӣ мавриди ҳадаф қарор мегирад.
Шояд битавон гуфт, бархе аз аҳдофи ду ҳавзаи зикршуда дар таълиму тарбияти ғайри динӣ низ ҳадаф воқеъ мешавад, вале роҳи шинохти онҳо дар мавориди каме чун таҷрибаи озмоишгоҳӣ ва он чи шинохта мешавад, дар мавориди хос, чун шинохти яке аз абъоди вуҷудии инсон маҳсуб мешавад, мунҳасир мегардад.
Б. Ҳадафҳои отифӣ муртабит бо эҳсос ва ҳаяҷон.
Дар муқобили ҷанбаи шинохтӣ, буъди отифӣ қарор дорад, ки иборатаст аз унсури ҳаяҷони тарбияти динӣ; яъне он даста аз эҳсосоте, ки дар қолаби калимот наметавон баён кард. Аз ҷумлаи ин авотиф ирфон аст, яъне иртиботҳое, ки дар варои идроки ҳиссӣ ва идроки зеҳнӣ қарор дорад ва аз тариқи шуҳуд, илҳом ё мукошифа қобили фаҳм аст.
Ҳарчанд аҳдофи шинохтӣ ва отифӣ дар таҳлил бо ҳам мутафовит аст вале барномаҳои тарбияти динӣ умуман саъй дар ба даст овардани ҳар ду навъ дорад, ҳамон гуна ки “Бринк” гуфтааст: “Ҳадафи дин имон овардани зеҳнӣ нест ва набояд ҳам, чунин бошад. Дин бояд барои имони комил ба шиддат талош кунад; яъне имоне, ки шомили эҳсосот, алоиқ, фаолият ва ҳамчунин афкор шавад.” Барномаҳои мухталифи тарбияти динӣ ба нисбатҳои гуногуне аз аҳдофи шинохтӣ ва отифӣ бархурдораст7.
Албатта лозим ба зикр аст, ки аҳдофи ҳаяҷонӣ ва отифӣ дар тарбияти динӣ, чӣ басо баъд аз аҳдофи шинохтӣ дунбол мешавад; яъне дар натиҷаи шинохт аст, ки инсон мехоҳад ба сӯи он чи шинохтааст дар ҳаракат бошад ва бе шинохти ин амр имкон надорад.
Г. Ҳадафҳои ҳиссӣ ва ҳаракатӣ муртабит ба рафтор:
Ҳадафҳои ҳиссӣ ва ҳаракатии муртабит ба рафтор ба ин маъност, ки дар таълиму тарбияти динӣ сирфан шинохт кофӣ нест, бояд инсон он чи ба воситаи манобеи маърифат дар ҳавзаҳои зикршуда дар дин шинохтааст, бояд дар рафтори ӯ таъсир гузорад ва ин таъсири шинохт дар ҳаракат ҳадафи таълиму тарбият қарор мегирад. Ба иборати дигар таълиму тарбияти динӣ фақат дар пайи таҳаққуқ шинохтҳо нест, балки  амал ба лавозими шинохт дар рафтор низ мавриди ҳадаф воқеъ мешавад; яъне бо ҳадафи мавриди амал воқеъ шудани як рафтори таълиму тарбият сурат мегирад ба унвони намуна, омӯзиш ва таълим барои шинохти дурӯғ дар ҷиҳати тарки он ва тарбият барои омодасози руҳи  ба хотири касби малакаи ин тарк муҳимтарин ҳадафи тарбияти динист.
Нуктаи тамоюзи руйкарди динӣ таълиму тарбият аз ғайри он, дар нафси ҳадаф будани амал ба шинохта шудаҳо нест, балки дар худи шинохта шудаҳост. Яъне он чи амал ба он дар таълиму тарбияти динӣ ҳадаф аст чи басо дар таълиму тарбияти ғайри динӣ ҳадаф набошад, ба унвони мисол, анҷоми аъмоли ибодӣ яке аз аҳдофи таълиму тарбияти динист, ки мубтанӣ бар шинохт аз дин мебошад, вале амал ба чунин чизе дар руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият ҳадаф нест.
2-    Тафовут дар васоил
Таълиму тарбият дар нигоҳи динӣ ва ғайри динӣ, илова ба тафовут дар ҳадаф, дар васила низ бо ҳам мутафовит мебошанд, ки ба баёни ин тафовутҳо пардохта мешавад.
Тафовутҳои вижагиҳои таълиму тарбияти динӣ бо ғайри динӣ.
Қабл аз баёни тафовутҳои таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ, дар васои лозим ба ёдоварист, ки васоили таълиму тарбияти динӣ дорои ду вижагӣ мебошанд, ки ин ду вижагӣ дар таълиму тарбияти ғайри динӣ дида намешавад ва шинохти онҳо дар шинохти таълиму танбияти динӣ нақши муҳиммеро дорад, ки онҳо иборатанд аз:
1.    Собит будани усули куллии равишҳои таълиму тарбияти динӣ.
