Усули тарбияти исломӣ

98

Тарбияти имонӣ
Саломати ақида ва имони инсонҳо рӯҳи рисолати Ислом аст, ки ба василаи коштани ниҳоли аркони имон ба Худованд ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва пайғамбарон ва охират ва қазову қадар дар қалбу рӯҳи онон таҳаққуқ пайдо менамояд.
Муаллим ва мураббӣ пеш аз ҳар чиз, лозим аст бо забони сода ва далоили қобили дарк бар рӯи исботи вуҷуди Худованд ва тавҳиду яктопарастӣ талош кунанд ва саъй намоянд, ки ниҳоли муҳаббати Худованд ва шукри неъматҳо ва бахшишҳои ӯро дар дили кӯдак биншонанд ва ӯро мутаваҷҷеҳи ин ҳақоиқ бинамоянд, ки ҳоким ва фармонравои мутлақ дар дунё бо эҷоди ҷондор ва беҷон ва дар охират бо зинда намудан ва ҳисобу китоб, танҳо аз они Худованд аст.
Пас аз он, муаллим ва мураббӣ, кӯдакро бо манзалат ва азамати Қуръон ошно намоянд ва ба ӯ бигӯянд, ки Қуръон ба хотири он ки каломи Худованд аст, бо дигар китобҳо, ки аз они инсонҳост, бисёр фарқ дорад ва ибтидо руҳонӣ ва сипас равиши ҳифзи бахше ё ҳамаи Қуръонро ба ӯ биёмӯзанд. Хусусан талош кунанд, ки кӯдакон чаҳор ҷузъи охири онро ҳифз кунанд, зеро Худованди Мутаол мефармояд: “Ин Қуръон (мардумро) ба роҳе раҳнамоӣ менамояд, ки мустақимтарин роҳҳо (барои расидан ба саодати дунё ва охират) аст” (сураи Исро, ояти 9) .
Ҳамчунин Расули Худо(с) мефармояд: “Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки Қуръонро биёмӯзанд ва онро ба дигарон омӯзиш бидиҳанд.”
Яке аз равишҳои тарбияти қуръонӣ, эҳтимом ба омӯзиши сураҳои “Нур, Луқмон ва Ҳуҷурот” ба кӯдакон аст.
Пас аз он, мураббӣ барои эҷод ва тақвияти муҳаббати Расули Худо(с) дар дили кӯдак талош намояд ва ба ӯ бифаҳмонад, ки ҳазрати Муҳаммад(с) охирин ва гиромитарин пайғамбарон аст ва пайравӣ аз суннат ва равиши ӯ ва ҳифзи фармудаҳояш, қабл аз ҳама “Арбаини Имом Нававӣ” бисёр зарурӣ аст.
Баъд аз он, ниҳоли муҳаббати некмардон ва пешгомони “имон ва амали солиҳ” ба хусус фазилат ва каромати асҳоби Расули Худо(с)-ро дар дили ӯ биншонанд, зеро онон ба Расули Худо(с) огоҳона имон оварданд ва аз ӯ пуштибонӣ карданд ва аз нуре, ки барои Расули Худо(с) нозил гардида буд, баҳра гирифтанд ва ба ростӣ пирӯз ва саодатманд гардиданд.
Ҳамчунин, бар мураббӣ лозим аст, ки ишқ ба имон ва ҷиҳод дар роҳи Худованд ва рӯёрӯйӣ бо душманони Ислом ва мусулмононро дар дилашон тақвият намояд. Хусусан душманоне, ки кинаи мусалмононро дар дил доранд ва бар муқобили онҳо мубориза мебаранд ва ба сарзамин ва амвол ва обурӯи онон таарруз менамоянд, ва ба онҳо биёмӯзанд, ки мудом барои руё рӯйӣ бо онҳо лозим аст, ки  имконот ва тадорукоти моддӣ ва маънавии заруриро фароҳам кунанд то дар мавқеи муносиб битавонан сарзаминҳои ишғолшудаи мусулмононро озод ва ҳуқуқи аз даст рафтаи онҳоро дубора ба даст биёваранд.
