Туҳфа барои наварусон

168

Бале Худованд неъматҳои бо арзиши худро барои бандагонаш арзонӣ дода аст, на вобаста бар онки онон шукургузор ҳастанд ё не, пурсиши ононро ба рӯзи растохез вогузор намуда аст, инсони ғофил тасаввур мекунад, ки ин неъматҳо барои ӯ аз ҳаво ба даст омадаанд, аз он рӯзе, ки зери пурсиш аз неъматҳо қарор мегирад фаромуш карда аст, ғофилӣ ва саркашии ӯ сабаби зарар ва хусрони ӯ шуда аст.

Худованди бузург мефармояд ҳар оина инсон дар зарару хусрон аст магар касоне, ки шукургузории Худованд ва пайравии Паёмбарашро мекунанд. Аз ҳама неъмати бебаҳои Худованд онаст, ки инсон ба роҳи дуруст издивоҷ кунад ва як хонаводаи исломӣ ва хушбахт барпо кунад, аммо ин хушбахтиро чи гуна бояд дастрас кард?

Аз муҳимтарин авомили таҳқиқи ин хушбахтӣ барои як шахс ва ҷомеа барпой намудани хонавода ба роҳи дуруст ва бар асоси ҳақ мебошад, Зеро Худованди мутаъол бо ҳикмати худ хонаводаро дар ҷойгоҳи арзишманде қарор дода аст, ки дар ихтиёри зан ва мард аст, то дар он ором ва сукунат ёбанд ва ба саъодат бирасанд, Худованд мефармояд:

Ва яке аз нишонаҳои Худо инаст, аз ҷинси худатон ҳамсаронеро барои шумо офарид то дар канори онон оромиш ёбед, ва дар миёни шумо маваддат ва раҳмат қарор дод, дар ин нишонаҳое аст барои гуруҳе, ки меандешанд.

(Сураи Рум, 21)

Бале, ҳамсар барои ором ва сукунат гирифтан офарида шуда аст, ояти Қуръони карим нагуфта «лияскӯна маъаҳо» балки фармуда «лияскӯна илайҳо» то маънои оромиш ва осоишро бештар ва беҳтар дар бар гирад ва роҳатӣ ва оромишро дар болотарин маъно баён карда бошад, бинобар ин ҳар як зану шавҳар ҳангоми дилтангӣ ва тарсу ҳарос аз будани дигараш ором мегирад ва мушкилотро ба осонӣ пушти сар мекунад, ҳангоми сахтӣ якдигаро дастгири мекунанд. Дар он ҳангом ояти Худованд «лияскӯна илайҳо» ба пурагӣ амалӣ мегардад.

Асоси робитаи хонаводагӣ ҳамнишинӣ ва суҳбат кардани зану шавҳар аст, ки бар дустӣ ва улфат устувор мебошад, робитае аст, ки решаҳои тулонӣ ва устувор дорад. Аз ҳама робитаи наздиктарин барои инсон ин робитаи оилавӣ ва хонаводагӣ аст, ҳамон қадар наздик аст, ки Худованд ҳамдигаро либоси ҳамдигар васф карда аст. Худованд ин мафҳумро чунин баён мекунад:

Занон либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо.

(Сураи Бақара, 187)

Илова бар инки хонавода ва робитаи хонаводагӣ заминаи муносибе барои тарбияти фарзандон ва кафили парвариши як сулола аст, сулолае, ки

ҷуз дар сояи модари дилсуз ва падари заҳматкаш маъно пайдо намекунад.

Хонандаи гиромӣ! чандин умур ва масъалоҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки равиши хонавода бар он устувор буда ва робитаи хонаводагӣ аз он неру ва қувват мегирад ва ба василаи он аз боди ҷудоӣ ва туфони вайронкунанда аз ҳам дур шудан ва аз ҳам буридан дар амон мемонад.

1- Имон ба Худо ва парҳезгорӣ:

Авалин ва муҳимтарин пояҳои хонавода, ин чанг задан ба ресмони мустаҳками имон аст. Имон ба Худо ва рӯзи охират ва тарс аз Худованде, ки ба ҳар ончи синаҳо дар дохили худ мепушонанд огоҳ аст, устуворӣ ба парҳезгорӣ ва муҳофизат бар он, дурӣ аз зулм ва устувор дар роҳи талаби ҳақ ва ҳақиқат.Худованди карим чунин мефармояд:

Ҳар киро ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, инчунин панд дода мешавад. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, барои ӯ, барои берун шудан (аз ҳар мушкиле) роҳе қарор хоҳад дод.

Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Худо таваккул кунад, Худо ӯро кофист. Ҳаройна, Худо кори худро ба иҷро мерасонад. Ва ҳар чизро андозае қарор додааст.

( Сураи Талоқ, 2-3)

Кушиш дар итоъати Худо ва ибодати ӯ таъоло ва ҳирс бар он, тарғибу ташвиқи зану шавҳар ҳамдигаро ба корҳои нек ва Худотарсӣ, боиси неруманд шудани эмон мегардад, чунончи Паёмбар (с) мефармояд: «Раҳмати Худо бар бандае бод, ки шабонгоҳ аз хоб бархезаду намоз бихонад ва ҳамсарашро бедор кунад то намоз бихонад, ҳар вақто, ки ӯ сустӣ ва танбалӣ кард ба рӯяш об бипошад, раҳмати Худо бар зане бод, ки шабонгоҳ бархезаду намоз бихонад ва шавҳарашро бедор кунад то намоз бихонад, ҳарвақто, ки ӯ сустӣ ва танбалӣ кард ба рӯяш об бипошад»

Робитаи байни зану шавҳар робитаи дунёи модӣ ва ё ҳайвони шаҳвонӣ ва фонишаванда нест, балки робитаи арзишманд ва дуруст аст, ки баъд аз марг ба он дунё низ бо ҳамдигаранд, Худованд мефармояд:

Бағҳои ҷовидони биҳишт аст, ки ҳам худашон вориди он мешаванд ва ҳам падарон ва ҳамсарон ва фарзандони неки онҳо.

(Сураи Раъд, 23)

2- Муъоширати нек ва писандида:

Ончи боиси ҳифзи ин робита ва муҳофизат аз он мешавад муъоширати писандида мебошад ва ин амр амалӣ намегардад магар инки зану шавҳар ба ҳуқуқ ва вазифаҳои худ ошно бошанд ва бояд нисбати масъулияти худ хунукназарӣ накунанд,чунки ҳамдигарфаҳмӣ дар як хонавода душвор аст. Дар талоши сифатҳои писандида ва дуруст бошанд, муъомилаи дуруст бо дигарон барпой кунанд. Инаст хонаводаи хушбахт, ки орзӯи онро мекунем.

Агар хоҳем, ки хонаводаи хушбахт бунёд кунем бояд пайравии Худо ва Паёмбарашро кунем, он вақт мо комёбу пирӯз мешавем ва як хонаводаи хушбахту саодатманд бунёд мекунем, дар акси ҳол аз ин неъмати бебаҳо маҳрум хоҳем монд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.