Дар таълиму тарбияти динӣ усули куллӣ дорои субот аст бар хилофи руйкарди ғайри динӣ, ки ин усул дар маърази тағйир ва гуногунӣ мебошад. Ба унвони намуна, муаллим ва мурабӣ дар таълиму тарбияти динӣ наметавонад дурӯғгӯиро ҷавоз донанд ва ин асл дар тамоми асрҳо ва замонаҳо собит аст, ки мубтанӣ бар маърифат аз дин ва арзишҳост. Руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият, ки як асли куллӣ монанди “лазат” ҳадаф қарор дода мешавад, сипас ҳар он чи таъминкунандаи ин ҳадаф аст метавонад василаи расидан ба он ҳадаф қарор гирад ва ин васила метавонад дар замоне мавриди амал воқеъ шавад, вале дар замоне на.
2.    Адами тавҷеҳи васила тавассути ҳадаф, дар таълиму тарбияти динӣ.
Дар таълиму тарбияти динӣ нафси васила дар паи таҳаққуқи аҳдоф дорои арзиш аст, агар чӣ ҳадаф низ ин арзишро таъкид карда бошад. Бар хилофи таълиму тарбияти ғайри динӣ, ки он чи муҳим ва дорои арзиш аст худи ҳадаф аст ва ҳар он чи ба зоҳири амр номатлуб бошад, вале ба гунае бошад, ки ҳаракат ба ҳадафро мадди назар қарор дода бошад  матлуб аст. Ба унвони намуна дар таълиму тарбияти динӣ, агар аз масхара кардани мутараббӣ парҳез мешавад ба хотири он аст, ки нафси ин амал номатлуб аст агар чӣ ба хотири садама задан дар ҳадаф низ аз он руӣгардон мешавад, вале дар таълиму тарбияти ғайри дини аз ин амал ба хотири он дури мешавад, ки расидан ба ҳадафи таълиму тарбиятро душвор месозад, лизо аз он ба хотири нафсаш парҳез намешавад, балки ба хотири авоқибаш парҳез мешавад. Бинобар ин, чӣ басо ҳамин амр дар ҷои дигар амри матлубе талақӣ шавад.
Тамоюзи таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ дар васоил дар чанд ҳавза қобили тарҳ мебошад, ки онҳо иборатанд аз:
1.    Маконҳо.
Агар чӣ руйкарди динӣ ва ғайри динӣ таълиму тарбият дар ҷаҳл найл ба аҳдофи хеш дар истифода аз амокине бо ҳамдигар муштараканд монанди донишгоҳҳо ва мадориси давлатӣ, вале дар амокини дигар, бо ҳамдигар дар тамоюз мебошанд,  ки онҳо иборатанд аз:
А. Ибодатгоҳҳо.
Дар таълиму тарбияти динӣ ибодатгоҳҳо ба унвони васила нақши муҳиммеро ифо мекунанд. Мавъизаҳои омӯзишӣ барои умумӣ марудм ва розу ниёз ба маншаи боварҳои динӣ дар ин макон сурат мегирад. Чун руйкарди ғайри динии таълиму тарбият, аҳдофи дигари ғайри эътиқодиро, ки сабаби истифода аз чунин амокинаст надорад, лизо дар он хабаре аз истифода аз ин гуна маконҳо нест.
Б. Мадрасаҳои динӣ.
Маҳалли дигари таълиму тарбияти динӣ, мадориси динӣ мебошад, ки қайди динӣ дар изофа бо ин макон баёнгари он аст, ки руйкарди ғайри динии таълиму тарбият, чунин чизеро надорад.
Албатта лозим ба ёдоварист, ки ин ду макон дар масъалаи таълиму тарбият дорои мазиятҳое мебошад, ки баёни онҳо муносиби ин ҷамол нест.
2.    Шахсҳо.
Аз дигар васоили таҳаққуқи таълиму тарбият чи динӣ ва чи ғайри динӣ истифода аз ашхос ва мурабӣ мебошад, ки чунон чи баён хоҳад шуд, фарқҳои таълиму тарбияти динӣ аз ғайри он,  дар нафси истифода аз ин васила нест, балки дар шахсияти ин василааст ва метавон гуфт, се гурӯҳ аз ашхос, таълиму тарбиятро дар ин ду руйкард ба уҳда доранд ва он се гуруҳ иборатанд аз:
А. Муаллим ва мураббӣ.
Муаллим ва мураббӣ метавонад шомили падар ва модар ва онҳо, ки дар марокизи омӯзиши ва ғайра машғул ба таълиму тарбият ҳастанд мешавад, вале дар ин ҷо манзур ғайр аз падару модараст чунон чи маъмулан ҳамин маъно лиҳоз мегардад.