Мумкин аст омӯзиши дурусти ҳадиси зер ва он чи гуфта шуд, ба сурати матлубе самаранок бошад. Тирмизӣ аз Ибни Аббос(рз) ривоят менамояд, ки: “Рӯзе ҳамроҳи Расули Худо(с) будам, ки эшон хитоб ба ман фармуд: “Эй навҷавон! масоилеро ба ту меомӯзам (ба онҳо хуб таваҷҷӯҳ кун) аз ҳидояти Худованд муҳофизат кун то Худованд аз ту муҳофизат намояд. Худовандро ҳозир ва нозир бидон то ӯро пеши рӯи худ бинӣ. Ҳаргоҳ хостае доштӣ, онро танҳо аз Худованд бихоҳ ва ҳаргоҳ ба кӯмаке ниёз пайдо кардӣ, танҳо аз Худованд талаб кун бидон агар ҳамаи мардум бо ҳам ҷамъ шаванд ва бихоҳанд нафъеро ба ту бирасонанд, ҳеҷ нафъеро ба ҷуз ҳамоне, ки Худованд қарор додааст ба ту нахоҳанд расонид. Ва агар ҳама бо ҳам ҷамъ шаванд то зиёнеро мутаваҷҷеҳи ту бинамоянд, ҷуз ҳамон зиёнеро, ки Худованд муқаддар карда ба ту нахоҳанд расонид,   “Қаламҳо аз навиштан боз истода ва саҳифаҳо хушк шудаанд.”
Дар ривоёятҳои дигар – ба ҷуз ривояти Тирмизӣ – дар идомаи он ҳадис омадааст: “… Дар осоиш Худовандро фаромӯш накун, то ӯ ҳам туро дар сахтиҳо фаромӯш нанамояд. Бидон он чи ки бароят пеш наёмада, қарор бар он буда, ки барои ту иттифоқ наафтад, ва он чиро, ки бароят рӯй дода, қарор набуда, ки барои ту пеш наёяд. Бидон, ки пас аз сабр навбати пирӯзист ва пас аз гирифторӣ навбати кӯшоиш ва пас аз ҳар озурдагӣ навбати осудагист.”
Ҳаргоҳ кӯдаке маънои ин ҳадисро ба хубӣ бифаҳмад ва ба он имони устувор пайдо намояд, аз шахсияти қавӣ ва боирода бархӯрдор хоҳад шуд, ки бо ҳама сахтиҳо ва мушкилот мубориза хоҳад намуд.
Тарбияти баданӣ
Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал ба масъулиятҳои зиндагӣ, бархӯрдорӣ аз тавоноии ҷисмӣ мебошад ва заъфу  сӯстии ҷисмӣ монеъ аз қиём ба бисёре аз масъулиятҳо мешавад.
Худованди Мутаол бар бандагони худ ба хотири бархӯрдор намудани онҳо аз беҳтарин хилқат ва офариниш, миннат ниҳода ва фармудааст: “Мо ба рости инсонро (аз назари ҷисму рӯҳ) дар беҳтарин шакл ва зеботарин симо офаридаем.” (Тин, ояти 4)
Пайғамбари Бузургвори Ислом(с) мефармояд: “Мӯъмини қавӣ ва тавоно назди Худованд, бисёр маҳбубтар ва беҳтар аз мӯъмини заиф ва нотавон аст ва дар ҳар як (ба андозаи) хайр ва манфиат вуҷуд дорад.”
Муваффақият дар арсаи тарбияти баданӣ ба тамринҳои варзишӣ, монанди: шино, давидан, асбсаворӣ,  дучархасаворӣ ва … бастагӣ дорад.
Тарбияти бандагӣ
Ибодат дар Ислом, самара ва бозтоби табиии имону ақида ва далели вуҷуд ва дурустии он аст. Кӯдаконро пеш аз булуғи таклифии онон намешавад, зеро Расули Худо(с) фармудааст: “Се нафар дорои масъулият нестанд” девона то замоне ки беҳбуд меёбад, хобида то замоне ки аз хоб бар мехезад ва кӯдак то вақте ки ба синни булуғ мерасад”. Аммо омодасозии кӯдак барои қадам ниҳодан ба марҳалаи булуғ, сипас аз назари динӣ ва шаръӣ ба тарбият ва парвариши ибодатии ӯ ниёзманд аст то ибодат ба унвони бахши ҳаётӣ ва решадор дар зиндагӣ ва рафтори ӯ мубаддал гардад ва ӯро ба зарурати иртибот бо Худованд ва истиқомат дар адои авомир ва иҷтиноб аз навоҳӣ, ба сурати мудовим ёдовар шавад.
