Некӣ ва эҳсон ба падару модар

60

Эҳсон ва некӣ ба падару модар

Марде ҳузури ҳазрати Паёмбар (с) расид ва арз кард:

– Ҳеч кори баде нест, ки накарда бошам, оё роҳи тавба ва бозгашт бароям вуҷуд дорад?

Ҳазраташ (с) фармуд:

– Оё аз падару модарат касе зинда ҳастанд?

Гуфт:

– Бале, падарам зинда аст.

Фармуд:

– Бирав ва ба ӯ некӣ кун…

(Мизонул-ҳикма, боби Биррул-волидайн)

* * *

Он чӣ аз ин фармоиши ҳазрати Паёмбар (с) бармеояд ин аст, ки некӣ ба падару модар шӯяндаи тамоми гуноҳон аст. Яъне, агар касе ба волидайни худ некӣ ва аз онҳо хуб муроқибат кунад ва нагузорад дар дами пирӣ озору азият бибинанд, иншоаллоҳ тамоми гуноҳонаш бахшида ва мавриди афви илоҳӣ қарор хоҳад гирифт.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.