Дар таълиму тарбияти динӣ бояд муаллим ва мураббӣ диндор бошад. Бар ҳамин асос аст, ки дар адёни мухталиф, ба вижа Ислом руи  шахсияти муаллим ва мураббӣ хеле таъкид шудааст, аммо дар руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият, агар чӣ огоҳии муаллим ва мураббӣ зарурист, вале тақаюди он ба бовари зарурат надорад. Лизо ин нукта тамоюзи таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ мебошад.
Б. Падару модар.
Гурӯҳи дигаре аз инсонҳо, ки таълиму тарбиятро дар ду навъи зикршудаи таълиму тарбият ба ӯҳда доранд падару модар мебошанд ва фарқи ин ду руйкард дар он аст, ки дар таълиму тарбияти динӣ бояд падару модар ба боварҳои динӣ муқайяд бошанд, чун дар таълиму тарбияти динӣ наметавонад касе ба иқомаи ин амри муҳим бипардозад, ки ба он дин имон надошта бошад, вале дар руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият ҳадафи таълиму тарбият муҳим аст, ҳол агар он тавассути падару модари мутадайин низ таҳаққуқ пайдо кунад низ ишколе надорад.
Ҷ. Ҳамнишинон.
Нақши ҳамнишин дар таълиму тарбият назди ҳарду руйкард дорои аҳаммияти фаровон аст, вале он чи нуктаи фарқи ин ду нигоҳ ба масъалаи таълиму тарбият мебошад он аст, ки монанди ду мавриди гузашта тақаюди ҳамнишин низ ба дин дар таълиму тарбияти динӣ зарурист шояд чунин амре дар руйкарди ғайри динӣ дорои зарурат набошад бар ҳамин асос аст, ки Мавлави аз нигоҳи Ислом ба ин зарурат ишора карда мефармояд:
Ҳар киро хоҳӣ шиносӣ ҳамнишинашро нигар
Зон ки муқбил дар ду олам ҳамнишини муқбиласт(8).
3-    Манобеъ.
Муҳтавои он чи тавассути он таълиму тарбият сурат мегирад (яъне василаи таълиму тарбият воқеъ мешавад) амри зарурӣ ва ҷудонопазир ин ҳавза аст, ки таҳаққуқи таълиму тарбият бидуни он имконпазир нест.
Фарқ миёни таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ дар муҳтаво он ҷост ки руйкарди динӣ ин ҳавза илова бар ёфтаҳои илм дар амри таълиму тарбият аз мутуни динӣ чи аз суханони оварандаи динӣ ва чи он чи он овардааст истифода мекунад, монанди дини Ислом. Агар чӣ бархе аз адён шояд фақат истифода аз манобеи диниро кофӣ бидонанд, вале дар таълиму тарбияти ғайри динӣ фақат аз ёфтаҳои илм истифода мешавад, ки баёни истифода аз ҳарду навъ манобеъ маҷоли густардаеро металабад.
Натиҷа:
Бар асоси он чи зикр шуд, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ду руйкарди таълиму тарбияти динӣ ва ғайри динӣ, ҳам  дар ҳадаф ва ҳам дар васила дар айни вуҷуди муштаракот мавориди имтиёзи зиёде доранд, ки ин тафовутҳо бештар рӯи ҷузъиёти як куллӣ, монанди ҳадаф ё васила аст, ки ин тамоюзҳо дар ҷузъиёт ё дар робита бо вуҷуд ё адами вуҷуди як амри ҷузъист монанди ҳадафҳои мовароуттабиӣ дар таълиму тарбияти динӣ ва адами вуҷуди он дар таълиму тарбияти ғайри динӣ, ё дар вижагии ин ҷузъиёт аст монанди зарурати мутадайин будани падару модар дар тарбияти динӣ ва ғайри он дар тарбияти ғайри динӣ.
Манобеъ
1.    Исфаҳонӣ, Роғиб Ҳусайн ибни Муҳаммад, Алмуфрадот фи ғарибил Қуръон, дорулилм дору шомия, Димишқ, соли 1412ҳ.қ. чопи аввал, моддаи дин.
2.    Омулӣ, Абдуллоҳ Ҷаводи, Шариъат дар оинаи маърифат, маркази нашри Исроъ, чопи дуюм, соли 1378ҳ.ш, с.111.
3.    Роҳнамоӣ, Саидаҳмад, Даромаде бар фалсафаи таълиму тарбият, интишороти муассисаи имом Хумайнӣ. 1387 чопи авал, с.38.
4.    Фарҳанги фалсафӣ, ҷ.1, с.475.
5.    Тарбияти динӣ аз нигоҳи имом Алӣ(а), саҳ.24, Маҳди Абутолибӣ, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ имом Хумайнӣ, 1386ҳ.ш, чопи дуюм.
6.    Тумос Иром, Сайдмуҳамад Содиқ Мусави, мақолаи тарбияти динӣ, маҷалаи Маърифат, шумораи 33, с. 23.
7.    Ҳамон.
8.    Мавлавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Девони Шамс, ғазали шумораи 402.

                                                                                                                                                                                 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.