Одат  додани кӯдакон ба ибодат, аз синни ҳафтсолагӣ оғоз мешавад ва дар синни даҳ солагӣ  мавриди таъкид қарор мегирад, зеро Расули худо (с) мефармояд: “Фарзандони худро дар ҳафтсолагӣ ба адои намоз фармон бидиҳед ва дар даҳсолагӣ – чунончи онро тарк кунанд ва бо ташвиқ ва тарғиб ҳозир ба хондани он набуданд – ононро танбеҳи баданӣ намоед.”
Умри ҳафтсолагӣ, сароғози таълим ва тамрин ва одат ба ибодат додан аст ва умри даҳсолагӣ, замони устувор нашудани рафтор ва пойбандист, чунончи кӯдакон дар мавриди ибодат сӯсти ва танбалӣ намоянд, бояд танбеҳи муносиб шаванд.
Сарпарастии кӯдакон дар мавриди адои намоз ва дигар масъулиятҳои кӯдак, бояд муроқибат лозимро анҷом диҳанд ва дар мавриди он ба ҳеҷ ваҷҳ кӯтоҳӣ нанамоянд, зеро Худованд мефармояд: “Хонаводаи хешро ба намоз хондан фармон бидеҳ ва худ низ бар иқомаи он собитқадам бош!” (Тоҳо, ояти 132)
Омӯзиши забони арабӣ, забони модарӣ ва улуми муфид:
Забони арабӣ, калиди фаҳми Қуръон ва суннат ва бистари улум ва маорифи мухталифи шариати исломист ва илова бар он, кӯдакон аз омӯзиши саҳеҳи забони арабӣ, бо таваҷҷӯҳ ба зебоиҳои лафзӣ ва маънавии он, лаззат хоҳанд бурд ва забонаш ширинтар ва фасеҳтар хоҳад шуд ва чунончи кӯдак забони арабиро ба хубӣ биёмӯзад дар ҷиҳати фаҳми дини Худованд ва дарки мақосид ва аҳдофи он, тавонотар хоҳад гардид.
Омӯзиши улуми дигар, монанди: забонҳои хориҷӣ, улуми инсонӣ, риёзӣ, таърих, ҷуғрофӣ ва дониши беҳдошт ва муқаддамоти пизишкӣ, муҳандисӣ ва ситорашиносӣ бо таваҷҷӯҳ ба завқ ва алоқаи онҳо муфид ва зарурист. (Омӯзиши забони модарӣ барои ғайри арабҳо як асли асосӣ ва муҳим мебошад, чун ҳар забоне яке аз оёти Худост ва бар мусулмонон воҷиб аст, ки аз фаромӯш шудан ва аз байн рафтанаш пешгирӣ кунад.)
Тарбияти ахлоқӣ
Одоби писандида ва ахлоқи исломӣ дар воқеъ бистар ва арсаи диндорӣ ҳастанд. Дар ривояте омада аст, ки: “Ахлоқ зарфи дин аст”. Ҳамчунин ахлоқи хуб ва саҳеҳ, пояти сириштҳо ва табиатҳо ва ибодат ва заминаи рушду такомули шахсияти инсон ва нишонаи ҳидоят ва парҳезгорӣ ва илтизоми саҳеҳ ба масъулиятҳои шаръӣ баргирифта аз Қуръон аст. Бархе аз боарзиштарин ва муҳимтарин масъулиятҳои ахлоқӣ иборатанд аз: Садоқат ва сароҳат дар гуфтор, амонатдорӣ, оромиш ва бурдборӣ, иффати забон, покии дарун аз иқду  кина ва парҳез аз рафторҳо ва ахлоқи бад. Расули Худо(с) фармудааст: “Ба кӯдакони худ эҳтиром бигзоред ва ба хубӣ онҳоро тарбият кунед.”  Ҳамчунин мефармоянд: “Ҳеҷ ҳадияе аз тарафи волидайн барои кӯдакони худ беҳтар аз тарбияти хуб нест.”
Хайр ва баракати хушахлоқӣ дар таййи зиндагӣ, инсонро танҳо нахоҳад гузошт ва ӯро барои дастёбӣ ба ҳама фазоил тарғиб хоҳад кард ва барои расидан ба қуллаҳои диндорӣ    ёрӣ хоҳад намуд. Дар ривояте, ки ҳар чандсанади он заиф аст, омада: “Хуш ахлоқӣ боиси ба даст овардани хайри дунё ва охират хоҳад шуд.”
Меъёри фарқ миёни ҳусни ахлоқ ва бадии ахлоқ ба равише, ки Расули Худо(с) дар пеш мегирифт, ба кӯдакон омӯзиш дода шавад. Эшон мефармояд: “ Хайр ва некӣ дар ҳусни ахлоқ аст ва гуноҳ он аст, ки дил нописандаш шуморад ва нахоҳад,ки мардум аз он оғоз шаванд”. Хубӣ  ва хайри воқеӣ дар ибодати Худованд ва хидмат ба мардум қарор дорад. Онҳое, ки аҳли ахлоқи писандидаанд, ба ин башорати Расули Худо(с) бояд хушҳол бошанд, ки чунин фармудаанд: “Маҳбубтарини шумо онҳое ҳастанд, ки аз ахлоқи беҳтаре бархӯрдоранд ва сабру тавозӯи бештаре доранд ва бо дигарон улфат варзанд ва дигарон онҳоро низ дӯсташон медоранд ва мабғузтарини шумо назди ман одамҳои суханчинанд, ки миёни дӯстон душманӣ эҷод мекунанд ва  аз пайи айбтарошӣ барои ашхоси бегуноҳанд.”
Ҳамчунин усули ҳусни ахлоқ иборатанд аз: Рафтору гуфтори дуруст бо падару модар, риояти адаб ва эҳтироми хонавода ба бародар он ва дӯстону ҳамсоягон ва бо ҳама мардум дар маҳалли кор ва кӯчау хиёбон ва амокини умумӣ ва ғайрааст.
Тарбияти маънавӣ
Волидайн бояд ба ин бахш аз тарбият эҳтимоми бештаре биварзанд, зеро ин навъ аз тарбият заминасози рушди эҳсосоту авотиф, таҳзибу тазкия ва шаффофияти онҳост ва боиси рушди шахсияти кӯдакон мегардад ва аз тарафи дигар, тарбияти маънавӣ ва рӯҳонӣ боиси бузургии нафс, сафои рӯҳ ва саломати ҷони ӯ аз анвои бемориҳо ва разоили ахлоқӣ мегардад ва оромиш ва осудагиро барои ӯ ба армағон меоварад. Илова  бар ин, чунин тарбияте тарси аз Худованд ва тафаккур дар азамат ва идроки асрори офариниш ва илтизом ба авомири ӯро дар онон тақвият хоҳад намуд. Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд: “Мӯъминони воқеӣ, танҳо касоне ҳастанд, ки ҳар вақт номи Худо бурда шавад дилҳояшон ҳаросон мегардад (ва дар анҷоми некиҳо ва хубиҳо бештар мекӯшанд) ва ҳангоме ки оёти Ӯ барояшон хонда шавад бар имонашон афзуда мешавад ва ба парвардигори худ таваккул менамоянд.” (Анфол,ояти 2)
Тарбияти иҷтимоӣ
Тарбияти иҷтимоӣ ба маънии равобити саҳеҳ ва санҷида бо ҳама синфҳои ҷомеа; аз бузург ва кӯчак ва хешовандону бегонагон ва ҳамсояҳо аст. Кӯдак бояд аз ҷуръати ҳамроҳӣ бо адаб ва эҳтироми лозим барои исботи шахсияти худ бархӯрдор гардад, то дудилӣ ва хиҷолат боиси мунзавӣ гардидани ӯ нашавад. Дар ҷиҳати таҳқиқи ин манзур, лозим аст, ки кӯдакон ҳамроҳ бо падару модар ё мураббӣ дар маҷолис ва маҳофил ҳузур пайдо кунанд. Барои мисол; Замоне ки Ибни Аббос, ки кӯдаке беш набуд, Умар ибни Хаттоб ӯро ба маҷлиси бузургони асҳоб мебурд. Лозим аст корҳоеро, ки дар ҳадди тавони кӯдак аст монанди: амонатдодан, амонат гирифтан ва хариду фурӯши андак, ба онон супурда шавад ва ба онҳо омӯзиш дода шавад, ки оғозгари салом ва аҳволпурсӣ бошанд ва дуруст посухи саломи дигаронро бидиҳанд.
Ҳаргоҳ кӯдаке бемор шуд, падару модар аз ӯ муроқибат кунанд ва хешовандону дӯстон ва ҳамсоягон аз вай аёдат намоянд ва ӯро дар мавриди интихоби дӯсту рафиқ роҳнамоӣ кунанд. Дӯстӣ ва ёрӣ, даст додан ва кӯмак ба онҳоро барои анҷом додани корҳои дарсӣ ва дуруст фаромӯш накунанд. Онҳоро бо бадиҳо ошно намуда ва зиштӣ ва авоқиби зиёноварашонро ба онҳо ёдоварӣ кунанд ва ҳамчунин, ононро бо умури хайр ва некӣ ошно созанд ва фавоид ва дастовардҳояшро ба онҳо биомӯзанд ва аз гуноҳу маъсият онҳоро дур бидоранд. Дар воқеъ ин навъ аз тарбият заминасози муҳаббат, дӯстӣ ва ишқ ба хайру некӣ ва меҳрубонӣ бо мардум ва ҳамкорӣ бо онҳо ва парҳезкорӣ мешавад. Ин ривоят баёнгари намунае аз равиши зебои Расули Худо(с) аст. Анас(рз) ривоят намуда, ки Расули Худо(с) беҳтарини мардум дар ҳусни ахлоқ буд. Ман бородари хурдсоле доштам, ки ба шухӣ ӯро Абуумайр нидо мекардем. Ҳаргоҳ Расули Худо(с) ба манзили мо меомад, хитоб ба он бародар мефармуд: “Абуумайр бо гӯнҷишкаки кӯчакат чӣ кор мекунӣ?”
Омӯзиши фаннӣ ва ҳерфаӣ:
Фаъолияту кор аз фақру нотавонӣ, пешгирӣ менамояд ва омӯзиши касбҳое, монанди: кишоварзӣ, санъат, тиҷорат, дузандагӣ, оҳангарӣ, кафшергари, биноӣ, насоҷию бофандагӣ ва ҳамчунин, ҳирфаҳои ҷадиде монанди: омӯзиши компютер, интернет, электрикӣ, муҳандисӣ, меконикӣ, лулакашӣ ва …. ҳама муфиданд ва аз назари шариати исломӣ воҷиби кифойӣ ба шумор меояд.
Ин  мавзӯъ бо ин ояти Қуръон дар иртибот аст ки: “Ятимонро биёзмоед, то он гоҳ ки ба синни издивоҷ мерасанд, агар аз онон салоҳият ва ҳусни тасарруфро дидед, амволашонро ба эшон супоред” (Нисо, ояти 6).   Уламои ҳамаи мазоҳиб бар ин боваранд, ки омӯзиши фунун ва ҳирфаҳо ба кӯдакони ҳар як бо таваҷҷӯҳ ба алоқа ва истеъдодашон воҷиб аст, аммо муомилаи кӯдаконе, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд бо иҷозаи соҳибони онҳо бошад.
Тарбияти отифӣ ва инсонӣ
Манзур аз тарбияти отифӣ, тақвияти ҷанбаҳои инсонии кӯдакон, монанди: эҳсоси лаззат, эҳсоси дард, шодмонӣ, андӯҳ, исор, ҳубби некӣ ва танаффур аз бадист. Қуръон ба бархе аз ин авотиф ва эҳсосот, монанди: муҳаббати дутарафа миёни Худованд ва бандагонаш ишора намуда ва мефармояд: “Бархе аз мардум ҳастанд, ки ғайр аз Худованд, худогунаҳоеро интихоб мекунанд ва онҳоро ҳамчун Худо дӯст медоранд, аммо касоне, ки имон овардаанд  Худовандро бисёр бештар дӯст медоранд.” (Бақара, ояти 165)
Ҳамчунин мефармояд: “Худованд мардумеро ба ҷои эшон хоҳад овард, ки Худованд дӯсташон медорад ва онон низ Худовандро дӯст медоранд. Онҳо  нисбат ба мӯъминон нарм ва фурутан буда ва дар баробари кофирон қотеъ ва нерӯманд ҳастанд.” (Моида, ояти 54)
Дар  ҷои дигар мефармояд: “Онҳое, ки пеш аз омадани муҳоҷирон,  хона ва кошонаи (ислом)-ро омода кардаанд ва имонро (дар дили худ устувор доштанд), касонеро, ки ба назди онҳо муҳоҷират намуда, дӯст медоранд ва аз дарун ба чизҳое, ки ба муҳоҷирон дода шуда эҳсоси рағбат ва ниёз наменамоянд ва эшонро бар худ муқаддам мекунад  ҳарчанд, ки худ сахт ниёзманд ҳастанд.” (Ҳашр, ояти 9)  Дар  суннати набавӣ омадааст, ки “Имони ҳеҷ як аз шумо комил нест, магар он ки маро аз падару модар ва ҳама мардум бештар дӯст бидорад”. “Ҳеҷ як аз шумо имонаш комил нест магар он ки ҳар чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародари мусалмонаш низ дӯст бидорад”. Манзур аз муҳаббати Расули Худо(с), муҳаббат ва ишқ ба рисолат ва аҳкоми шариати Ӯст.
Рафтори муҳаббатомези меҳрубонона, бозию шӯхӣ, бӯсидану, навозиш, ҳадя додану  хушрӯйӣ ба ҳангоми омаду рафт, аҳаммият додану пурсуҷӯ дар мавриди кӯдакон фарқ намекунад байни ятим ва ғайриятим, духтар бошад ё писар, сабаби рушди отифӣ ва эҳсоси онҳо мешавад. Ҳамчунин баробарӣ миёни онҳо дар муҳаббат, ҳадя додан, миёнаравӣ дар муҳаббату хушунат барои пешгирӣ аз эҷоди ақида дар кӯдакон зарурист ва ба шиддат бо падидаи духтарситезӣ, ки ҷузъи фарҳанг ва одати аъроби асри ҷоҳилият буда, лозим аст мубориза шавад. Қуръон дар ин бора мефармояд: “Ҳангоме ки ба яке аз онҳо муждаи таваллуди духтар дода мешуд (аз шиддати нороҳатӣ чеҳрааш тағйир мекард) ва сураташ сиёҳ мегардид ва аз хашму андуҳ пур мешуд ва ба хотири ин муждаи баде, ки ба ӯ дода шудабуд аз қавм ва қибилааш худро пинҳон мекард (ва саргаштаву ҳайрон ба худ мегӯфт:) Оё ин нангро бар худ бипазирад, (духтарро нигоҳ дорад ва ё ӯро зинда ба гӯр созад,) ба ростӣ, бисёр бад қазоват мекарданд ва тасмим мегирифтанд.” (Наҳл, ояти 58-59)
Ҳамчунин, Худованд хонаводаро аз бадрафторӣ бо кӯдакони ятим ва сӯӣ истифода аз амвол ва зерипо ниҳодани ҳуқуқашон  бар ҳазар медорад ва мефармояд: “Ба амволи ятимон наздик нашавед, магар он кӣ ба беҳтарин ваҷҳ ва (ба нафъи онҳо бошад) то замоне ки ба ҳадди булуғ ва пухтагӣ мерасанд.” (Исро, ояти 34)
Ҳамчунин мефармояд: “Бегумон касоне, ки амволи ятимонро ба нораво ва ситамгарона мехӯранд, мисли ин ки оташро дар шикамҳояшон мерезанд, ва дар рӯзи қиёмат ба оташи сузоне хоҳанд сӯхт.” (Нисо, ояти 10)
Хулосаи сухан ин аст, ки тарбияти отифӣ ва рӯҳӣ ба василаи эҳтиром гузоштан ба кӯдакон ва муҳаббат кардан ва эҳтимом варзидан ба онҳо таҳаққуқ меёбад ва шахсияти онҳо барои зиндагии солим тақвият мешавад.
Тарбияти фикрӣ
Ҳамгом бо рушди ҷисмӣ ва тарбияти баданӣ, таваҷҷӯҳ ба рушди фикрӣ ва тақвияти ақлии кӯдакон зарурист ва ҳатто дар ҷои аввал қарор дорад; зеро нуқтаи тафовути асосии инсон бо ҳайвон, бархӯрдории инсон аз нерӯи тааққул ва андешидан аст. Аз тарафи дигар, ақл абзори дониш ва маърифат ва лозимаи мукаллаф будан мебошад ва инсонро ба сӯи ҳидояту саодат ва парҳез аз шарру шақоват иршод менамояд.  Тафаккур ва андешидан дар бораи Ислом воҷиб ва фаризааст ва ҳадаф аз тарбияти фикрӣ расидан ба истиқлоли фикрӣ ва ақлӣ дар ҳудуди завобит ва чорчубаҳои динӣ ва қуръонист, ки инсонро ба тааммул ва тааққул дар офариниши осмонҳо ва мавҷудоти замин фаро мехонад, то аз ин тариқ ба ҳаққонияти вуҷудӣ, тавҳид ва яктопарастӣ пай бибаранд, ва аз тақлид ва пайравии кӯр кӯрона аз  фарҳангу  одоби нодурусти гузаштагон парҳез намоянд ва таҳти таъсири шароити номатлуби иҷтимоӣ қарор нагиранд. Ҳамаи он чӣ баён гардид, баргирифта аз даҳҳо ояти Қуръон аст, ки инсонҳоро ба тааққул ва андешидан дар мавриди падидаҳо ва умури мухталиф ва имон ба адолат ва ҳаққонияти қавонини шариати Худованд фаро хондааст. Барои мисол; дар поёни бисёре аз оёти Қуръон ин ҷумалоти зебо ва пурмуҳтаво омадааст, ки: “Дар ин маврид бораи онҳое ки андеша мекунанд, нишонаҳое дар барои вуҷуди ваҳдонияти Худованд вуҷуд дорад.” (Рум, ояти 24)  “Мусалламан дар офариниши осмонҳо ва замин, омаду рафти шабу  рӯз нишонаҳо ва далоиле барои хирадмандон аст.”
Тарбияти беҳдоштӣ
Яке аз хусусиятҳои хонаводаи мусулмон, бархӯрдории афроди он аз саломати ҷисмӣ ва рӯҳист, зеро риояти беҳдошт ва назофат яке аз шиорҳои Ислом аст ва ҳама мусулмононро ба риоят покӣ дар ҷисм, либос, маскан, маҳалли кор ва гузаргоҳои умӯмӣ ва ғ. фаро мехонад ва ононро ба риояти муқаррароти хосси инсонӣ, монанди: гирифтани нохун, кандани мӯӣ бағал, тарошидани мӯӣ шармгоҳ, шустани дастҳо қабл ва баъд аз хурдани таом, мисвок задан, гардондани об дар даҳону бинӣ ташвиқ намудааст. Ҳамчунин,  дар муносибатҳои мухталифе монанди: Ислом мардумро дар  рӯзҳои ҳаҷ, рӯзҳои ид ва иштирок дар иҷтимоот ва ба ҳангоми маносики ҳаҷ, ки ҳадди ақал як бор дар ҳафта бояд оббозӣ намуд, ба ғусл ва назофат даъват намудааст.
Ҳамчунин, фаолиятҳои варзишӣ ва парҳез аз пурхӯрӣ ва гуфтани: “بسم الله الرحمان الرحیم” дар оғоз ва “الحمدالله” баъд аз сарфи ғизо, муроҷиа ба пизишку мутахассис ва парҳез аз бемориҳои гузаранда, монанди ҷуззом, сил ва тоун барои саломатӣ ва тандурустии ҷисмӣ, бисёр муфид хоҳад буд, зеро Расули Худо(с) мефармояд: “Ҳар дардеро дармонест. Ҳар  гоҳ доруе барои дарде дуруст ташхис дода шавад, бар асоси суннат ва ризояти Худованд онро беҳбудӣ хоҳад бахшид.”
Ҳамчунин, Расули Худо(с) фармудааст: “Ҳайвоноти бемор ва ҳайвоноти солимро бар сари як обишхӯр ҷамъ накунед.”
Бархе аз дастуроти беҳдоштӣ ва пешгирона дар Ислом иборатанд аз: хобидан бар тарафи рост, хобидан пас аз намози хуфтан, саҳархезӣ барои намози субҳ ва омода шудан барои рафтан ба сари кор. Дар  ин замина барои огоҳӣ аз одоби тиббӣ ва беҳдоштӣ дар суннати Расули Худо(с) лозим аст ба тибби набавӣ, ки беҳтарин марҷаи он китоби “Зодул маод” Ибни Қайими Ҷузия аст, муроҷиа шавад.
Тарбияти зебоӣ ва оростагӣ
Худованд инсон ва низоми ҳастиро ба беҳтарин ва зеботарин сурат офарида ва мефармояд: “Касе, ки ҳар чиро офарида, ба беҳтарин ва зеботарин шева офаридааст.” (Саҷда, ояти 7)  Ва низ мефармояд: “Ба ростӣ мо инсонҳоро ба беҳтарин ва зеботарин таркиб офаридаем.” (Тин, ояти 4)
Муҳофизат аз зебоиҳои мавҷуд дар муҳити зиндагӣ муқтазои он аст, ки инсон ба зебоӣ ва оростагӣ дуруст эҳтимоми лозимро бидиҳад, зеро Худованди Мутаол мефармояд: “Эй фарзандони одам! Дар ҳар масҷид ва ибодатгоҳе худро (бо либоси оддӣ, ки аврати шуморо мепӯшонад ва бо либоси маънавии тақво) биёроед ва бихӯред ва биёшомед, вале исроф ва зиёдаравӣ накунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад, (Эй Паёмбар! ба онон) бигӯ: Чӣ касе зебоиҳо ва мавоҳиб ва неъматҳои ҳалолеро, ки Худованд барои бандагонаш офарида, ҳаром намуда?! Бигӯ: (ин неъматҳо ва зебоиҳои ҳалол) дар ин ҷаҳон барои афроди бо имон аст (ва дигарон низ аз он баҳраманд мешаванд, аммо) дар ҷаҳони охират ин ҳо ҳама дар ихтиёри мӯъминон қарор мегирад. Ин гуна оёти (худро) барои касоне тавзеҳ медиҳем, ки огоҳанд ва мефаҳманд.” (Аъроф, ояти 31-32)
Манзур аз тарбияти зебоӣ ва оростагӣ ин аст, ки кӯдакон аз ҷанбаҳои зебоӣ ва оростагии ҷисм ва либоси худ муҳофизат намоянд ва аз ҳама мазоҳири зишт ва нопокӣ ва ғайрибеҳдоштӣ дар бадан, либос ва маҳалли дарс, сукунат, кӯча, хиёбон, парк ва марокизи истироҳатӣ ва умумӣ дури кунанд ва ба хотири пешгирӣ аз зарару зиён ба муҳити зист ва инсон ва ҳайвон аз рехтани зубола ва ашёи изофӣ дар он маҳалҳо худдорӣ намоянд ва онро ба равиши матлуб нобуд кунанд.
Тарбияти ҷинсӣ
Падару модар ба сурати тадриҷӣ ва ҳакимона ва бо таваҷҷӯҳ ба мароҳили умри навҷавонон то расидан ба марҳалаи издивоҷ ба сурати киноя ва ишора ва пас аз булуғ ба таври ошкор бархе аз масоилро барояшон баён кунанд ва аз тарафи дигар фарзанди худро ба одоби иҷоза хостан дар манзил ва ҷоҳои дигар ва чашм фурӯ бастан аз нигоҳ ба номаҳрам ва парҳез аз дидани филмҳо ва аксҳое, ки сабаби таҳрики нобаҳангоми ғаризаи ҷинсии ӯ бишавад, одат диҳанд ва умр истеъдод ва зеҳни ӯро ба дарс, мутолиа, варзиш ва ҳунарҳои исломӣ ва филмҳои муфид ва ҳадафдор машғул кунанд.
Чунон чи тавоноии молӣ ва шароити кор ва таҳсил иҷоза бидиҳад, издивоҷи  ба мавқеъ бисёр мутаносиб аст ва ҳатто метавон миёни духтарон, писарони муҳассил ва донишҷуеро…, ки шароити дарсӣ ва молӣ иҷозаи издивоҷро намедиҳад, пас аз тавофуқ ва салоҳдиди наздикон ва хонаводаҳои тарафайн ва алоқа ва ризояти худи онҳо ақди никоҳ ҷорӣ бишавад ва барои ҳифзи иффат ва ҳайсияту шарофати худ ва хонаводаҳояшон, танҳо муошират ва рафту омади оддӣ бо якдигар дошта бошанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.